Тоҷикистон алайҳи ДОИШ*: як соли “ҷанги пинҳон”

© AP / Sherin ZadaВооруженные сторонники движения ИГИЛ, архивное фото
Вооруженные сторонники движения ИГИЛ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.02.2025
Обуна шудан
Эксклюзив
Тайи як соли охир тахдид ба амнияти Точикистон аз тарафи ДОИШ* хеле афзудааст
ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Тайи чанд соли ахир истихбороти хориҷӣ солҳо ба ин сӯ дар пайи эҷоди як ривоят ҳастанд, ки Тоҷикистон як “хостгоҳи ДОИШ*” муаррифӣ шавад ва аз ин роҳ, суботи амнияти ин кишвари муҳим барои Русияву барҳам хӯрад.
Тибқи иттилои Прокуратураи генералии Тоҷикистон соли 2024 дар қаламрави ҷумҳурӣ 1494 ҷинояти марбут ба терроризму экстремизм сабт шудааст, ки ин рақам дар соли 2023 1228 мавридро дарбар мегирифт. Он гуна ки дида мешавад, ҷиноёти террористӣ-экстремистӣ 226 маврид ё 17,8% дар қиёс бо як соли қабл зиёд шудааст.
Чанд сол боз мақомоти қудратии Тоҷикистон ин далелҳоро шарҳ намедиҳанд ва аз зикри номи созмонҳои террористӣ ва ифротӣ худдорӣ мекунанд. Аммо он чи ки ба ДОИШ* дахл дорад, мавзуи алохидаи бахс аст.
Мақомоти қудратии Тоҷикистон, ки масъулияти мубориза бо терроризму экстремизмро ба зимма доранд, чанд сол ба ин сӯ шарҳу тавзеҳе дар бораи ин ҷиноёт намедиҳанд ва ҳам аз бурдани номи созмонҳои террористиву экстремистӣ худдорӣ мекунанд, аммо он чӣ ки ба ДОИШ (созмони маннуъаи террористӣ дар Тоҷикистону Русия) рабт мегирад, ҷудо аз ин баҳс аст.
Постоянный представитель Российской Федерации при Организации Объединённых Наций и в Совете Безопасности ООН Василий Небензя - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.06.2024
Небензя аз хатари дастёбии ДОИШ* дар Афғонистон ба силоҳи ғарбӣ гуфт
Ҷумъаназар Саидаҳмадзода, сардори Раёсати муқовимат бо терроризм ва экстремизми Прокуратураи генералии Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ дар посух ба суоли Sputnik Тоҷикистон гуфт, воқеан фаъолиятҳои ДОИШ* дар қаламрави Тоҷикистон дар як соли гузашта шиддат пайдо кард.
“Дар қаламрави кишвар теъдоде аз аъзои ин созмони террористӣ дастгир шуда, алайҳи онҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз шуданд. Дар пайи тафтишоти мақомот ҷурми онҳо тасбит ва парвандаҳо ба додгоҳ ирсол шуд”, - гуфт Ҷумъаназар Саидаҳмадзода.
Дар ҳамин ҳол, аз 1228 ҷинояти террористиву экстремистие, ки дар гузориши Прокуратураи генералӣ омадааст, фақат теъдоди каме аз онҳо расонаӣ шудаанд ва ҷолиб ин аст, ки ҳама марбут ба ДОИШ*-анд ва пинҳон доштани онҳо ҳам имкон надошт.

“Соли ДОИШ”*

Дар як соли гузашта дасти кам чаҳор амали террористии ДОИШ* сари забони расонаҳо афтод, ки ривоят аз ташдиди фаъолиятҳои ин созмони террористӣ дар Тоҷикистон мекунад.
Аввалин ҳодиса дар рӯзҳои аввали сол, дақиқан 5 январ, дар минтақаи Кӯлоб рух дод. Чанд ҷавон, ки баъдтар маълум шуд, аъзои ДОИШ* будаанд, мошини хидматии Салим Сайвализода, раиси созмони Ҳизби халқӣ-демократӣ, ҳизби ҳокими Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлобро дар назди хонааш дар деҳаи Тӯдакаш бо истифода аз “маводи худсохти тарканда” инфиҷор доданд. Масъули ҳизби ҳоким бо гирифтани ҷароҳатҳои сабук аз ҳодиса ҷон ба саломат бурд.
Ҷумъаназар Саидаҳмадзода гуфт, ин амали террористӣ бо раҳбарии Бахтиёр Маҷидзода ва нуҳ ҳамаслаки ӯ анҷом шуд, ки ҳамагӣ боздошт ва бо муҳлатҳои мухталиф аз 5 сол то ҳукми абад зиндонӣ шуданд.
“Ҳадафи онҳо афкандани даҳшату воҳимаву тарс дар ҷомиа буд, ки яке аз аҳдофи аслии созмонҳои террористӣ аст. Терористон ва пуштибонҳои онҳо бар инанд, ки агар шахсони маъруф, бонуфуз ё дигар мансабдорони баландмақомро ҳадаф гиранд, дар ҷомеа бештар рубъу ваҳшат меофаринанд. Интихоби Сайвализода, як чеҳраи маъруфу расмӣ дар шаҳри Кӯлоб, аз ин хотир буд”, - гуфт Ҷумъаназар Саидаҳмадзода.
Глава Минобороны РФ С. Шойгу посетил пункт одного из объединений Западной группировки войск - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.02.2024
Ҳушдори Шойгу аз ҳадафи фаъолшавии ДОИШ* ва созмонҳои ғарбгаро дар Осиёи Марказӣ
Бино ба манобеъи дигар, яке аз ин нуҳ “ҳаммаслак” хонуми Бахтиёр Маҷидзода будааст, ки барои аъзои созмон “байрақи ДОИШ*-ро медӯхт”.
Ҳодисаи дуввум, ё амали нокоми террористии аъзои ДОИШ*, ки ба ҳадафи эҷоди ваҳшату тарс дар ҷомиа нақшагузорӣ шуда буд, қарор буд рӯзҳои наврӯзӣ, дақиқан, 21 март иттифоқ афтад. Аммо мақомоти амниятии Тоҷикистон аз ин ҳодиса ҷилавгирӣ ва омилинро боздошт карданд. Моҳи августи соли гузашта Прокуратураи генералӣ боздошти беш аз 20 нафарро таъйид намуда, ин тафсилотро дода буд, ки ин афрод мехостанд дар дегҳои ғизоъи ҷашни Наврӯз дар варзишгоҳи шаҳри Ваҳдат заҳр андозанд.
Ҳол бо гузашти қариб як сол мақомот дар бораи ин боздоштҳо тафсилоти ҷадидро ироа мекунад. Ба қавли сардори Раёсати муқовимат бо терроризм ва экстремизми Прокуратураи генералии Тоҷикистон, он замон беш аз 30 нафар боздошт шуда, 10 нафари дигар ҳанӯз дар пайгард қарор доранд
“Раҳбари онҳо касе ба номи Абубакр Ҳикматов аст ва дар гуруҳи ӯ на фақат зодагони Ваҳдат, балки шаҳру навоҳии Душанбе, Кӯлоб, Суғд, вилояти Суғд ва дигар навоҳӣ низ шомиланд. Нисбати ҳама парвандаи ҷиноӣ тартиб шуда, бо ҳукми суд ҳама аз 8 то 20 сол маҳкум ба зиндон шуданд”, - гуфт Ҷумъаназар Саидаҳмадзода.
Зимнан, ин боздоштҳо замоне иттифоқ афтоданд, ки дар пайи он дар шаҳри Маскав чаҳор шаҳрванди Тоҷикистон ба Толори консертии “Крокус Сити Ҳолл” дар ҳумаи шаҳри Маскав ҳамлаи террористӣ анҷом дода, ҳудуди 145 нафар, аз ҷумла занону кӯдаконро ба ҳалокат расонданд. Ин ду ҳодиса оё то куҷо аз сӯи гардонандагони аслии ДОИШ* ба таври амдӣ дар як замон тарҳрезӣ шуда буданд, суоли боз аст.
Ҳодисаи сеюм, низ як ҳамлаи ноком ба ҷони Саидмукаррам Абдулқодирзода, муфтӣ ё раиси Шурои уламои Тоҷикистон, бегоҳи 11 сентябр, пас аз намози мағриб дар саҳни Масҷиди марказии Душанбе рух дод, ки як ҷавон бо корд ба ӯ ҳамла бурд ва муфтӣ бо гирифтани ҷароҳатҳои начандон вазнин, наҷот ёфт.
Министр внутренних дел Таджикистана Рамазон Рахимзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.02.2025
Раҳимзода ошӯби зиндон дар Ваҳдатро кори ифротгароён хонд
Суди олии Тоҷикистон ин ҳодисаро “сӯиқасд ба куштор” ва як ҳамлаи террористии гурӯҳӣ арзёбӣ карда, хабар дод, ки се нафар – шахси ҳамлавар, ки аз ин ҷиноят огоҳ буд, аммо мақомотро огоҳ накард, маҳкама ва аз 2 то 26 сол равонаи зиндон шуданд.
Манобеъи расмӣ онҳоро аъзои гуруҳи террористӣ унвон карда, номи ягон созмонро зикр накарданд, аммо манобеъи Sputnik Тоҷикистон мегӯянд, инҳо низ аз хориҷ дастур гирифта буданд.
Ҳодисаи чаҳорум, ба истилоҳ, ошӯби 9 узви ДОИШ* дар зиндони Ваҳдат буд, ки рӯзи 3 феврали соли равон иттифоқ афтода, бино ба иттилои мақомот, дар пайи он се нигаҳбони зиндон, ба шумули сардори он, захмӣ ва се маҳбуси дигар, кушта шудаанд. Мақомот дар ин робита парвандаи ҷиноӣ боз карда, зоҳиран дар бораи авомили он ҳарфе барои гуфтан надоранд, зеро таҳқиқ нав шуруъ шудааст.

“Ҳар чӣ камтар донӣ, беҳтар мехобӣ”

Чаҳор мисоле, ки дар боло овардем, як ҳиссаи хурдтарини 1228 ҷинояти экстремистиву террористӣ дар Тоҷикистон аст. Бақия маворид чӣ тафсилот доранд ва чаро расонаӣ нашуданд, аз нигоҳи ҳамсуҳбатони Sputnik Тоҷикистон, аз як сиёсати огоҳонаи мақомоти Тоҷикистон бармеояд.
Фирдавс Ҷалилов, коршинос дар умури амниятӣ, мегӯяд, солҳои гузашта низ мақомот дар гузоришу ҳисоботҳои худ аз ҷиноёти марбути терроризму экстремизм намегуфтанд, ба истиснои мавориде, ки онҳоро намешуд аз ҷомиа пинҳон кард ва лозим дониста мешуд, ки боз ҳам барои рафъи сӯитафоҳумҳо тафсилот ироа шавад.
“Ин як чархиш дар сиёсатҳои Тоҷикистон аст, зеро дар гузашта бо ироаи маълумот ва ном бурдани созмонҳои террористӣ дар гузоришҳои расмӣ ба ҷомиаи ҷаҳонӣ паём дода мешуд, ки кишвар қурбонии терроризм аст. Ҳол вазъ тағйир хӯрда, ин таваққуъ аз, ба истилоҳ, ҷомиаи ҷаҳонӣ маъно надорад, чун бархӯрди он ба терроризм тағйир хӯрдааст, балки кишварҳои Ғарб созмонҳои террористиро ба абзори нуфузи худ табдил кардаанд, аз ҷумла ҳамин ДОИШ*-ро дар Тоҷикистон. Табъан бузург кардани хатари терроризм сутуни фуқароти амнияти миллӣ – оромиши азҳони умум ва эътимод ба ҳукуматро тахриб мекунад”, - гуфт Фирдавс Ҷалилов.
Сирийские террористы в деревне Анджара на западной окраине Алеппо, Сирия, в четверг, 28 ноября 2024 года - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.12.2024
“Такфириҳои Осиёи Марказӣ” ё ҷанги охирини Вашингтон барои бақо
Аммо тарҳи ҳамлаҳои террористӣ танҳо барномаи пуштибонони ДОИШ* алайҳи Тоҷикистон набуд. Соли гузашта пас аз ҳамлаи террористӣ дар “Крокус Сити Ҳол” – и ҳумаи Маскав, расонаҳои ғарбӣ як маъракаи бузурги иттилоотӣ алайҳи Тоҷикистонро ба роҳ андохтанд, ки бар асоси он, талош шуд ин кишварро ҳамчун “хостгоҳи ДОИШ” ва “парваришгоҳи гуруҳҳои ҷиҳодӣ” муаррифӣ кунанд.
Қабл аз ин ДОИШ* ва пуштибонони ғарбиву минтақаиаш шаҳрвандони Тоҷикистонро дар ҳамалоти террористӣ дар Эрон, Афғонистон, Туркия ва ниҳоят Русия истифода карданд, то равобити ин кишварро бо шарикони аслиаш – Эрон, Чин ва Русия хароб кунанд. Ин кор роҳандозии низоми бераводид бо Эронро ба таъхир андохт ва Туркия дар ҳамнавоӣ бо ин барнома барои шаҳрвандони Тоҷикистон низоми бераводидро лағв кард.
Коршиносон мегӯянд, ҳаводиси террористӣ ва тавтиаҳои истихбороти хориҷӣ дар дохилу хориҷ асаре маънидор дар азҳони умум ва амнияти Тоҷикистон нагузоштанд. Аммо ин ба он маъно нест, ки ин барномаҳои арзону камхарҷ ба хотири даст ёфтан ба суди бузурги геополитикӣ қатъ хоҳанд шуд, зеро Тоҷикистон як кишвари ҳамкори Русияву Чин аст.
* - созмони маннуъаи террористӣ дар Тоҷикистону Русия
Лентаи хабарҳо
0