https://sputnik.tj/20250225/ukraina-kursk-nizomi-talaf-dod-1066360117.html
Украина дар Курск беш аз 60 ҳазор низомияшро талаф дод
Украина дар Курск беш аз 60 ҳазор низомияшро талаф дод
Sputnik Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Танҳо рӯзи сешанбеи 25 феврал артиши Русия дар самти Курск беш аз 220 низомии украиниро маҳв кард. 25.02.2025, Sputnik Тоҷикистон
2025-02-25T18:50+0500
2025-02-25T18:50+0500
2025-02-25T18:50+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
украина
русия
амният ва мудофиа
амалиёти вижа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/02/03/1066091048_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_41b4908c1e3ad4885d2d6a5b1e25ef6e.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Танҳо рӯзи сешанбеи 25 феврал артиши Русия дар самти Курск беш аз 220 низомии украиниро маҳв кард.Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати мудофиаи Русия хабар дод.Манбаъ афзуд, дар як шабонарӯз қувваҳои мусаллаҳи Украина ҳамчуни 2 танк, 25 мошини зиреҳпӯш, 8 тӯпхона, як миномёт, инчунин панҷ нуқтаи назоратии ҳавопаймоҳои бесарнишин ва се анбори муҳимоти ҷангиро талаф дод.Дар маҷмӯъ, Украина дар самти Курск зиёда аз 63 325 низомиро аз даст дод.Ёдовар мешавем, ки иғвои мусаллаҳонаи Киев ва ҳамлаи нерӯҳои мусаллаҳи Украина ба вилояти Курск рӯзи 6 август оғоз шуд. Дар ин минтақа режими фавқулоддаи федералӣ амал мекунад ва борҳо таҳдиди мушакӣ эълом шудааст. Зиёда аз сад ҳазор сокинон ба ҷои амн тахлия шуда, барои онҳо дар дигар минтақаҳо марказҳои ҷойи иқомати муваққатӣ боз шудааст.Чанде пеш Владимир Путин таъкид кард ки Киев бо ҳамла ба вилояти Курск мехост, ҳамлаи Русия дар Донбассро рафъ кунад, аммо ҳеҷ коре аз дасташ наомад, гуфт президенти Русия Владимир Путин."Ҳадафи душман ин буд, ки моро асабонӣ, ба шӯр андозад ва нерӯҳоямонро аз як минтақа ба минтақаи дигар интиқол диҳем ва бо ҳамин тартиб ҳамлаи моро дар самтҳои калидӣ, пеш аз ҳама дар Донбасс боздоранд. Озодсозии Донбасс ҳадафи аввалиндараҷаи мост", - гуфт Путин.Президенти Русия Владимир Путин илова кард, ки, душман мавқеъҳои худро дар самтҳои муҳим дар минтақаи амалиёти вижаи низомӣ заиф кардааст.
https://sputnik.tj/20250225/putin-ukraina-sari-qudrat-boshad-1066355789.html
украина
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/02/03/1066091048_336:0:3067:2048_1920x0_80_0_0_b4d1f5afb31e9220cab4c5a9fe9eb25d.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
украина, русия, амният ва мудофиа, амалиёти вижа
украина, русия, амният ва мудофиа, амалиёти вижа
ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Танҳо рӯзи сешанбеи 25 феврал артиши Русия дар самти Курск беш аз 220 низомии украиниро маҳв кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати мудофиаи Русия хабар дод.
Манбаъ афзуд, дар як шабонарӯз қувваҳои мусаллаҳи Украина ҳамчуни 2 танк, 25 мошини зиреҳпӯш, 8 тӯпхона, як миномёт, инчунин панҷ нуқтаи назоратии ҳавопаймоҳои бесарнишин ва се анбори муҳимоти ҷангиро талаф дод.
"Дар давоми 24 соати охир нерӯҳои мусаллаҳи Украина беш аз 220 низомӣ, 2 танк, 25 мошини зиреҳпӯши ҷангӣ, 18 мошин, 8 тӯпхона, як миномёт, 5 нуқтаи назоратии ҳавопаймои бесарнишин ва се анбори лавозимоти ҷангӣ нобуд карда шуд", - омадааст дар хабари вазорат.
Дар маҷмӯъ, Украина дар самти Курск зиёда аз 63 325 низомиро аз даст дод.
Ёдовар мешавем, ки иғвои мусаллаҳонаи Киев ва ҳамлаи нерӯҳои мусаллаҳи Украина ба вилояти Курск рӯзи 6 август оғоз шуд. Дар ин минтақа режими фавқулоддаи федералӣ амал мекунад ва борҳо таҳдиди мушакӣ эълом шудааст. Зиёда аз сад ҳазор сокинон ба ҷои амн тахлия шуда, барои онҳо дар дигар минтақаҳо марказҳои ҷойи иқомати муваққатӣ боз шудааст.
Чанде пеш Владимир Путин таъкид кард ки Киев бо ҳамла ба вилояти Курск мехост, ҳамлаи Русия дар Донбассро рафъ кунад, аммо ҳеҷ коре аз дасташ наомад, гуфт президенти Русия Владимир Путин.
"Ҳадафи душман ин буд, ки моро асабонӣ, ба шӯр андозад ва нерӯҳоямонро аз як минтақа ба минтақаи дигар интиқол диҳем ва бо ҳамин тартиб ҳамлаи моро дар самтҳои калидӣ, пеш аз ҳама дар Донбасс боздоранд. Озодсозии Донбасс ҳадафи аввалиндараҷаи мост", - гуфт Путин.
Президенти Русия Владимир Путин илова кард, ки, душман мавқеъҳои худро дар самтҳои муҳим дар минтақаи амалиёти вижаи низомӣ заиф кардааст.