https://sputnik.tj/20250224/olimoni-tojik-tavlidi-barq-ziyod-kard-1066344410.html
Олимони тоҷик гуфтан чӣ гуна метавон тавлиди барқро боз 20% зиёд кард
Олимони тоҷик гуфтан чӣ гуна метавон тавлиди барқро боз 20% зиёд кард
Sputnik Тоҷикистон
Олимони тоҷик мегӯянд агар ҳамагӣ 1% ҳудуди ҷумҳуриро бо панелҳои офтобӣ пӯшонанд, метавон 5 млрд киловатт/соатро неруи барқи иловагӣ тавлид кард
2025-02-24T13:09+0500
2025-02-24T13:09+0500
2025-02-24T13:09+0500
дар тоҷикистон
барқ
нерӯи барқ
нерӯгоҳи офтобӣ
бод
энергетика
олимон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/0d/1040855438_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_8dad78646a92c0c498338e8da41e7c31.jpg
ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Тибқи Стратегияи рушди "иқтисоди сабз" то соли 2030 ҳаҷми иқтидорҳои алтернативии истеҳсоли "энергияи сабз", яъне бо истифодаи захираҳои офтобиву бодӣ на кам аз 1000 мегаватт расонида шавад.Тавре рӯзномаи “Садои мардум” навиштааст, мувофиқи ҳисоби олимони Академияи миллии илмҳои ҷумҳурӣ, агар ҳамагӣ 1 дарсади ҳудуди ҷумҳуриро бо панелҳои офтобӣ пӯшонем, неруи барқе, ки аз онҳо тавлид мешавад, метавонад 5 миллиард киловатт/соатро ташкил диҳад.“Интенсивнокии радиатсияи офтоб дар кишвари мо ба 1 метри мураббаъ 1000 волтро ташкил медиҳад. Ин нишондиҳанда дар қиёс бо баъзе кишварҳои аврупоӣ, ки ҳоло неругоҳҳои офтобиро фаровон истифода мебаранд, хеле зиёд аст”,- таъкид кардаанд донишмандони тоҷик.Олимони Академия қайд карданд, ки агар дар ҷумҳурӣ мисли аврупоиҳо дар хонаҳои истиқоматӣ, мактабу муассисаҳои тандурустӣ ва фарҳангию варзиш насби панелу обгармкунакҳои офтобӣ васеъ ба роҳ монда шавад, метавон аз ин ҳисоб то 20 дарсади талаботи энергетикиро қонеъ намоем.Ёдовар мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон ахран таъкид карда буд, ки Тоҷикистон ба рушди энергияи алтернативӣ таваҷҷуҳ дорад"Таҷрибаи кишварҳои мутараққӣ нишон медиҳад, ки тавассути истифодаи энергияи офтоб арзиши гармкунии об ва манзилро то 70 дарсад кам кардан мумкин аст. Аз ин рӯ, имрӯз дар хонаҳои шахсӣ, иморатҳои баландошёна, мактабу беморхона ва корхонаҳои саноатии кишварҳои пешрафтаи дунё барои гарм кардани об коллекторҳои офтобӣ истифода мебаранд", - гуфт ӯ.Ба гуфтаи коршиносони тоҷик, шумораи рӯзҳои офтобӣ дар Тоҷикистон вобаста ба мавқеи ҷойгиршавии минтақаҳо соле ба 280-330 рӯз мерасад, ки ин нисбат ба кишварҳои аврупоӣ бештар аст.
https://sputnik.tj/20250131/vaziri-energetika-casa-ba-kor-medaroyad-1066063394.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/0d/1040855438_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_481a29b4a3636245259f485eeee03d89.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, энергетика, барқ, сарфа, офтобӣ, бодӣ, панел, нерӯи барқ
тоҷикистон, энергетика, барқ, сарфа, офтобӣ, бодӣ, панел, нерӯи барқ
Олимони тоҷик гуфтан чӣ гуна метавон тавлиди барқро боз 20% зиёд кард
Олимони тоҷик мегӯянд агар ҳамагӣ 1% ҳудуди ҷумҳуриро бо панелҳои офтобӣ пӯшонанд, метавон 5 млрд киловатт/соатро неруи барқи иловагӣ тавлид кард
ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Тибқи Стратегияи рушди "иқтисоди сабз" то соли 2030 ҳаҷми иқтидорҳои алтернативии истеҳсоли "энергияи сабз", яъне бо истифодаи захираҳои офтобиву бодӣ на кам аз 1000 мегаватт расонида шавад.
Тавре рӯзномаи
“Садои мардум” навиштааст, мувофиқи ҳисоби олимони Академияи миллии илмҳои ҷумҳурӣ, агар ҳамагӣ 1 дарсади ҳудуди ҷумҳуриро бо панелҳои офтобӣ пӯшонем, неруи барқе, ки аз онҳо тавлид мешавад, метавонад 5 миллиард киловатт/соатро ташкил диҳад.
“Интенсивнокии радиатсияи офтоб дар кишвари мо ба 1 метри мураббаъ 1000 волтро ташкил медиҳад. Ин нишондиҳанда дар қиёс бо баъзе кишварҳои аврупоӣ, ки ҳоло неругоҳҳои офтобиро фаровон истифода мебаранд, хеле зиёд аст”,- таъкид кардаанд донишмандони тоҷик.
Олимони Академия қайд карданд, ки агар дар ҷумҳурӣ мисли аврупоиҳо дар хонаҳои истиқоматӣ, мактабу муассисаҳои тандурустӣ ва фарҳангию варзиш насби панелу обгармкунакҳои офтобӣ васеъ ба роҳ монда шавад, метавон аз ин ҳисоб то 20 дарсади талаботи энергетикиро қонеъ намоем.
“Энергияи аз ин ҳисоб сарфашударо метавонем бо нархи баландтар ба хориҷи кишвар содирот намоем, ки ин ба нафъи ҷумҳурӣ хоҳад буд”, - қайд кардаанд донишмандон.
Ёдовар мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон ахран таъкид карда буд, ки Тоҷикистон ба рушди энергияи алтернативӣ таваҷҷуҳ дорад
"Таҷрибаи кишварҳои мутараққӣ нишон медиҳад, ки тавассути истифодаи энергияи офтоб арзиши гармкунии об ва манзилро то 70 дарсад кам кардан мумкин аст. Аз ин рӯ, имрӯз дар хонаҳои шахсӣ, иморатҳои баландошёна, мактабу беморхона ва корхонаҳои саноатии кишварҳои пешрафтаи дунё барои гарм кардани об коллекторҳои офтобӣ истифода мебаранд", - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи коршиносони тоҷик, шумораи рӯзҳои офтобӣ дар Тоҷикистон вобаста ба мавқеи ҷойгиршавии минтақаҳо соле ба 280-330 рӯз мерасад, ки ин нисбат ба кишварҳои аврупоӣ бештар аст.