https://sputnik.tj/20250224/guftugui-telefonii-putinu-rahmon-prezidentho-chiro-barrasi-kardand-1066350316.html
Гуфтугӯи телефонии Путину Раҳмон: Президентҳо чиро баррасӣ карданд
Гуфтугӯи телефонии Путину Раҳмон: Президентҳо чиро баррасӣ карданд
Sputnik Тоҷикистон
Руасои ҷумҳури Русия ва Тоҷикистон дар як суҳбати телефонӣ масъалаи рушди ҳамкориҳои ду кишварро баррасӣ карданд
2025-02-24T19:06+0500
2025-02-24T19:06+0500
2025-02-24T19:20+0500
дар тоҷикистон
русия
суҳбати телефонӣ
владимир путин
эмомалӣ раҳмон
ҳамкорӣ
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0c/19/1065659041_0:0:3014:1696_1920x0_80_0_0_20d8b57488acd51b90643d600c742d87.jpg
ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, гуфтугӯи телефонӣ анҷом дод.Дар ин бора дафтари матбуоти Кремл хабар додааст.Гуфта мешавад, ки сарони ду давлат ҷараёни иҷрои тавофуқҳоеро, ки дар пайи сафари Президенти Тоҷикистон ба Русия рӯзи 24 декабри соли 2024 ҳосил шуда буд, дар бахшҳои тиҷоративу иқтисодӣ, энергетикӣ, амниятӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ баррасӣ намуданд."Президентҳои Русия ва Тоҷикистон Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбати телефонӣ масъалаи рушди ҳамкориҳои ду кишварро баррасӣ карданд", - хабар медиҳад хадамоти матбуоти раисҷумҳури Русия.Гуфта мешавад, ки натиҷаи ин сӯҳбат дастурҳои сарони давлатҳо ба ҳукуматҳо ва идораҳои дахлдор хоҳад буд.Сарони давлатҳо аз сатҳи баланди шарикӣ ва иттифоқи стратегии Русия ва Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карданд.Гуфта мешавад, ки Путин ва Раҳмон дар бораи ҷадвали мулоқотҳои шахсӣ низ мувофиқа кардаанд.Мулоқотҳои сатҳи баланд миёни Русия ва Тоҷикистон дар ҷараёни сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Русия дар охири моҳи декабри соли гузашта сурат гирифта буд. Путин ва Раҳмон пайваста дар тамос ҳастанд, мулоқотҳо ва гуфтугӯҳои телефонии онҳо мунтазам сурат мегирад.
https://sputnik.tj/20241225/rahmon-putin-tojikiston-hamkori-rusiya-qanoatbakhsh-1065644552.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0c/19/1065659041_270:0:3001:2048_1920x0_80_0_0_2e5ef5c8ccf0c20bd7df8d8279c8708b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, русия, путин, раҳмон, суҳбати телефонӣ, ҳамкорӣ, равобит, президент, раисҷумҳур
тоҷикистон, русия, путин, раҳмон, суҳбати телефонӣ, ҳамкорӣ, равобит, президент, раисҷумҳур
Гуфтугӯи телефонии Путину Раҳмон: Президентҳо чиро баррасӣ карданд
19:06 24.02.2025 (Навсозишуда: 19:20 24.02.2025) Руасои ҷумҳури Русия ва Тоҷикистон дар як суҳбати телефонӣ масъалаи рушди ҳамкориҳои ду кишварро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, гуфтугӯи телефонӣ анҷом дод.
Дар ин бора дафтари матбуоти Кремл хабар додааст.
Гуфта мешавад, ки сарони ду давлат ҷараёни иҷрои тавофуқҳоеро, ки дар пайи сафари Президенти Тоҷикистон ба Русия рӯзи 24 декабри соли 2024 ҳосил шуда буд, дар бахшҳои тиҷоративу иқтисодӣ, энергетикӣ, амниятӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ баррасӣ намуданд.
"Президентҳои Русия ва Тоҷикистон Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбати телефонӣ масъалаи рушди ҳамкориҳои ду кишварро баррасӣ карданд", - хабар медиҳад хадамоти матбуоти раисҷумҳури Русия.
Гуфта мешавад, ки натиҷаи ин сӯҳбат дастурҳои сарони давлатҳо ба ҳукуматҳо ва идораҳои дахлдор хоҳад буд.
Сарони давлатҳо аз сатҳи баланди шарикӣ ва иттифоқи стратегии Русия ва Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карданд.
Гуфта мешавад, ки Путин ва Раҳмон дар бораи ҷадвали мулоқотҳои шахсӣ низ мувофиқа кардаанд.
Мулоқотҳои сатҳи баланд миёни Русия ва Тоҷикистон дар ҷараёни сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Русия дар охири моҳи декабри соли гузашта сурат гирифта буд. Путин ва Раҳмон пайваста дар тамос ҳастанд, мулоқотҳо ва гуфтугӯҳои телефонии онҳо мунтазам сурат мегирад.