https://sputnik.tj/20250108/muloqot-sarvaziron-tojikiston-qirghiziston-uzbekiston-marz-1065792363.html
Мулоқоти сарвазирони Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон дар марз шурӯъ шуд
Мулоқоти сарвазирони Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон дар марз шурӯъ шуд
Sputnik Тоҷикистон
Қоҳир Расулозода, сарвазири Тоҷикистон, Одилбек Қосималиев, раиси Девони вазирони Қирғизистон ва Абдулло Орипов, сарвазири Ӯзбекистон дар марз гирди ҳам... 08.01.2025, Sputnik Тоҷикистон
2025-01-08T12:57+0500
2025-01-08T12:57+0500
2025-01-08T14:08+0500
дар тоҷикистон
узбекистон
қирғизистон
марз
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/01/08/1065793021_72:46:1133:643_1920x0_80_0_0_7e819c98bdb9c2706becf515c8313063.jpg
ДУШАНБЕ, 8 янв – Sputnik. Мулоқоти сарвазирони Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон дар марзи миёни шаҳри Исфара ва ноҳияи Ботканд оғоз шуд. Дар ин бора манобеъи Sputnik Тоҷикистон аз ҳукумати шаҳри Исфара иттилоъ доданд. Бино ба иттилоъи манбаъ, дар мулоқоти сеҷониба масъалаҳои марзӣ мавриди баррасӣ қарор дода мешавад. Тоҷикистону Қирғизистон байни ҳам беш аз 970 километр марзи муштарак доранд, аммо номуайян боқӣ мондани сарҳад то соли 2022 борҳо сабаби рухдоди муноқишаҳои марзӣ гардида буд. Дар охирин муноқишаи марзӣ, ки соли 2022 рух дод, таҷҳизоти вазнини ҷангӣ истифода шуд ва аз ҳарду ҷониб садҳо нафар ҳалок шуданд. Комиссияи байниҳуқуматии Тоҷикистону Қирғизистон дар моҳи декабри соли 2024 эълом доштанд, ки сарҳади давлатиро байни ҳам пурра муайян намуданд.
https://sputnik.tj/20241231/marz-qirghiziston-kay-boz-meshavad-1065737253.html
узбекистон
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/01/08/1065793021_37:0:1174:853_1920x0_80_0_0_7966cf0bd6e5613037514cc4dc6e3bfb.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, узбекистон, қирғизистон, марз, сиёсат
дар тоҷикистон, узбекистон, қирғизистон, марз, сиёсат
Мулоқоти сарвазирони Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон дар марз шурӯъ шуд
12:57 08.01.2025 (Навсозишуда: 14:08 08.01.2025) Эксклюзив
Қоҳир Расулозода, сарвазири Тоҷикистон, Одилбек Қосималиев, раиси Девони вазирони Қирғизистон ва Абдулло Орипов, сарвазири Ӯзбекистон дар марз гирди ҳам омаданд
ДУШАНБЕ, 8 янв – Sputnik. Мулоқоти сарвазирони Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон дар марзи миёни шаҳри Исфара ва ноҳияи Ботканд оғоз шуд.
Дар ин бора манобеъи Sputnik Тоҷикистон аз ҳукумати шаҳри Исфара иттилоъ доданд.
Бино ба иттилоъи манбаъ, дар мулоқоти сеҷониба масъалаҳои марзӣ мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.
“Субҳи имрӯз мулоқоти сарвазирон дар гузаргоҳи наздисарҳадии “Гулистон” -и шаҳри Исфара, ҳаммарз бо гузаргоҳи “Қизилбел” -и ноҳияи Ботканд шурӯъ шуд” – гуфт, манбаъ.
Тоҷикистону Қирғизистон байни ҳам беш аз 970 километр марзи муштарак доранд, аммо номуайян боқӣ мондани сарҳад то соли 2022 борҳо сабаби рухдоди муноқишаҳои марзӣ гардида буд.
Дар охирин муноқишаи марзӣ, ки соли 2022 рух дод, таҷҳизоти вазнини ҷангӣ истифода шуд ва аз ҳарду ҷониб садҳо нафар ҳалок шуданд.
Комиссияи байниҳуқуматии Тоҷикистону Қирғизистон дар моҳи декабри соли 2024 эълом доштанд, ки сарҳади давлатиро байни ҳам пурра муайян намуданд.