https://sputnik.tj/20250220/sharhi-lavrov-sozishnomai-dushahrvand-rusiya-tojikiston-1066296893.html
Шарҳи Лавров дар бораи созишномаи душаҳрванди миёни Русия ва Тоҷикистон
Шарҳи Лавров дар бораи созишномаи душаҳрванди миёни Русия ва Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Миёни Русия ва Тоҷикистон созишномае ҳаст, ки шаҳрвандони ҳарду кишвар метавонанд ба таври қонунӣ аз ду шиноснома тоҷикӣ ва русӣ истифода намоянд
2025-02-20T10:49+0500
2025-02-20T10:49+0500
2025-02-20T11:38+0500
дар тоҷикистон
шаҳрвандӣ
русия
сергей лавров
шиноснома
душаҳрвандӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0a/0f/1064722751_0:126:3193:1922_1920x0_80_0_0_1f811308b033a7a9775f1e7a197392c3.jpg
ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Созишномаи Русия ва Тоҷикистон дар бораи ҳалли масъалаҳои душаҳрвандӣ муфид буда, ба манофеи шаҳрвандони ҳарду кишвар ҷавобгӯ аст.Дар ин бора Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, дар як соати ҳукуматӣ дар Думаи давлатӣ суханронӣ кард."Созишнома амалкунандаву муфид ва баробар аст, ба манфиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон ҷавобгӯ аст, албатта, зеро онҳо дар ин ҷо зиёданд, ҳамчунин ин ба манфиати он русҳое, ки дар Тоҷикистон ба сар мебаранд ҳаст ва ҳар як шаҳрванд барои мо азиз аст", - гуфт ӯ.Созишнома соли 1996 дар поёни низоъҳои хунини ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон баста шуда буд. Ба гуфтаи Лавров, созишнома "дар таъмини заминаи боэътимоди эътилоф"-и кишварҳо нақши хеле муфид бозидааст ва мебозад.Дар бораи муқаррароти ин санад дар мавриди озод кардан аз хидмати ҳарбӣ вазир таъкид кард, ки “ин дар асоси ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифтааст”."Дар Тоҷикистон ҳарчанд шаҳрвандони Русия кам бошанд ҳам, онҳо аз шароитҳои шабеҳи шаҳрвандони тоҷик дар Русия бархурдор ҳастанд", - афзуд вазири умури хориҷаи Русия.Миёни Русия ва Тоҷикистон созишномае ҳаст, ки шаҳрвандони ҳарду кишвар метавонанд ба таври қонунӣ аз ду шиноснома тоҷикӣ ва русӣ истифода намоянд, яъне ҳамзамон шаҳрванди ду кишвар буданро доранд.
https://sputnik.tj/20250219/lavrov-nizomi-vurudi-muhojiron-osiyoi-markazi-manfiat-rusiya-1066291862.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0a/0f/1064722751_231:0:2960:2047_1920x0_80_0_0_f7517b66c10d18169cda1a57c7bdb911.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, русия, созишнома, душаҳрвандӣ, шарҳ, шиноснома
тоҷикистон, русия, созишнома, душаҳрвандӣ, шарҳ, шиноснома
Шарҳи Лавров дар бораи созишномаи душаҳрванди миёни Русия ва Тоҷикистон
10:49 20.02.2025 (Навсозишуда: 11:38 20.02.2025) Миёни Русия ва Тоҷикистон созишномае ҳаст, ки шаҳрвандони ҳарду кишвар метавонанд ба таври қонунӣ аз ду шиноснома тоҷикӣ ва русӣ истифода намоянд
ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Созишномаи Русия ва Тоҷикистон дар бораи ҳалли масъалаҳои душаҳрвандӣ муфид буда, ба манофеи шаҳрвандони ҳарду кишвар ҷавобгӯ аст.
Дар ин бора Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, дар як соати ҳукуматӣ дар Думаи давлатӣ суханронӣ кард.
"Созишнома амалкунандаву муфид ва баробар аст, ба манфиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон ҷавобгӯ аст, албатта, зеро онҳо дар ин ҷо зиёданд, ҳамчунин ин ба манфиати он русҳое, ки дар Тоҷикистон ба сар мебаранд ҳаст ва ҳар як шаҳрванд барои мо азиз аст", - гуфт ӯ.
Созишнома соли 1996 дар поёни низоъҳои хунини ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон баста шуда буд. Ба гуфтаи Лавров, созишнома "дар таъмини заминаи боэътимоди эътилоф"-и кишварҳо нақши хеле муфид бозидааст ва мебозад.
Дар бораи муқаррароти ин санад дар мавриди озод кардан аз хидмати ҳарбӣ вазир таъкид кард, ки “ин дар асоси ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифтааст”.
"Дар Тоҷикистон ҳарчанд шаҳрвандони Русия кам бошанд ҳам, онҳо аз шароитҳои шабеҳи шаҳрвандони тоҷик дар Русия бархурдор ҳастанд", - афзуд вазири умури хориҷаи Русия.
Миёни Русия ва Тоҷикистон созишномае ҳаст, ки шаҳрвандони ҳарду кишвар метавонанд ба таври қонунӣ аз ду шиноснома тоҷикӣ ва русӣ истифода намоянд, яъне ҳамзамон шаҳрванди ду кишвар буданро доранд.