Ҳафт тармаи хурду калон роҳи Душанбе-Чаноқро баст

© Foto / Пресс-служба компании IRSРаботы по расчистке лавин на трассе Душанбе-Чанак
Работы по расчистке лавин на трассе Душанбе-Чанак - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.02.2025
Обуна шудан
Бориши пуршиддати барф, ки 2 рӯз инҷониб идома дорад, боиси зиёд шудани тармафароӣ дар роҳи Душанбе - Чаноқ гардидааст
ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Ба иттилои дафтари матбуоти Ширкати “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД”, ки нигоҳдории роҳи Душанбе-Чаноқро бар уҳда дорад, хабар додааст, ки дар ҳоли ҳозир дар масири Душанбе Чаноқ бартарафсозии тармаҳо идома дорад.
Ин манбаъ чанде пеш хабар дода буд, ки дар километри 61 то 83 - юми роҳи мазкур якчанд тармаи хурду калон фаромад.
“Новобаста аз он ки ҳолати мазкур шабона рух дод, кормандони ин ширкат ба бартарафсозии тармаҳо машғуланд”, - қайд кардааст масъулини ин ширкат.
Ин ширкат қайд кардааст, ки бартарафсозии 7 тармаи хурду калон, ки шаби гузашта дар роҳи Душанбе - Чаноқ фаромаданд босуръат идома дорад.
Последствия схода лавин на трассе Душанбе-Чанак  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.02.2025
Роҳ самти шимоли Тоҷикистонро 14 тарма баст
Бориши барф низ дар ин масир пуршиддату давомдор буда, дар баъзе қитъаҳои роҳи мазкур баландии барф ба 80 сантиметр расидааст.
“Дар робита ба ҳолати мазкур ҳаракати нақлиёт муваққатан маҳдуд шуда, тамоми кӯшиш ба он равона шудааст, ки зудтар монеаҳои мавҷуда бартараф гарданд”,- таъкид кардааст ин ширкат.
Ин ширкат ба ронандагон муроҷиат кардааст, ки аз кушода шудани роҳ, ҳатман дар соатҳои наздик хабар хоҳад дод.
Лентаи хабарҳо
0