https://sputnik.tj/20250226/ruzu-soat-daqiqi-farorasii-naruz-malum-shud-1066370674.html
Рӯзу соати дақиқи фарорасии Наврӯз маълум шуд
Рӯзу соати дақиқи фарорасии Наврӯз маълум шуд
Sputnik Тоҷикистон
Санаи дақиқи фаро расидани Наврӯз дар Тоҷикистон маълум шуд. Дар лаҳзаи фаро расидани Наврӯз шабу рӯз баробар мешаванд
2025-02-26T15:36+0500
2025-02-26T15:36+0500
2025-02-26T17:44+0500
дар тоҷикистон
ҷашн
наврӯз
ид
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/03/15/1062136159_0:267:3074:1996_1920x0_80_0_0_874383b7d37620af2ff0678d7b71f00a.jpg
ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Дар Тоҷикистон санаи 20 март, соати 14:01 дақиқаи ба вайқти маҳаллӣ Наврӯз фаро мерасад ва баробаршавии шабу рӯз ба амал меояд.Дар ин бора донишманд ва астрофизик Ризо Бахромӣдар саҳифаи худ дар яке аз шабакаҳои иҷтимоӣ хабар додааст.Гуфта мешавад, тибқи ҷадвали астрономӣ, рӯзи 20 март, соати 14:01 дақиқаи вақти маҳаллӣ замин ҳангоми ҳаракат дар атрофи офтоб аз байни нуқтаи эътидоли баҳорӣ мегузарад.“Маҳз дар ҳамин лаҳза маркази қурси Офтоб дар ҳаракати зоҳирии худ аз нимкураи ҷанубии осмон ба нимкураи шимолӣ мегузарад ва нуқтаи буриши масири Офтоб (эклиптика, доират-у-лбуруҷ) ва хати истивои осмон (экватор)-ро нуқтаи эътидоли баҳорӣ меноманд”, - навиштааст ӯ.Маъмулан ҳар сол дар яке аз боғҳои пойтахт гулхани наврӯзӣ афрохта мешавад ва маросими суманакпазӣ сурат мегирад.Илова бар, дар рӯзи фаро расидани Наврӯз аз чор дарвозаи Душанбе корвони наврӯзӣ бо ҳузури Бобои деҳқон ва Маликаи баҳор дар иҳотаи карнайнавозону талбнавозон ба сокинони пойтахт навиди фарорасии Соли Навро мерасонанд.Қаблан, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили ҷумҳурӣ, хабар дод, ки дар моҳи март, ки дар он ҷашни Наврӯз таҷлил мегардад тоҷикистониён 16 рӯз истироҳат хоҳанд кард.Бар асоси Қонун "Дар бораи рӯзҳои ид" Рӯзи модар 8 март ки ба шанбе рост меояд, бинобар ин рӯзи душанбеи 10 март низ истироҳат мешавад.Ҳамзамон дар ин моҳ вобаста ба ҷашни Наврӯз, аз 21 то 26 март истироҳат хоҳад буд, чун 22 ва 23 март рӯзҳои шанбеву якшанбе буда, он ба 25, 26 март мегузарад.Дар назар аст, ки Тоҷикистон ба таври густурда Наврӯзро низ таҷлил намояд, ки соли нави аҷдодӣ дар кишвар ба шумор меравад.Ҳамзамон таъкид шуд, ки ҳоло расман рӯзи таҷлил Иди Рамазон дақиқ нашудааст, он агар ба 30 март рост ояд, бар асоси қонун рӯзи 31 низ истироҳатӣ мешавад.
https://sputnik.tj/20250116/rahmon-pizishkiyon-jashn-navruz-tojikiston-davat-kard-1065884304.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/03/15/1062136159_30:0:2761:2048_1920x0_80_0_0_4c4e8bf9491cdf580d67488c5a625ffc.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, наврӯз, фарорасӣ, рӯз, соат, ҷашн
тоҷикистон, наврӯз, фарорасӣ, рӯз, соат, ҷашн
Рӯзу соати дақиқи фарорасии Наврӯз маълум шуд
15:36 26.02.2025 (Навсозишуда: 17:44 26.02.2025) Санаи дақиқи фаро расидани Наврӯз дар Тоҷикистон маълум шуд. Дар лаҳзаи фаро расидани Наврӯз шабу рӯз баробар мешаванд
ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Дар Тоҷикистон санаи 20 март, соати 14:01 дақиқаи ба вайқти маҳаллӣ Наврӯз фаро мерасад ва баробаршавии шабу рӯз ба амал меояд.
Дар ин бора донишманд ва астрофизик Ризо Бахромӣдар саҳифаи худ дар яке аз шабакаҳои иҷтимоӣ хабар додааст.
Гуфта мешавад, тибқи ҷадвали астрономӣ, рӯзи 20 март, соати 14:01 дақиқаи вақти маҳаллӣ замин ҳангоми ҳаракат дар атрофи офтоб аз байни нуқтаи эътидоли баҳорӣ мегузарад.
“Маҳз дар ҳамин лаҳза маркази қурси Офтоб дар ҳаракати зоҳирии худ аз нимкураи ҷанубии осмон ба нимкураи шимолӣ мегузарад ва нуқтаи буриши масири Офтоб (эклиптика, доират-у-лбуруҷ) ва хати истивои осмон (экватор)-ро нуқтаи эътидоли баҳорӣ меноманд”, - навиштааст ӯ.
Маъмулан ҳар сол дар яке аз боғҳои пойтахт гулхани наврӯзӣ афрохта мешавад ва маросими суманакпазӣ сурат мегирад.
Илова бар, дар рӯзи фаро расидани Наврӯз аз чор дарвозаи Душанбе корвони наврӯзӣ бо ҳузури Бобои деҳқон ва Маликаи баҳор дар иҳотаи карнайнавозону талбнавозон ба сокинони пойтахт навиди фарорасии Соли Навро мерасонанд.
Қаблан, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили ҷумҳурӣ, хабар дод, ки дар моҳи март, ки дар он ҷашни Наврӯз таҷлил мегардад тоҷикистониён 16 рӯз истироҳат хоҳанд кард.
Бар асоси Қонун "Дар бораи рӯзҳои ид" Рӯзи модар 8 март ки ба шанбе рост меояд, бинобар ин рӯзи душанбеи 10 март низ истироҳат мешавад.
Ҳамзамон дар ин моҳ вобаста ба ҷашни Наврӯз, аз 21 то 26 март истироҳат хоҳад буд, чун 22 ва 23 март рӯзҳои шанбеву якшанбе буда, он ба 25, 26 март мегузарад.
Дар назар аст, ки Тоҷикистон ба таври густурда Наврӯзро низ таҷлил намояд, ки соли нави аҷдодӣ дар кишвар ба шумор меравад.
Ҳамзамон таъкид шуд, ки ҳоло расман рӯзи таҷлил Иди Рамазон дақиқ нашудааст, он агар ба 30 март рост ояд, бар асоси қонун рӯзи 31 низ истироҳатӣ мешавад.