Тоҷикистон дар соли 2024 чӣ содирот кард?

Обуна шудан
Тоҷикистон фурӯши маҳсулоташро ба кишварҳои хориҷӣ дар соли 2024 нисбат ба соли 2023 наздик ба 21% коҳиш додааст
Бино ба маълумоти Хадамоти гумруки Тоҷикистон, дар соли 2024 ҳаҷми содироти коло ва хизматрасонӣ ба хориҷ аз 1,9 миллиард доллар гузашт.
Дар ҳамин ҳол, дар соли 2023 ин рақам 2,4 миллиард доллар расидааст, яъне 20,5% коҳиш ёфт.
Тоҷикистон фурӯши фулузоти қиматбаҳо, ки яке аз маҳсулоти аслии содиротиаш буд, низ коҳиш додааст. Мақомот шарҳ доданд, ки ин ба хотири диверсификатсияи захираҳои онҳо рух додааст.
Дар соли 2024 аз ҳама бештар содироти молҳои Тоҷикистон инҳоянд:
канданиҳои фоиданок - 24%,
металлҳои қиматбаҳо - 17,8%,
сурма - 13,3%,
риштаи пахтагӣ — 10,9 фоиз,
Алюминийи аввалия - 10,4%.
Қобили зикр аст, ки Русия солҳои тӯлонӣ шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон буд.
Гардиши коло миёни ду кишвар дар соли 2024 1,98 миллиард долларро (соли 2023 - 1,71 миллиард доллар) ташкил дода, 15,6% афзоиш ёфтааст.
Лентаи хабарҳо
0