Беш аз чоряки ноболиғони хориҷӣ дар Русия аз Тоҷикистонанд

© Sputnik / Илья Питалев / Гузариш ба медиабонкУрок русского языка в московской школе №90
Урок русского языка в московской школе №90  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.02.2025
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Русия шумори шаҳрвандони ноболиғи хориҷиро эълон кард, ки аксарашро кӯдакони тоҷик ташкил медиҳанд
ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Дар Русия 766 ҳазор ноболиғи хориҷӣ ба сар мебарад ва аксари онҳо аз Тоҷикистонанд. Дар ин бора ноиби сардори Сарраёсати муҳоҷирати ВКД Русия, Геннадий Кудряшов зимни ҳисобот дар Думаи давлатӣ изҳор дошт.
Ба гуфтаи ӯ, аз 766 ҳазор шаҳрвандони хориҷии ноболиғ, 20% -ро кӯдакон аз Тоҷикистон ташкил медиҳанд. Инчунин 14% кӯдакон аз Қирғизистон, 13,4% аз Ӯзбекистон, 12,6% аз Беларус ва 8% аз Украина дар қаламрави Русия ба сар мебаранд.
Трудовые мигранты. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.02.2025
Вазорат: беш аз 95% муҳоҷирон аз Тоҷикистон ба Русия мераванд
Кудряшов аз он изҳори нигаронӣ кард, ки танҳо 20%, аниқтараш 154 ҳазор кӯдак дар ҷои иқомат ба қайд гирифта шудаанду халос.
"Имрӯз, тибқи ҳисобҳои мо, дар қаламрави Федератсияи Русия тақрибан 766 ҳазор шаҳрванди ноболиғи хориҷӣ ба сар мебаранд. <...> Дар ҳамин ҳол, шумори умумии шаҳрвандони ноболиғи хориҷӣ, ки дар ҷои иқомат ба қайд гирифта шудаанд, 154 ҳазор нафарро ташкил медиҳад",- гуфт ӯ.
Кудряшов зикр кард, ки дар робита ба ин вазъ маълум аст, ки волидони онҳо масъулияти сабти номи фарзандони худро дар муҳоҷират ба беэътиноӣ мекунанд.
Вазорати корҳои дохилӣ зарурати танзими ин масъаларо бо баъзе истисноҳо ҷонибдорӣ мекунад, масалан, вақте ки яке аз волидайн шаҳрванди Федератсияи Русия аст ё кӯдак пас аз ворид шудан ба ин кишвар шаҳрвандии Русияро мегирад.
Қаблан, Шаҳноза Нодирӣ, муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар нишасти хабарӣ гуфта буд, ки 95% муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон ба Русия сафар мекунанд.
Аммо Нодирӣ мушаххас накард, ки дар соли 2024 чанд шаҳрванди Тоҷикистон барои кор ба Федератсияи Русия рафтаанд.
Лентаи хабарҳо
0