Вазорат: беш аз 95% муҳоҷирон аз Тоҷикистон ба Русия мераванд

© Foto / Министерство занятости и трудовых отношений УзбекистанаТрудовые мигранты. Архивное фото
Трудовые мигранты. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.02.2025
Обуна шудан
Намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дақиқан нагуфт, ки соли гузашта чанд шаҳрванди тоҷикистон барои муҳоҷират ба Русия рафтанд
ДУШАНБЕ, 12 фев — Sputnik. Беш аз 95 дарсади шаҳрвандони Тоҷикистон, ки барои кор ба хориҷа мераванд, маъмулан Русияро интихоб мекунанд.
Дар ин бора Шаҳноза Нодирӣ, муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод.
"Табиист, ки беш аз 95% муҳоҷирони кории мо ба Федератсияи Русия мераванд", - гуфт ӯ.
Аммо Нодирӣ мушаххас накардааст, ки дар соли 2024 чанд шаҳрванди Тоҷикистон барои кор ба Федератсияи Русия рафтаанд.
Ба гуфтаи вай, дар Тоҷикистон як шабакаи марказҳои омӯзишӣ барои нафарони ба муҳоҷират мерафта мавҷуд аст ва бархе аз онҳо навсозӣ шудаанд. Дар ин марказҳо зиёда аз 119 ихтисоси дахлдори корӣ пешбинӣ шудааст, гуфт Нодирӣ.
Ӯ ҳамчунин илова намуд, ки дар марказҳои омӯзишӣ асосан соҳаҳое ёд дода мешаванд, ки кишвари кордеҳ ба ин соҳаҳо таваҷҷӯҳи бештар дошта бошад. Ӯ аз ҷумла сохтмончӣ, кафшергарӣ, кишоварзиро зикр кард, ки дар марказҳо ба хоҳишмандон омӯзонда мешаванд.
Илова бар ин дар Тоҷикистон боз 4 маркази такмили ихтисос амал мекунад.
Посол России в Таджикистане Семён Григорьев  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.02.2025
Сафири Русия: Миёни муҳоҷирони тоҷик бозори кор дар Русия ҳамоно талабот дорад
"Дар ин марказҳо ҳамчунин аз рӯйи ихтисосҳое, ки дар бозори ҷаҳонӣ серталаб ҳастанд, таълим медиҳанд. <...> Ҳамзамон мо ҳоло омӯзиши саводнокии IT, саводнокии молиявӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ - англисӣ, русӣ ва забони кишвари таъиншуда, ки ҳоло кореягӣ аст, ташкил карда истодаем. Баъдан, ба забони ҷопонӣ мегузарем", - афзуд ӯ.
Дар идома Иматшо Нодирзода, сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнати Тоҷикистон хабар дод, ки дар 9 моҳи соли гузашта беш аз 613,5 ҳазор муҳоҷири корӣ аз хориҷ ба Тоҷикистон баргаштаанд, ки нисбат ба муҳоҷирони соли 2023 камтар аст.
Мавсуф низ омори яксолаи ба муҳоҷират рафтани шаҳрвандони Тоҷикистонро ироа накард, танҳо гуфт, ки дар нимсолаи аввали соли гузашта 392,8 ҳазор муҳоҷири корӣ ба хориҷи кишвар рафтаанд, ки аз ин шумора 387,9 ҳазораш ба Русия рафтааст.
Лентаи хабарҳо
0