Супориши раиси вилояти Хатлон барои азнавсозии Теппаи Қӯрғони шаҳри Бохтар

© Foto / Пресс-служба администрации Хатлонской областиИсторическое место Теппа-Курган в Бохтаре
Историческое место Теппа-Курган в Бохтаре - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.02.2025
Обуна шудан
Раиси шаҳри Бохтар ба Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои азнавсозии теппаи Қурғони шаҳри Бохтар супориш дод
ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Ахиран раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон Раҷабалӣ Рахмоналӣ аз майдони "70-солагии азхудкунии водии Вахш" ва теппаи Қӯрғон дар шаҳри Бохтар боздид намуданд.
Дар ин бора дафтари матбуоти раиси вилояти Хатлон хабар додааст.
Раиси вилоят дар майдони "70-солагии азхудкунии водии Вахш" аз соҳили рӯде, ки аз миёни ин майдон мегузарад ва бинобар сабаби боришоти барфу борон деворпояҳои паҳлӯи он ба ҳолати садамавӣ дучор шудаанд, боздид намуда, барои рафъи ин мушкилот ба мақомоти дахлдор дастур дод.
Здание областного историко-краеведческого музея Бибихонум в Бохтаре - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.11.2023
Оғози бозсозии Теппаи Қӯрғон маълум шуд
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид ба масъулон супориш дод, ки дар ҳамкорӣ бо Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии Тоҷикистон баҳри азнавсозии теппаи мазкур чораҳои зарурӣ андешанд.
Дар теппаи Қӯрғон, ки соли 1999 бозсозӣ шуда, ба ифтихори ҷашни 1100-солагии давлати Сомониён мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст, то чанд муддат пеш осорхонаи таъриху кишваршиносии "Бибихонум"-и шаҳри Бохтар воқеъ буд.
Теппаи Қӯрғон маъруфтарин иншооти таърихӣ дар маркази маъмурии вилояти Хатлон - шаҳри Бохтар маҳсуб гардида, мавзеи тамошои садҳо сайёҳони ватаниву хориҷӣ маҳсуб меёбад, аммо бо сабаби садамавӣ буданаш ҳоло дарҳои худро бастааст.
Лентаи хабарҳо
0