https://sputnik.tj/20250224/afzoishi-korhoi-sokhtmoni-qalamravi-kishvarhoi-iiao-1066351124.html
Афзоиши корҳои сохтмонӣ дар қаламрави кишварҳои ИИАО идома дорад
Афзоиши корҳои сохтмонӣ дар қаламрави кишварҳои ИИАО идома дорад
Sputnik Тоҷикистон
Бино бар иттилои омори расмӣ ҳаҷми корҳои сохтмонӣ дар қаламрави Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё тамоюли болоравӣ дорад
2025-02-24T20:06+0500
2025-02-24T20:06+0500
2025-02-24T20:06+0500
ииао
авруосиё
сохтмон
омор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/0b/1050656594_0:0:3073:1728_1920x0_80_0_0_2f3874858b165da5ce3d11ce0c02b948.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Ҳаҷми корҳои сохтмонӣ дар ҳудуди Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё дар соли 2024 нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 3,3% афзоиш ёфтааст.Дар ин бора Комиссияи иқтисодии АвруОсиё хабар додааст.Ба иттилои манбаъ, афзоиш дар тамоми кишварҳои узви Иттиҳодияи АвруОсиёба қайд гирифта шудааст.Аз ҷумла дар Арманистон – 8%, Қирғизистон – 13%, Қазоқистон 13,1%, Беларус – 7,7% ва Русия – 2,1% мушоҳида шудааст.Дар гузориши ин ниҳод ҳамчунин дар бораи истеҳсоли саноатӣ ва кишоварзӣ, ҳамлу нақли бор ва мусофирон ва ғайра маълумотҳо оварда шудаанд.Ба иттилои Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон, давоми соли гузашта дар кишвар 1 млн 739,6 метри мураббаъ хона ба истифода дода шудааст, ки ин бо нишондоди ҳамин давраи соли 2023 тақрибан баробар аст.Низом Мирзозода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони кишвар дар нишасти ахири худ гуфт, ки дар Душанбе арзиши миёнаи як метри мураббаъ хона 780 доллар (тақрибан 8643 сомонӣ) мебошад.Се сол пеш ин ниҳод арзиши як метри мураббаъ хонаро дар пойтахт 4 ҳазору 170 сомонӣ гуфта буд.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/0b/1050656594_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_88d71e542fd865c122862c58dc7f4db2.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ииао, сохтмон, афзоиш, омор, авруосиё
ииао, сохтмон, афзоиш, омор, авруосиё
Афзоиши корҳои сохтмонӣ дар қаламрави кишварҳои ИИАО идома дорад
Бино бар иттилои омори расмӣ ҳаҷми корҳои сохтмонӣ дар қаламрави Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё тамоюли болоравӣ дорад
ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Ҳаҷми корҳои сохтмонӣ дар ҳудуди Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё дар соли 2024 нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 3,3% афзоиш ёфтааст.
Дар ин бора Комиссияи иқтисодии АвруОсиё хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, афзоиш дар тамоми кишварҳои узви Иттиҳодияи АвруОсиёба қайд гирифта шудааст.
Аз ҷумла дар Арманистон – 8%, Қирғизистон – 13%, Қазоқистон 13,1%, Беларус – 7,7% ва Русия – 2,1% мушоҳида шудааст.
Дар гузориши ин ниҳод ҳамчунин дар бораи истеҳсоли саноатӣ ва кишоварзӣ, ҳамлу нақли бор ва мусофирон ва ғайра маълумотҳо оварда шудаанд.
Ба иттилои Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон, давоми соли гузашта дар кишвар 1 млн 739,6 метри мураббаъ хона ба истифода дода шудааст, ки ин бо нишондоди ҳамин давраи соли 2023 тақрибан баробар аст.
Низом Мирзозода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони кишвар дар нишасти ахири худ гуфт, ки дар Душанбе арзиши миёнаи як метри мураббаъ хона 780 доллар (тақрибан 8643 сомонӣ) мебошад.
Се сол пеш ин ниҳод арзиши як метри мураббаъ хонаро дар пойтахт 4 ҳазору 170 сомонӣ гуфта буд.