https://sputnik.tj/20250222/shirkati-uzbekistoni-dushanebe-korkhona-shishabarori-mesozad-1066329346.html
Бузургтарин ширкати узбекистонӣ дар Душанебе корхонаи шишабарорӣ месозад
Бузургтарин ширкати узбекистонӣ дар Душанебе корхонаи шишабарорӣ месозад
Sputnik Тоҷикистон
Корхонаи шишабарории вилояти Фарғонаи Узбекистон "Кварс" корҳои муқаддимотиро дар шаҳри Душанбе ба анҷом расонида, ба бунёди корхонаи муштарак оғоз хоҳад кард
2025-02-22T16:25+0500
2025-02-22T16:25+0500
2025-02-22T16:25+0500
дар тоҷикистон
узбекистон
ҳамкорӣ
коргоҳ
душанбе
саноат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/14/1032657249_0:118:3430:2047_1920x0_80_0_0_3e1efbd83ecae9c8ff499170f99f1ac6.jpg
ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Дар пойтахти Тоҷикистон корхонаи бузурги шишабарории муштараки Узбекистону Тоҷикистон бунёд мешавад.Ин масъала дар мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Узбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода бо Директори генералии корхонаи шишабарории вилояти Фарғонаи Узбекистон "Кварс" Акмалҷон Бӯриев баррасӣ шуд.Тавре сафорати Тоҷикистон дар Узбекистон хабар додааст, дар ин дидор масоили марбут ба тавсеаи ҳамкории дуҷонибаи истеҳсолӣ ва таъсиси корхонаи муштараки саноатӣ дар Тоҷикистон баррасӣ шуданд.Қайд карда шудааст, ки ахиран Абдуҷаббор Раҳмонзода ҳамроҳ бо коршиносон дар ноҳияи Қуввасойи вилояти Фарғона дар корхонаи шишабарории "Кварс" бо фаъолияти корӣ ва тавлиди шиша дар ин коргоҳ шинос шуданд.Ҳарду ҷониб ба мувофиқа расиданд, ки корҳои муқаддимотиро дар шаҳри Душанбе ба анҷом расонида, ба бунёди корхонаи муштарак иқдом гиранд.Интизор меравад, ки дар оянда дар Тоҷикистон боз як корхонаи пуриқтидори саноатӣ таъсис гардад.
https://sputnik.tj/20240917/maqomdoron-tojikiston-peshravihoi-uzbekiston-tashkili-moi-meomuzad-1064357443.html
узбекистон
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/14/1032657249_395:0:3124:2047_1920x0_80_0_0_cb541abd242e67a86dd74d8a258bf1de.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, узбекистон, ширкат, корхона, шишабарорӣ, саноат, сафорат
тоҷикистон, узбекистон, ширкат, корхона, шишабарорӣ, саноат, сафорат
Бузургтарин ширкати узбекистонӣ дар Душанебе корхонаи шишабарорӣ месозад
Корхонаи шишабарории вилояти Фарғонаи Узбекистон "Кварс" корҳои муқаддимотиро дар шаҳри Душанбе ба анҷом расонида, ба бунёди корхонаи муштарак оғоз хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Дар пойтахти Тоҷикистон корхонаи бузурги шишабарории муштараки Узбекистону Тоҷикистон бунёд мешавад.
Ин масъала дар мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Узбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода бо Директори генералии корхонаи шишабарории вилояти Фарғонаи Узбекистон "Кварс" Акмалҷон Бӯриев баррасӣ шуд.
Тавре сафорати Тоҷикистон дар Узбекистон хабар додааст, дар ин дидор масоили марбут ба тавсеаи ҳамкории дуҷонибаи истеҳсолӣ ва таъсиси корхонаи муштараки саноатӣ дар Тоҷикистон баррасӣ шуданд.
Қайд карда шудааст, ки ахиран Абдуҷаббор Раҳмонзода ҳамроҳ бо коршиносон дар ноҳияи Қуввасойи вилояти Фарғона дар корхонаи шишабарории "Кварс" бо фаъолияти корӣ ва тавлиди шиша дар ин коргоҳ шинос шуданд.
Ҳарду ҷониб ба мувофиқа расиданд, ки корҳои муқаддимотиро дар шаҳри Душанбе ба анҷом расонида, ба бунёди корхонаи муштарак иқдом гиранд.
Интизор меравад, ки дар оянда дар Тоҷикистон боз як корхонаи пуриқтидори саноатӣ таъсис гардад.