Нишондиҳандаҳои асосии иқтисодии Тоҷикистон барои соли 2024 эълон шуданд

© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевПродавец в магазине считает сдачу
Продавец в магазине считает сдачу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.02.2025
Обуна шудан
Дар соли гузашта рушди иқтисоди миллиро чанд бахш таъмин кард, аммо саҳми бештар ба бахши истехсолоти саноатӣ рост омадааст
ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Суръати миёнаи рушди иқтисоди Тоҷикистон дар 5 соли охир 7,7% ташкил дод. Ин нисбат ба панҷ соли пеш 0,7 банди фоизӣ бештар (2015-2019) бештар аст.
Ин маълумот дар гузориши ниҳоии Вазорати рушди иқтисоди кишвар оварда шудааст.
Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон дар соли гузашта 153,4 миллиард сомониро ташкил дода, суръати рушди воқеии он ба 8,4% расид, гуфта мешавад дар гузориш.
Дар баробари ин рушди иқтисоди миллӣ дар соли гузашта бештар аз ҳисоби истеҳсолоти саноатӣ таъмин гардидааст. Афзоиш дар ин бахш 20%-ро ташкил дод.
© SputnikНишондиҳандаҳои асосии иқтисодии Тоҷикистон
Нишондиҳандаҳои асосии иқтисодии Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.02.2025
Нишондиҳандаҳои асосии иқтисодии Тоҷикистон
Ҳамчунин афзоиши нишондиҳандаҳои табодули коло 13,6% ва нақлиёти мусофирбар 13,4 фоизро ташкил дод.
Таваррум бошад, дар сатҳи 3,6% қарор гирифт. Ин назар ба соли 2023 0,2% камтар аст.
Афзоиши нархи маводи ғизоӣ дар Тоҷикистон дар соли гузашта дар сатҳи 3%, маҳсулоти ғайриозуқа 4% ва хизматрасонӣ 4,8% сабт шуд. Маҳз ҳамин соҳаҳо ба ташаккули таваррум таъсир расонидаанд, таъкид мешавад дар гузориши Вазорати рушди иқтисод.
Заглушка к инфографике Внешнеторговый оборот Таджикистана в I полугодии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.02.2025
Тоҷикистон дар соли 2024 чӣ содирот кард?
Қаблан иттилоъ дар бораи рушди содироти Тоҷикистон дар соли гузашта хабар дода шуда буд.
Тибқи маълумоти Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ, дар соли 2024 ҳаҷми содироти молу хизматрасонӣ ба хориҷ аз 1,9 миллиард доллар гузашт.
Дар ҳамин ҳол, дар соли 2023 ин рақам 2,4 миллиард долларро ташкил дод, ки 20,5% коҳишёбӣ нишон додааст.
Лентаи хабарҳо
0