Иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси СММ оид ба тағйирёбии иқлим - видео

Обуна шудан
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси 29-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим дар Боку иштирок дорад
12 ноябр Конфронси 29-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим дар Боку ба кори худ шуруъ намуд.
Дар конфронси мазкур президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, сарони 80 давлат, Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, роҳбарони ҳукуматҳо ва ҳайатҳои даҳҳо ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ иштирок доранд.
Кишвардори Тоҷоикистон ва дигар иштирокдоронро дар макони баргузории ҳамоиш Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев ва Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш истиқбол гирифтанд.
Раҳмон бо имоми акбари “Ал-Азҳар” мулоқот кард: аз чӣ гуфтанд?
Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси роҳбари давлати пешсаф дар пешбурди масоили ҷаҳонии обу иқлим дар ифтитоҳи ҳамоиши сатҳи сарони давлатҳо яке аз аввалинҳо шуда, суханронӣ менамоянд.
ҲАмчунин роҳбари Тоҷикистон дар чанд чорабиниҳои дигари каноравӣ иштирок ва ибрози андеша хоҳанд намуд.
Лентаи хабарҳо
0