Тасвиби лоиҳаи мувофиқатномаи муозадати ҳуқуқии байни Тоҷикистону Эрон

© AP / Ebrahim NorooziПарламент Ирана. Архивное фото
Парламент Ирана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.02.2025
Обуна шудан
Парлумони Эрон бо лоиҳаи мувофиқатномаи муъозадати ҳуқуқии дуҷониба дар умури кайфарӣ байни Эрону Тоҷикистон мувофиқат кард
ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Вакилони парлумони Эрон ахиран дар маҷлиси Шӯрои исломӣ бо куллиёт ва модаи воҳидаи мувофиқатномаи муозадати ҳуқуқии дуҷониба дар умури кайфарӣ байни Эрон ва Тоҷикистон мувофиқат карданд, иттилоъ додааст Садо ва Симои Эрон.
Қайд карда шудааст, ки дар модаи воҳида лоиҳаи мазкур ки ба тасвиби намояндагон расид омадааст:
Мувофиқатномаи муозадати ҳуқуқии дуҷониба дар умури кайфарии байни Эрону Тоҷикистони муштамил бар як муқаддама ва 26 мода ба шарҳи пайвасти тасвибу иҷозаи мубодилаи асноди он дода мешавад.
Иран Таджикистан флаг - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.12.2024
Таъкиди Эрону Тоҷикистон бар иҷро шудани тафоҳумномаҳои гумрукӣ
Ёдовар мешавем, ки ахиран раисҷумҳури Эрон Масъуд Пизишкиён дар дидор бо сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода гуфт, ки Эрону Тоҷикистон заминаи муносиб барои густраиши ҳамкориҳо дар ҳавзаҳои фарҳангӣ, ҳунарӣ, иқтисодӣ, тиҷорӣ ва санъатӣ доранд.
“Ду кишвар Эрону Тоҷикистони муштаракоти фарҳангӣ ва таърихии зиёде доранд ки бистари муносибе барои таъмиқи равобити фимобин дар ҳавзаҳои фарҳангӣ, ҳунарӣ, иқтисодӣ, тиҷорӣ ва санъатӣ аст”,- гуфт ӯ.
Раисҷумҳури Эрон бо ишора ба тавофуқи лағви раводид миёни ду кишвар тасреҳ кард, ки ин иқдоми муҷиби густариши равобити фарҳангӣ миёни ду кишвар ва тасҳил дар рафту омади гардишгарони эронӣ ва тоҷикистонӣ хоҳад шуд.
Лентаи хабарҳо
0