https://sputnik.tj/20250220/tojikiston-eron-naft-mekhohad-narkhhoi-imtiyoznok-1066298208.html
Тоҷикистон аз Эрон бо нархҳои имтиёзнок мехоҳад нафт бихарад
Тоҷикистон аз Эрон бо нархҳои имтиёзнок мехоҳад нафт бихарад
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Тоҷикистон барои таъмини эҳтиёҷоти корхонаҳои полоиши нафт мехоҳад аз Эрон бо нархҳои дастрас нафти хом бихарад
2025-02-20T11:59+0500
2025-02-20T11:59+0500
2025-02-20T12:29+0500
дар тоҷикистон
эрон
нафт
харидорӣ
нарх
энергетика
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/02/14/1066298906_48:116:868:577_1920x0_80_0_0_9eb7302643cf65e5224ca91b141f0687.jpg
ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Масъалаи хариди неафт бо нархҳои дастрас аз Эрон ахиран дар Теҳрон дар мулоқоти вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа ва вазири нафти ин кишвар Муҳсин Покнажод, матраҳ шуд.Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон хабар додааст.“Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши нафту газ, ҷалби сармоя ба ин соҳа, инчунин таҳвили нафти хом аз Эрон барои эҳтиёҷоти корхонаҳои коркарди нафти Тоҷикистон бо пешниҳоди нархҳои имтиёзнок мубодилаи афкор намуданд”,- қайд кардааст манбаъ.Ҳамчунин дар ин дидор масъалаи табодули таҷриба миёни мутахассисони ду кишвар ва омӯзиши чоҳҳои нафтугаздори Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.Ёдовар мешавем, ки қаблан Низомиддн Зоҳидӣ, сафири Тоҷикистон дар Теҳрон дар дидор бо раиси утоқи бозаргонии Эрон Самад Ҳасанзода гуфт, ки Тоҷикистон солона ба як миллион тонна нафт ниёз дорад, ки Эрон метавонад онро таъмин кунанд.Низомиддин Зоҳидӣ афзуд, ки агарчӣ арқоми тиҷорати дуҷонибаи Эрону Тоҷикистон кучак аст, аммо дар муқоиса бо гузашта пешрафтҳои хебе доштаем ва ҳаҷми тиҷорат аз соли 99 то кунун наздик ба 10 баробар афзоиш доштааст.Оқои Зоҳиди дар ин дидор қайд кард, ки Тоҷикистон мехоҳад табодули коло бо Эронро ба як миллиард доллар расонад.
https://sputnik.tj/20241119/dushanbe-khostor-kohishi-tarufai-reyli-eron-tojikiston-1065163163.html
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/02/14/1066298906_20:80:852:704_1920x0_80_0_0_0bc191489366dd05e516c72b372fd6f6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, эрон, ҳамкорӣ, энергетика, нафт, бо нархи дастрас, харидорӣ
тоҷикистон, эрон, ҳамкорӣ, энергетика, нафт, бо нархи дастрас, харидорӣ
Тоҷикистон аз Эрон бо нархҳои имтиёзнок мехоҳад нафт бихарад
11:59 20.02.2025 (Навсозишуда: 12:29 20.02.2025) Мақомоти Тоҷикистон барои таъмини эҳтиёҷоти корхонаҳои полоиши нафт мехоҳад аз Эрон бо нархҳои дастрас нафти хом бихарад
ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Масъалаи хариди неафт бо нархҳои дастрас аз Эрон ахиран дар Теҳрон дар мулоқоти вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа ва вазири нафти ин кишвар Муҳсин Покнажод, матраҳ шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон хабар додааст.
“Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши нафту газ, ҷалби сармоя ба ин соҳа, инчунин таҳвили нафти хом аз Эрон барои эҳтиёҷоти корхонаҳои коркарди нафти Тоҷикистон бо пешниҳоди нархҳои имтиёзнок мубодилаи афкор намуданд”,- қайд кардааст манбаъ.
Ҳамчунин дар ин дидор масъалаи табодули таҷриба миёни мутахассисони ду кишвар ва омӯзиши чоҳҳои нафтугаздори Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ёдовар мешавем, ки қаблан Низомиддн Зоҳидӣ, сафири Тоҷикистон дар Теҳрон дар дидор бо раиси утоқи бозаргонии Эрон Самад Ҳасанзода гуфт, ки Тоҷикистон солона ба як миллион тонна нафт ниёз дорад, ки Эрон метавонад онро таъмин кунанд.
Низомиддин Зоҳидӣ афзуд, ки агарчӣ арқоми тиҷорати дуҷонибаи Эрону Тоҷикистон кучак аст, аммо дар муқоиса бо гузашта пешрафтҳои хебе доштаем ва ҳаҷми тиҷорат аз соли 99 то кунун наздик ба 10 баробар афзоиш доштааст.
Оқои Зоҳиди дар ин дидор қайд кард, ки Тоҷикистон мехоҳад табодули коло бо Эронро ба як миллиард доллар расонад.