https://sputnik.tj/20250224/shikasti-sholts-nakhustin-natijahoi-intikhoboti-parlumon-olmon-1066344883.html
Шикасти Шолтс: Нахустин натиҷаҳои интихоботи парлумонӣ дар Олмон эълон шуд
Шикасти Шолтс: Нахустин натиҷаҳои интихоботи парлумонӣ дар Олмон эълон шуд
Sputnik Тоҷикистон
Интихоботи пеш аз мӯҳлат ба “Бундестаг” парлумони Олмон рӯзи якшанбеи 23 феврал баргузор шуд. Панҷ ҳизб вориди парлумони Олмон шуданд
2025-02-24T14:26+0500
2025-02-24T14:26+0500
2025-02-24T14:26+0500
олмон
дар ҷаҳон
интихобот
парлумон
натиҷа
олаф шолтс
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/02/18/1066341805_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_b7241d78b0de046ec0b953e665d33d8a.jpg
ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Ҳизби Олаф Шолтс дар интихоботи Олмон бо шикасти шадид дучор шуд.Дар ҳамин ҳол, ҳизби ростгарои “Роҳи дигар барои Олмон”, ки аз ҷониби Илон Маск пуштибонӣ мешавад, шумораи рекордии овозҳоро ба даст овардааст.Дар интихоботи парлумонӣ Ҳизби иттиҳодияи Олмон (CDU/CSU) бо 28,6% раъй пирӯз шуд, Ҳизби “Роҳи дигар барои Олмон” (AfD) бо 20,8% дар ҷои дуюм ва Ҳизби сотсиал-демократҳои садриаъзам Шолтс (SPD), ки солҳои тӯлонӣ қудратро дар даст дошт, бо 16,4% дар ҷои сеюм қарор гирифтанд."Ин натиҷаи харобиовар ва фалокатбор аст" гуфт вазири дифоъи Олмон ва узви ҳизби SPD Борис Писториус.Илова бар ин, ӯ таъкид кардааст, ки ҳизбаш омода аст бо ғолиби интихобот эътилоф таъсис диҳад.Дар ҳамин ҳол, номзад ба мақоми садриаъзам аз ҳизби ғолиби CDU/CSU, Фридрих Мертс дастёбӣ ба истиқлолият аз Иёлоти Муттаҳидаро авлавият номида, таъкид намуд, ки давлатҳо ба ояндаи Украина “нисбатан бетафовут” ҳастанд.Интихоботи пеш аз мӯҳлат ба Бундестаг рӯзи якшанбеи 23 феврал баргузор шуд.Интихоботи навбатӣ ба далели фурӯпошии эътилофи ҳокими SPD, “Сабзҳо” ва Ҳизби демократҳои озод соли гузашта ба далели ихтилофоти шадид дар сиёсати молӣ миёни Шолтс ва раҳбари Ҳизби демократҳои озод Кристиан Линднер, инчунин дар пасманзари бӯҳрони иқтисодӣ дар кишвар баргузор шуд.
https://sputnik.tj/20231002/olmon-pushtibon-ukraina-hama-chiz-az-dast-medihad-1059717651.html
олмон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/02/18/1066341805_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_1950d0f8be7aaa502679b08a444e153b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
олмон, интихобот, парлумон, натиҷа, бундестаг, олаф шолӣс, сиёсат
олмон, интихобот, парлумон, натиҷа, бундестаг, олаф шолӣс, сиёсат
Шикасти Шолтс: Нахустин натиҷаҳои интихоботи парлумонӣ дар Олмон эълон шуд
Интихоботи пеш аз мӯҳлат ба “Бундестаг” парлумони Олмон рӯзи якшанбеи 23 феврал баргузор шуд. Панҷ ҳизб вориди парлумони Олмон шуданд
ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Ҳизби Олаф Шолтс дар интихоботи Олмон бо шикасти шадид дучор шуд.
Дар ҳамин ҳол, ҳизби ростгарои “Роҳи дигар барои Олмон”, ки аз ҷониби Илон Маск пуштибонӣ мешавад, шумораи рекордии овозҳоро ба даст овардааст.
Дар интихоботи парлумонӣ Ҳизби иттиҳодияи Олмон (CDU/CSU) бо 28,6% раъй пирӯз шуд, Ҳизби “Роҳи дигар барои Олмон” (AfD) бо 20,8% дар ҷои дуюм ва Ҳизби сотсиал-демократҳои садриаъзам Шолтс (SPD), ки солҳои тӯлонӣ қудратро дар даст дошт, бо 16,4% дар ҷои сеюм қарор гирифтанд.
"Ин натиҷаи харобиовар ва фалокатбор аст" гуфт вазири дифоъи Олмон ва узви ҳизби SPD Борис Писториус.
Илова бар ин, ӯ таъкид кардааст, ки ҳизбаш омода аст бо ғолиби интихобот эътилоф таъсис диҳад.
Дар ҳамин ҳол, номзад ба мақоми садриаъзам аз ҳизби ғолиби CDU/CSU, Фридрих Мертс дастёбӣ ба истиқлолият аз Иёлоти Муттаҳидаро авлавият номида, таъкид намуд, ки давлатҳо ба ояндаи Украина “нисбатан бетафовут” ҳастанд.
Интихоботи пеш аз мӯҳлат ба Бундестаг рӯзи якшанбеи 23 феврал баргузор шуд.
Интихоботи навбатӣ ба далели фурӯпошии эътилофи ҳокими SPD, “Сабзҳо” ва Ҳизби демократҳои озод соли гузашта ба далели ихтилофоти шадид дар сиёсати молӣ миёни Шолтс ва раҳбари Ҳизби демократҳои озод Кристиан Линднер, инчунин дар пасманзари бӯҳрони иқтисодӣ дар кишвар баргузор шуд.