Сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон: чӣ гарон шуд?

© Sputnik / Амир ИсаевПокупатели на рынке Мехргон в Душанбе
Покупатели на рынке Мехргон в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.03.2023
Обуна шудан
НовостиTelegram
Бино ба таҳлилҳо мизони умумии нархи маводи хӯрокворӣ дар Тоҷикистон дар ду моҳи аввали соли 2023 1,3 банди фоизӣ боло рафтааст
ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Дар Тоҷикистон мизони таваррум дар бахши истеъмолӣ 0,9 дарсадро ташкил медиҳад.
Чунин маълумотро барои моҳҳои январ-феврали соли равон Оҷонсии омори кишвар пешниҳод кардааст. Гуфта мешавад, ки танҳо дар моҳи феврал афзоиши таваррум 0,4 банди фоизиро ташкил додааст.
Ҳамин тариқ, қимати маҳсулоти хӯрокворӣ дар 2 моҳи соли 2023 1,3% афзоиш ёфт.
Афзоиши нархи молҳои ғайриозуқавӣ 1% ва хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ 0,1% -ро ташкил дод.
Экономический рост, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.01.2023
Бонки АвруОсиёии Рушд аз сустшавии таваррум дар Тоҷикистон гуфт
Қобили зикр аст, ки дар байни маводи ғизоӣ бештар аз ҳама молҳои зерин қимат шуданд:
сабзавот — 21,4%;
орди навъи якум — 9%,
картошка — 10,4%,
тухм — 12,9%.
Дар байни маҳсулоти ғайриғизоӣ нархҳо бештар аз инҳо боло рафтаанд:
бензин - 1,7%;
моддаҳои шустушӯй - 2,4%;
маҳсулоти фармасевтӣ - 0,9%;
масолеҳи бинокорӣ — 0,6%.
Дар бахши хизматрасонӣ ба аҳолӣ 2,4% кимат шудани нархи парвозҳоро қайд кардан мумкин аст.
Лентаи хабарҳо
0