Мақомоти Эрон: Сиёсати мо бо Тоҷикистони афзоиши равобити иқтисодӣ, саноатӣ ва тиҷорӣ аст

© Foto / Хадамоти матбуоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ТоҷикистонИран Таджикистан флаг
Иран Таджикистан флаг - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.02.2025
Обуна шудан
Вазири мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеъи дастӣ гуфт, сиёсати куллӣ Эрон дар мавриди Тоҷикистон, афзоиши равобит дар ҳавзаи иқтисодӣ, саноатӣ ва тиҷорӣ аст
ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Саидризо Солеҳамирӣ дар дидор бо Қоҳир Расулзода нахуствазири Тоҷикистон дар Теҳрон таъкид кард, ки ахиран ҳамроҳ бо раисҷумҳур ба Душанбе беш аз 100 аз сармоягузорони эронӣ сафар карданд ва дар ин сафар 13 қарордоди дуҷонибаи байни сармоягузорон ва 23 тафоҳумнома байни вузарои Эрону Тоҷикистон ба имзо расид.
Вай илова кард, ки сиёсати кулли Эрон бо Тоҷикистон афзоиши равобит дар ҳавзаи иқтисодӣ, санъатӣ ва тиҷорӣ аст.
Солеҳамирӣ таъкид кард, ки Эрон ба дунбол ин аст, ки зарфияти гардишгариро аз ҳашт ҳазор ба 100 ҳазор нафари афзоиши диҳад.
“Дар давлатҳои Эрону Тоҷикистон азми ҷаддӣ бар тавсеаи равобит вуҷуд дорад. Тарафи тоҷик дар ин хусуси ҷаддӣ ва бо тавон ҳаддиаксаре ворид шуд. Мо ҳам ба сурати ҷаддии вориди шудем. Бовар дорем ҳаракатҳое, ки оғозшуда дар соли наздик ба самар хоҳад расид ва натиҷа хоҳем гирифт”, -гуфт мақомдори эронӣ.
Вазири мироси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеъи дастӣ гуфт, як ҳайати баландпояи ин вазорат дар ояндаи наздик ба Тоҷикстон сафар мекунанд то тафоҳномаҳҳое, ки мо дар Душанбе дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон ва Масъуд Пизишкиён руасои ҷумҳури ду кишвар ба имзо расид тафоҳмномаҳое, ки ҳафта қабл дар Теҳрон бо вазири гардишгарӣ имзо кардам, амалиётӣ шавад.
Встреча министра энергетики Далера Джумъа с министром нефти Ирана Мохсеном Покнажадом  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.02.2025
Тоҷикистон аз Эрон бо нархҳои имтиёзнок мехоҳад нафт бихарад
Солеҳамирӣ идома дод, ки барномаи Эрон тавсеаи равобит бо Осиёи Миёна, Қафқоз дар ҳавза Наврӯз аст. Нуқтаи оғози Тоҷикистон, Озарбойҷон, Арманистон, Гурҷистон аст.
Вай гуфт, гӯфтугӯҳои созандае доштем ва ин масирро тадовум хоҳем дод.
Вай бо баёни инки дар ҳавзаи гардишгарӣ ба сармояи сангин ниёз нест, ҳар хонавода метавонад барои сафар иқдом кунад, изҳор дошт, ки Тоҷикистон танҳо кишвари форсизабон аст, ки вақте дар шаҳри Душанбе бо сафир аз хиёбонҳои Ҳофиз, Саъдӣ, Фирдавсӣ ва Рӯдакӣ убур мекардем мисли инки дар Эрон дар ҳоли тараддуд будем.
Лентаи хабарҳо
0