Олмон барои пуштибонӣ аз Украина ҳама чизро аз даст медиҳад

© Sputnik / Нэнси Сисель / Гузариш ба медиабонкФлаг перед Рейхстагом в Берлине
Флаг перед Рейхстагом в Берлине - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.10.2023
Обуна шудан
ДУШАНБЕ, 2 окт — Sputnik. Олмон барои сиёсати зиддирусияш "баҳои даҳшатбор" хоҳад пардохт. Инро муаррих Тариқ Сирил Амар дар мақолае барои Newsweek гуфтааст.
Тавре ки муаллиф қайд кардааст, дар Ғарб мегӯянд, ки Русия бояд дар Украина "мағлуб шавад", вагарна тамоми тартиботи байналмилалӣ аз байн хоҳад рафт ва болоравии Чин як чолишест, ки аз ин рӯ "худро ҳимоя кардан" лозим аст. Бо вуҷуди ин, дар асл, бузургтарин мушкил Олмонро домагир мешавад.
"Мо бовар доштем, аввалин кишваре, ки зери бори иқтисодии низоъ дар Украина ғарқ мешавад, Русия хоҳад буд. Аммо ҳоло мо мебинем, ки силоҳҳои таҳримӣ асосан ноком шудаанд. Иқтисоди Русия мӯътадил ва ҳатто афзоиш меёбад. Аммо чӣ мешавад, агар Олмон аввал пешпо мехӯрад?", - таъкид намудааст ӯ.
Муаррих гуфт, вазъи иқтисоди Олмон боиси нигаронии олмониҳо шудааст: онҳо ба элитаи сиёсӣ, ки аз манфиатҳои хориҷӣ ҳимоят мекунанд, “боварӣ аз даст додаанд”.
Ба гуфтаи ӯ, модели идоракунии олмонӣ бӯҳрони дукаратаро аз сар мегузаронад: дар иқтисод ва дар сиёсат. Ин сабабҳои зиёде дорад, ки сетои онҳо ба низоъ дар Украина иртибот доранд.
Встреча глав МИД РФ и ФРГ С. Лаврова и А. Бербок - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.09.2023
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Вазири Олмон гуфт, сокинони кишвараш сабаби дастгирии Украинаро намефаҳманд
"Якум, чунин ақида вуҷуд дорад, ки Берлин манфиатҳои ҳаётан муҳими худро ба нафъи стратегияи Ғарб қурбон кардааст. Сониян, эҳтимолияти аз даст рафтани соҳибихтиёрии ин кишвар ва саввум оқибатҳои таназзули иқтисодӣ низ нигаронкунанда аст", - илова намуд ӯ.
Ғарб фишори таҳримҳои Русияро дар робита ба Украина афзоиш додааст. Президент Владимир Путин изҳор дошт, ки сиёсати боздоштан ва заиф кардани Русия стратегияи дарозмуддати Ғарб аст ва таҳримҳо ба тамоми иқтисоди ҷаҳонӣ зарбаи ҷиддӣ заданд. Маскав борҳо изҳор доштааст, ки кишвар тамоми мушкилотеро, ки Ғарб барои ӯ эҷод мекунад, ҳал хоҳад кард.
Лентаи хабарҳо
0