https://sputnik.tj/20231109/oghozi-bozsozi-teppa-qurghon-malum-1060402025.html
Оғози бозсозии Теппаи Қӯрғон маълум шуд
Оғози бозсозии Теппаи Қӯрғон маълум шуд
Sputnik Тоҷикистон
Дар назар аст, ки Теппаи Қӯрғон маъруфтарин иншооти таърихӣ дар шаҳри Бохтар аз ҳисоби буҷети вилоят ва дигар сарчашмаҳо то соли 2026 бозсозӣ карда шавад
2023-11-09T15:59+0500
2023-11-09T15:59+0500
2023-11-09T16:49+0500
дар тоҷикистон
хатлон
бохтар
бозсозӣ
таърихӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/02/1043244504_0:0:3073:1728_1920x0_80_0_0_d4d1985b5b28e5ffef531d0a1e07e4b3.jpg
ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Роҳбари Раёсати сохтмони асосии вилояти Хатлон Саъдуллозода Абдулвоҳид дар суҳбат ба “Фараж” гуфтааст, ки барои таҷдиди мавзеъи ёдгории таърихии Теппаи “Бибихонум”-и шаҳри Бохтар 50 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.Қайд карда шудааст, ки ба нақшагирии сохтмони иншоот аз соли 2023 оғоз шуда, сохтмонаш аз соли 2024 шурӯъ мешавад. Дар соли 2024 барои сохмони иншоот аз ҳисоби буҷети вилоят 10 миллион сомонӣ ба инобат гирифта шуда, бояд то соли 2026 иншоот пурра бозсозӣ гардад.Ёдовар мешавем, ки масъулин ба раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ҳангоми боздид аз мавзеи таърихии Теппаи Қӯрғон иттилоъ дода буданд, ки аз ҷониби чанд институти лоиҳакашӣ, лоиҳаҳои намунавии “Теппаи Қӯрғон” омода шудаанд. Тибқи лоиҳа, бояд дар болои Қалъаи Қӯрғон, ки масоҳаташ аз 2,5 гектар иборат аст, амфитеатр бо ҳазор ҷойи нишаст, чойхонаи миллӣ ва фаввораҳо сохта шаванд.Раиси вилоят Давлаталӣ Саид ба масъулин дастур дод, ки ҷиҳати таҳияи лоиҳаи ангоравии “Теппаи Қӯрғон” бо дарназардошти иншооти қадимаи таърихӣ ва мавзеи сертамошо буданаш тадбирҳои фаврӣ андешанд.Ёдовар мешавем, ки Теппаи Қӯрғон маъруфтарин иншооти таърихӣ дар маркази маъмурии вилояти Хатлон-шаҳри Бохтар бо сабаби садамавӣ буданаш чанд сол аст, ки дарҳои худро ба руйи тамошобинонаш бастааст.Пайдоиши “Теппаи Қӯрғон” ба асрҳои 1-2 мансуб дониста шуда, он муъҷизаи табиат набуда, дастӣ сохта шудааст. Дар болои он қасри шоҳони Вахшонзамин ва дар асрҳои XIX ибтидои ХХ қалъаи Беки Қӯрғонтеппа ҷойгир будааст.
https://sputnik.tj/20230704/teppai-qurghon-navsozi-chi-guna-1058062850.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/02/1043244504_34:0:2765:2048_1920x0_80_0_0_59c00efca961012fecc21e908d2deb80.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, хатлон, теппаи қурғон, бозсозӣ, бохтар, мақомот
тоҷикистон, хатлон, теппаи қурғон, бозсозӣ, бохтар, мақомот
Оғози бозсозии Теппаи Қӯрғон маълум шуд
15:59 09.11.2023 (Навсозишуда: 16:49 09.11.2023) Дар назар аст, ки Теппаи Қӯрғон маъруфтарин иншооти таърихӣ дар шаҳри Бохтар аз ҳисоби буҷети вилоят ва дигар сарчашмаҳо то соли 2026 бозсозӣ карда шавад
ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Роҳбари Раёсати сохтмони асосии вилояти Хатлон Саъдуллозода Абдулвоҳид дар суҳбат ба “Фараж” гуфтааст, ки барои таҷдиди мавзеъи ёдгории таърихии Теппаи “Бибихонум”-и шаҳри Бохтар 50 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.
Қайд карда шудааст, ки ба нақшагирии сохтмони иншоот аз соли 2023 оғоз шуда, сохтмонаш аз соли 2024 шурӯъ мешавад. Дар соли 2024 барои сохмони иншоот аз ҳисоби буҷети вилоят 10 миллион сомонӣ ба инобат гирифта шуда, бояд то соли 2026 иншоот пурра бозсозӣ гардад.
Ёдовар мешавем, ки масъулин ба раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ҳангоми боздид аз мавзеи таърихии Теппаи Қӯрғон иттилоъ дода буданд, ки аз ҷониби чанд институти лоиҳакашӣ, лоиҳаҳои намунавии “Теппаи Қӯрғон” омода шудаанд. Тибқи лоиҳа, бояд дар болои Қалъаи Қӯрғон, ки масоҳаташ аз 2,5 гектар иборат аст, амфитеатр бо ҳазор ҷойи нишаст, чойхонаи миллӣ ва фаввораҳо сохта шаванд.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид ба масъулин дастур дод, ки ҷиҳати таҳияи лоиҳаи ангоравии “Теппаи Қӯрғон” бо дарназардошти иншооти қадимаи таърихӣ ва мавзеи сертамошо буданаш тадбирҳои фаврӣ андешанд.
Ёдовар мешавем, ки Теппаи Қӯрғон маъруфтарин иншооти таърихӣ дар маркази маъмурии вилояти Хатлон-шаҳри Бохтар бо сабаби садамавӣ буданаш чанд сол аст, ки дарҳои худро ба руйи тамошобинонаш бастааст.
Пайдоиши “Теппаи Қӯрғон” ба асрҳои 1-2 мансуб дониста шуда, он муъҷизаи табиат набуда, дастӣ сохта шудааст. Дар болои он қасри шоҳони Вахшонзамин ва дар асрҳои XIX ибтидои ХХ қалъаи Беки Қӯрғонтеппа ҷойгир будааст.