https://sputnik.tj/20240917/maqomdoron-tojikiston-peshravihoi-uzbekiston-tashkili-moi-meomuzad-1064357443.html
Мақомдорони Тоҷикистон пешравиҳои Узбекистон дар ташкили МОИ-ро меомузанд
Мақомдорони Тоҷикистон пешравиҳои Узбекистон дар ташкили МОИ-ро меомузанд
Sputnik Тоҷикистон
Ҳайати баландпояи мақомоти Тоҷикистон сафари омӯзишӣ ба минтақаҳои озоди иқтисодии Узбекистон анҷом доданд
2024-09-17T10:46+0500
2024-09-17T10:46+0500
2024-09-17T11:20+0500
дар тоҷикистон
узбекистон
ҳамкорӣ
иқтисод
коргоҳ
ҳайат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/09/10/1064356942_0:300:2048:1452_1920x0_80_0_0_deb1912be6b69d7eccd65fb4e226f97a.jpg
ДУШАНБЕ, 17 сент – Sputnik. Ҳайати расмии кишвар иборат аз кормандони дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон, вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, адлия, молия, корҳои хориҷӣ ва Кумитаи андоз таҳти роҳбарии муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдо - Ашурбой Солеҳзода сафари омӯзишӣ ба минтақаҳои озоди иқтисодии Узбекистон анҷом доданд.Дар доираи сафар мулоқоти Ашурбой Солеҳзода бо Ғуломов Шоҳрух муовини Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои хориҷии Узбекистон баргузор гардид.Зимни мулоқот қайд карда шуд, ки ҳамкориҳои ду кишвари дӯсту ҳамсоя ба сатҳи шарикии стратегӣ баромадааст.Дар навбати худ Ғуломов Шоҳрух, ки айни замон дар Узбекистон 29 минтақаи озоди (махсуси) иқтисодӣ дар масоҳати умумии зиёда аз 9000 га замин таъсис дода шуда, дар онҳо зиёда аз 1000 корхона ба қайд гирифта шудааст.“Аз шумораи умумии корхонаҳои бақайдгирифташуда, ҳоло 654 корхона фаъолияти истеҳсолиро ба роҳ мондаанд. Ҳаҷми сармоягузорӣ ба ҳамаи МОИ - и Узбекистон аз аввали фаъолият 3,7 миллиард долларро ташкил дода, дар онҳо зиёда аз 60 ҳазор ҷои корӣ таъсис дода шудааст. Аз аввали фаъолият ба маблағи зиёда аз 960 миллион доллар маҳсулот содирот карда шудааст”, - хабар дод мақомдори узбек.Қайд карда шудааст, ки дар доираи сафар ҳайати расмии Тоҷикистон аз минтақаҳои озоди иқтисодии "Ангрен", "Ургут", "Навоӣ", "Ҷиззах", "Термез" ва минтақаи савдои озоди "Айритом" боздид намуда, бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолию саноатӣ, имкониятҳои сармоягузорӣ, таҷрибаи пешқадами ташкилу идоракунии минтақаҳои мазкур шиносоӣ пайдо кард.
https://sputnik.tj/20240911/tranziti-molhoi-tojikiston-uzbekiston-soddatar-meshavad-1064294802.html
узбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/09/10/1064356942_105:131:1913:1487_1920x0_80_0_0_45e1e9edfe2045d83f1b8f950795888c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, узбекистон, мақомдор, мои, ҳайат, муовини вазир, иқтисод, сиёсат
тоҷикистон, узбекистон, мақомдор, мои, ҳайат, муовини вазир, иқтисод, сиёсат
Мақомдорони Тоҷикистон пешравиҳои Узбекистон дар ташкили МОИ-ро меомузанд
10:46 17.09.2024 (Навсозишуда: 11:20 17.09.2024) Ҳайати баландпояи мақомоти Тоҷикистон сафари омӯзишӣ ба минтақаҳои озоди иқтисодии Узбекистон анҷом доданд
ДУШАНБЕ, 17 сент – Sputnik. Ҳайати расмии кишвар иборат аз кормандони дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон, вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, адлия, молия, корҳои хориҷӣ ва Кумитаи андоз таҳти роҳбарии муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдо - Ашурбой Солеҳзода сафари омӯзишӣ ба минтақаҳои озоди иқтисодии Узбекистон анҷом доданд.
Дар доираи сафар мулоқоти Ашурбой Солеҳзода бо Ғуломов Шоҳрух муовини Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои хориҷии Узбекистон баргузор гардид.
Зимни мулоқот қайд карда шуд, ки ҳамкориҳои ду кишвари дӯсту ҳамсоя ба сатҳи шарикии стратегӣ баромадааст.
Дар навбати худ Ғуломов Шоҳрух, ки айни замон дар Узбекистон 29 минтақаи озоди (махсуси) иқтисодӣ дар масоҳати умумии зиёда аз 9000 га замин таъсис дода шуда, дар онҳо зиёда аз 1000 корхона ба қайд гирифта шудааст.
“Аз шумораи умумии корхонаҳои бақайдгирифташуда, ҳоло 654 корхона фаъолияти истеҳсолиро ба роҳ мондаанд. Ҳаҷми сармоягузорӣ ба ҳамаи МОИ - и Узбекистон аз аввали фаъолият 3,7 миллиард долларро ташкил дода, дар онҳо зиёда аз 60 ҳазор ҷои корӣ таъсис дода шудааст. Аз аввали фаъолият ба маблағи зиёда аз 960 миллион доллар маҳсулот содирот карда шудааст”, - хабар дод мақомдори узбек.
Қайд карда шудааст, ки дар доираи сафар ҳайати расмии Тоҷикистон аз минтақаҳои озоди иқтисодии "Ангрен", "Ургут", "Навоӣ", "Ҷиззах", "Термез" ва минтақаи савдои озоди "Айритом" боздид намуда, бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолию саноатӣ, имкониятҳои сармоягузорӣ, таҷрибаи пешқадами ташкилу идоракунии минтақаҳои мазкур шиносоӣ пайдо кард.