https://sputnik.tj/20250225/roh-samt-shimol-tojikiston-tarma-bast-1066354761.html
Роҳ самти шимоли Тоҷикистонро 14 тарма баст
Роҳ самти шимоли Тоҷикистонро 14 тарма баст
Sputnik Тоҷикистон
Ширкати IRS хабар дод, ки тармаи бузург бо паҳноии 60 метр ва баландии 8 метр пурра тоза гардид, вале боз 14 тармаи дигар ин масирро масдуд кард
2025-02-25T11:52+0500
2025-02-25T11:52+0500
2025-02-25T12:04+0500
дар тоҷикистон
суғд
"инновейтив роуд солюшнз лтд" (irs)
тарма
роҳ
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/02/19/1066355011_0:167:960:707_1920x0_80_0_0_bfc4105cba58ae12c79a81c2ee7d390b.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Роҳ самти шимоли Тоҷикистон бинобар фаромадани беш аз даҳ тарма масдуд аст.Дар ин бора ширкати IRS, ки масъулияти нигаҳбонии ин роҳро бар уҳда дорад, хабар дод.Ба иттилои манбаъ, субҳи 25 феврал роҳи Душанбе-Чаноқро тармаи калон бо паҳноии 60 метр ва баландии 8 метр маҳкам кард. Ҳамчунин як мошини сабукрав бо ронанда ва чанд мусофир низ зери тарма монд. Ин офати табиӣ дар пай талафоти ҷонӣ надошт ва кормандони ширкат ҳам нафарони зери тармамондаро наҷот доданд ва ҳам худи тармаро тоза карданд.Вале роҳ боз бинобар фаромадани чандин тармаи дигар масдуд шуд, мегӯяд манбаъ.Бояд гуфт, Агентии обуҳавошиносӣ аз хунук шудани ҳаво ва боришоти барфу борон ҳушдор дода буд.Ин манбаъ иттилоъ дод, ки рӯзҳои 25-27 феврал бинобар боришоти борону барф дар баъзе минтақаҳои кӯҳию доманакӯҳии вилояти Суғд, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, шоҳроҳи нақлиётгарди Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ (километрҳои 62-74-уми шоҳроҳ) ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон фаромадани тарма имконпазир аст.Ҳамин тавр Агентӣ ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ тавсия додааст, ки дар чунин вазъи номусоиди обу ҳаво дар минтақаҳои кӯҳӣ ва баландкӯҳи ҷумҳурӣ эҳтиёткор бошанд.
https://sputnik.tj/20250225/hushdori-obuhavoshinoson-tojikston-havo-sard-barf-boron-1066351967.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/02/19/1066355011_0:90:960:810_1920x0_80_0_0_17c801369923cf0af5b5da07cfe87ef3.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тарма душанбе-чаноқ роҳ масдуд
тарма душанбе-чаноқ роҳ масдуд
Роҳ самти шимоли Тоҷикистонро 14 тарма баст
11:52 25.02.2025 (Навсозишуда: 12:04 25.02.2025) Ширкати IRS хабар дод, ки тармаи бузург бо паҳноии 60 метр ва баландии 8 метр пурра тоза гардид, вале боз 14 тармаи дигар ин масирро масдуд кард
ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Роҳ самти шимоли Тоҷикистон бинобар фаромадани беш аз даҳ тарма масдуд аст.
Дар ин бора ширкати IRS, ки масъулияти нигаҳбонии ин роҳро бар уҳда дорад, хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, субҳи 25 феврал роҳи Душанбе-Чаноқро тармаи калон бо паҳноии 60 метр ва баландии 8 метр маҳкам кард. Ҳамчунин як мошини сабукрав бо ронанда ва чанд мусофир низ зери тарма монд.
Ин офати табиӣ дар пай талафоти ҷонӣ надошт ва кормандони ширкат ҳам нафарони зери тармамондаро наҷот доданд ва ҳам худи тармаро тоза карданд.
Вале роҳ боз бинобар фаромадани чандин тармаи дигар масдуд шуд, мегӯяд манбаъ.
"Теъдоди тармаҳое, ки имрӯз дар роҳи Душанбе - Чаноқ фаромаданд, ба 14 адад расид. Ҳоло бартарафсозии онҳо идома дорад ва роҳ барои тамоми намуди нақлиёт баста аст", - омадааст дар хабари ин ширкат.
Бояд гуфт, Агентии обуҳавошиносӣ аз хунук шудани ҳаво ва боришоти барфу борон ҳушдор дода буд.
Ин манбаъ иттилоъ дод, ки рӯзҳои 25-27 феврал бинобар боришоти борону барф дар баъзе минтақаҳои кӯҳию доманакӯҳии вилояти Суғд, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, шоҳроҳи нақлиётгарди Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ (километрҳои 62-74-уми шоҳроҳ) ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон фаромадани тарма имконпазир аст.
Ҳамин тавр Агентӣ ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ тавсия додааст, ки дар чунин вазъи номусоиди обу ҳаво дар минтақаҳои кӯҳӣ ва баландкӯҳи ҷумҳурӣ эҳтиёткор бошанд.