https://sputnik.tj/20250116/rahmon-pizishkiyon-jashn-navruz-tojikiston-davat-kard-1065884304.html
Раҳмон Пизишкиёнро дар ҷашни Наврӯз ба Тоҷикистон даъват кард
Раҳмон Пизишкиёнро дар ҷашни Наврӯз ба Тоҷикистон даъват кард
Sputnik Тоҷикистон
Кишвардори Тоҷикистон ҳамтои эронияшро дар саҳни Қасри миллат гарм пешвоз гирифт ва сипас як мулоқоти кӯтоҳ дар ҳузури хабарнигорон доштанд 16.01.2025, Sputnik Тоҷикистон
2025-01-16T12:48+0500
2025-01-16T12:48+0500
2025-01-16T12:49+0500
дар тоҷикистон
эрон
масъуд пизишкиён
эмомалӣ раҳмон
фарҳанг
наврӯз
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/01/10/1065880703_0:12:1826:1039_1920x0_80_0_0_976f4215624d63bdef8177f44f4ba81c.jpg
ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ҳамтои эронияш Масъуд Пизишкиёнро дар таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз ба Тоҷикистон даъват кард.Дар ин бора дафтари матбуоти роҳбари давлат хабар дод ва зикр намуд, ки президенти Пизишкиёнро зимни суҳбати кутоҳ дар ҳузури хабарнигорон дар бинои Қасри миллат барои таҷлили ин ҷашни аҷдодӣ даъват намуд.Президент аз ҷумла гуфт, ки наврӯз ҷашни хонаводагӣ нест, балки он умумиллӣ аст.Ёдовар мешавем, ки бегоҳи рӯзи 15 январ Масъуд Пизишкиён раисҷумҳури Эрон вориди шаҳри Душанбе шуд.Раисҷумҳури Эрон дар чорчуби ин сафар ҳамчунин бо Рустами Эмомалӣ, раиси маҷлиси миллӣ ва Муҳаммадтоҳири Зокирзода, раиси маҷлиси намояндагон дидор мекунад.Пас аз ин, Пизишкиён бо ҳамроҳии Раҳмон дар ҳамоиши муштараки тиҷорӣ, сармоягузорӣ ва гардишгарии ду кишвар ширкату суханронӣ ва ҳамчунин бо эрониёни муқими Тоҷикистон дидор мекунад.Дар чорчуби сафар Пизишкиён ба Душанбе ҳамчунин азсаргирии Маркази Ҳилоли аҳмар дар шаҳри Душанбе барномарезӣ шудааст.Дар ҳошияи сафари давлатии раисҷумҳури Эрон ба Тоҷикистони 15 январ дар шаҳри Душанбе маҳфили шеъри Тоҷикистону Эрон, ҳамоиши донишмандону пажӯҳишгарон, маросими азсаргирии фаъолияти муассисаи мироси фарҳанги Форсу тоҷик ва нишаст муштараки фаъолони иқтисодӣ баргузор шуд.Субҳи рӯзи ҷумъа раисҷумҳури Эрон бо даъвати расмии Владимир Путин президенти Русия ба Маскав сафар мекунад.
https://sputnik.tj/20250116/istiqbol-rasmi-pizishkiyon-dushanbe-omoda-hamkori-1065884027.html
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/01/10/1065880703_0:41:1603:1243_1920x0_80_0_0_a6ccea61e3f4ffa33333364f43d15765.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, эрон, масъуд пизишкиён, эмомалӣ раҳмон, фарҳанг, наврӯз
дар тоҷикистон, эрон, масъуд пизишкиён, эмомалӣ раҳмон, фарҳанг, наврӯз
Раҳмон Пизишкиёнро дар ҷашни Наврӯз ба Тоҷикистон даъват кард
12:48 16.01.2025 (Навсозишуда: 12:49 16.01.2025) Кишвардори Тоҷикистон ҳамтои эронияшро дар саҳни Қасри миллат гарм пешвоз гирифт ва сипас як мулоқоти кӯтоҳ дар ҳузури хабарнигорон доштанд
ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ҳамтои эронияш Масъуд Пизишкиёнро дар таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз ба Тоҷикистон даъват кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти роҳбари давлат хабар дод ва зикр намуд, ки президенти Пизишкиёнро зимни суҳбати кутоҳ дар ҳузури хабарнигорон дар бинои Қасри миллат барои таҷлили ин ҷашни аҷдодӣ даъват намуд.
Президент аз ҷумла гуфт, ки наврӯз ҷашни хонаводагӣ нест, балки он умумиллӣ аст.
"Ҳама дар он хурсандӣ мекунанд. 12 рӯз на, як моҳ таҷлил мешавад ва тамоми гӯшаю канори мамлакат хурсандӣ мекунад", - таъкид намуд Эмомалӣ Раҳмон.
Ёдовар мешавем, ки бегоҳи рӯзи 15 январ Масъуд Пизишкиён раисҷумҳури Эрон вориди шаҳри Душанбе шуд.
Раисҷумҳури Эрон дар чорчуби ин сафар ҳамчунин бо Рустами Эмомалӣ, раиси маҷлиси миллӣ ва Муҳаммадтоҳири Зокирзода, раиси маҷлиси намояндагон дидор мекунад.
Пас аз ин, Пизишкиён бо ҳамроҳии Раҳмон дар ҳамоиши муштараки тиҷорӣ, сармоягузорӣ ва гардишгарии ду кишвар ширкату суханронӣ ва ҳамчунин бо эрониёни муқими Тоҷикистон дидор мекунад.
Дар чорчуби сафар Пизишкиён ба Душанбе ҳамчунин азсаргирии Маркази Ҳилоли аҳмар дар шаҳри Душанбе барномарезӣ шудааст.
Дар ҳошияи сафари давлатии раисҷумҳури Эрон ба Тоҷикистони 15 январ дар шаҳри Душанбе маҳфили шеъри Тоҷикистону Эрон, ҳамоиши донишмандону пажӯҳишгарон, маросими азсаргирии фаъолияти муассисаи мироси фарҳанги Форсу тоҷик ва нишаст муштараки фаъолони иқтисодӣ баргузор шуд.
Субҳи рӯзи ҷумъа раисҷумҳури Эрон бо даъвати расмии Владимир Путин президенти Русия ба Маскав сафар мекунад.