https://sputnik.tj/20241228/takidi-eronu-tojikiston-bar-ijro-shudani-tafohumnomahoi-gumruki--1065716856.html
Таъкиди Эрону Тоҷикистон бар иҷро шудани тафоҳумномаҳои гумрукӣ
Таъкиди Эрону Тоҷикистон бар иҷро шудани тафоҳумномаҳои гумрукӣ
Sputnik Тоҷикистон
Дар дидори раиси хадамоти гумруки Тоҷикистон бо сафири Эрон дар Душанбе бар иҷро шудани тафоҳумҳои имзошуда барои равонтар шудани умури гумрукӣ таъкид шуд
2024-12-28T17:59+0500
2024-12-28T17:59+0500
2024-12-28T17:59+0500
дар тоҷикистон
эрон
гумрук
ҳамкорӣ
равобит
тиҷорат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/0e/1055492900_0:260:1106:882_1920x0_80_0_0_d152a452bc3d1a87063d9657be4e109b.jpg
ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Хуршед Каримзода, раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон бо Алиризо Ҳақиқиён, сафири Эрон дар Душанбе дидору гуфтугӯ кард.Ба иттилои сафорати Эрон, дар ин дидор роҳкорҳои тавсеаи ҳамкориҳо ва тасҳили умури идории гумрукии мавриди баррасӣ ва табодули назар қарор гирифт.Ҳақиқиён бо ишора ба раванд дар ҳоли тавсеаи равобити Эрону Тоҷикистон, нақши гумрукот дар афзоиши мубодилоти тиҷории байни ду кишварро ҳоиз аҳамият донист.Каримзода ҳамкориҳои ҷорӣ байни гумрукоти ду кишварро муҷиби афзоиши мубодилот тиҷорӣ донист ва табодули иттилоот ва асноди колоҳо, ба сурати электруниро дар равонсозӣ ва тасҳили умур муассир донист.Вай омодагии гумруки Тоҷикистон барои густаришу таҳкими ҳамкориҳои тахассусиро эълом кард.Ёдовар мешавем, ки чанде пеш сафири Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ хабар дода буд, ки тиҷорати 9 моҳаи Эрону Тоҷикистон марзи 300 миллин долларро убур кард.Низомиддин Зоҳидӣ афзуд, ки агарчӣ арқоми тиҷорати дуҷонибаи Эрону Тоҷикистон кучак аст, аммо дар муқоиса бо гузашта пешрафтҳои хебе доштаем ва ҳаҷми тиҷорат аз соли 99 то кунун наздик ба 10 баробар афзоиш доштааст.Оқои Зоҳиди қайд кард, ки Тоҷикистон мехоҳад табодули коло бо Эронро ба як миллиард доллар расонад.
https://sputnik.tj/20241121/eron-tijorat-tojikiston-mone-shudaast-1065202680.html
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/0e/1055492900_0:156:1106:986_1920x0_80_0_0_869c9ef575af1217a2f77989c580a498.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, эрон, гумрук, ҳамкорӣ, тиҷорат, равобит, сафир,
тоҷикистон, эрон, гумрук, ҳамкорӣ, тиҷорат, равобит, сафир,
Таъкиди Эрону Тоҷикистон бар иҷро шудани тафоҳумномаҳои гумрукӣ
Дар дидори раиси хадамоти гумруки Тоҷикистон бо сафири Эрон дар Душанбе бар иҷро шудани тафоҳумҳои имзошуда барои равонтар шудани умури гумрукӣ таъкид шуд
ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Хуршед Каримзода, раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон бо Алиризо Ҳақиқиён, сафири Эрон дар Душанбе дидору гуфтугӯ кард.
Ба иттилои сафорати Эрон, дар ин дидор роҳкорҳои тавсеаи ҳамкориҳо ва тасҳили умури идории гумрукии мавриди баррасӣ ва табодули назар қарор гирифт.
Ҳақиқиён бо ишора ба раванд дар ҳоли тавсеаи равобити Эрону Тоҷикистон, нақши гумрукот дар афзоиши мубодилоти тиҷории байни ду кишварро ҳоиз аҳамият донист.
Каримзода ҳамкориҳои ҷорӣ байни гумрукоти ду кишварро муҷиби афзоиши мубодилот тиҷорӣ донист ва табодули иттилоот ва асноди колоҳо, ба сурати электруниро дар равонсозӣ ва тасҳили умур муассир донист.
Вай омодагии гумруки Тоҷикистон барои густаришу таҳкими ҳамкориҳои тахассусиро эълом кард.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш сафири Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ хабар дода буд, ки тиҷорати 9 моҳаи Эрону Тоҷикистон марзи 300 миллин долларро убур кард.
Низомиддин Зоҳидӣ афзуд, ки агарчӣ арқоми тиҷорати дуҷонибаи Эрону Тоҷикистон кучак аст, аммо дар муқоиса бо гузашта пешрафтҳои хебе доштаем ва ҳаҷми тиҷорат аз соли 99 то кунун наздик ба 10 баробар афзоиш доштааст.
Оқои Зоҳиди қайд кард, ки Тоҷикистон мехоҳад табодули коло бо Эронро ба як миллиард доллар расонад.