https://sputnik.tj/20250220/se-idu-istirohat-tojikistoniyon-mohi-mart-1066298674.html
Се иду 16 рӯз истироҳати Тоҷикистониён дар моҳи март
Се иду 16 рӯз истироҳати Тоҷикистониён дар моҳи март
Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистониён соли равон дар моҳи март се ид – Рӯзи Модар, Нарӯз ва Иди Рамазонро таҷлил мекунанд ва дар ин моҳ 16 рӯз истироҳат хоҳанд кард
2025-02-20T13:06+0500
2025-02-20T13:06+0500
2025-02-20T13:06+0500
дар тоҷикистон
истироҳат
наврӯз
рӯзи модар
рамазон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/17/1047027828_0:230:2947:1888_1920x0_80_0_0_2909606456ca00a82e8afdddc9cf1014.jpg
ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik.Нахустин моҳи баҳор дар Тоҷикистон чун анъана пур аз ҷашн, таътил ва хурсандӣ хоҳад буд. Ягона моҳест, ки нисфи рӯзҳояш таътилиянд.Тавре аз Федератсияи иттиқофҳои касабаи мустақили ҷумҳурӣ ба Sputnik Тоҷикистон хабар доданд, бо назардошти истироҳатҳои муқаррарӣ ва рӯзҳои ид, ки дар Рӯзи модар, ҷашни Наврӯз ва иди Рамазон пешбинӣ мешавад, 16 рӯзи моҳ истироҳат дар назар аст.Бар асоси Қонун "Дар бораи рӯзҳои ид" Рӯзи модар 8 март ки ба шанбе рост меояд, бинобар ин рӯзи душанбеи 10 март низ истироҳат мешавад.Ин ҷашн, ки қаблан ба номи Рӯзи байналмилалии занон таҷлил мешавад, қариб 15 соли охир чун Рӯзи модар таҷлил мегардад. Ин рӯз дар Душанбе ва минтақаҳои дигари Тоҷикистон бо чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ фароғатӣ таҷлил мегардад.Бо фармони раисиҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи марти соли 2009 рӯзи 8-уми март Рӯзи байналмилалии занон дар Тоҷикистон Рӯзи модар номида шуд.Ҳамзамон дар ин моҳ вобаста ба ҷашни Наврӯз, аз 21 то 26 март истироҳат хоҳад буд, чун 22 ва 23 март рӯзҳои шанбеву якшанбе буда, он ба 25, 26 март мегузарад.Дар назар аст, ки Тоҷикистон ба таври густурда Наврӯзро низ таҷлил намояд, ки соли нави аҷдодӣ дар кишвар ба шумор меравад.Ҳамзамон таъкид шуд, ки ҳоло расман рӯзи таҷлил Иди Рамазон дақиқ нашудааст, он агар ба 30 март рост ояд, бар асоси қонун рӯзи 31 низ истироҳатӣ мешавад.Ёдовар мешавем, ки дар сурати ба рӯзҳои корӣ рост омадани таътилот рӯзҳои истироҳатӣ ба рӯзҳои баъдӣ гузаронда мешавад.
https://sputnik.tj/20250101/sokinoni-tojikiston-koru-istirohat-1065744725.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/17/1047027828_74:0:2805:2048_1920x0_80_0_0_663b045e5c87aef89504f14f2ec68487.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, истироҳат, ид, моҳи март,наврӯз, рамазон, рӯзи модар
тоҷикистон, истироҳат, ид, моҳи март,наврӯз, рамазон, рӯзи модар
Се иду 16 рӯз истироҳати Тоҷикистониён дар моҳи март
Тоҷикистониён соли равон дар моҳи март се ид – Рӯзи модар, Нарӯз ва Иди Рамазонро таҷлил мекунанд ва дар ин моҳ 16 рӯз истироҳат хоҳанд кард
ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik.Нахустин моҳи баҳор дар Тоҷикистон чун анъана пур аз ҷашн, таътил ва хурсандӣ хоҳад буд. Ягона моҳест, ки нисфи рӯзҳояш таътилиянд.
Тавре аз Федератсияи иттиқофҳои касабаи мустақили ҷумҳурӣ ба Sputnik Тоҷикистон хабар доданд, бо назардошти истироҳатҳои муқаррарӣ ва рӯзҳои ид, ки дар Рӯзи модар, ҷашни Наврӯз ва иди Рамазон пешбинӣ мешавад, 16 рӯзи моҳ истироҳат дар назар аст.
Бар асоси Қонун "Дар бораи рӯзҳои ид" Рӯзи модар 8 март ки ба шанбе рост меояд, бинобар ин рӯзи душанбеи 10 март низ истироҳат мешавад.
Ин ҷашн, ки қаблан ба номи Рӯзи байналмилалии занон таҷлил мешавад, қариб 15 соли охир чун Рӯзи модар таҷлил мегардад. Ин рӯз дар Душанбе ва минтақаҳои дигари Тоҷикистон бо чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ фароғатӣ таҷлил мегардад.
Бо фармони раисиҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи марти соли 2009 рӯзи 8-уми март Рӯзи байналмилалии занон дар Тоҷикистон Рӯзи модар номида шуд.
Ҳамзамон дар ин моҳ вобаста ба ҷашни Наврӯз, аз 21 то 26 март истироҳат хоҳад буд, чун 22 ва 23 март рӯзҳои шанбеву якшанбе буда, он ба 25, 26 март мегузарад.
Дар назар аст, ки Тоҷикистон ба таври густурда Наврӯзро низ таҷлил намояд, ки соли нави аҷдодӣ дар кишвар ба шумор меравад.
Ҳамзамон таъкид шуд, ки ҳоло расман рӯзи таҷлил Иди Рамазон дақиқ нашудааст, он агар ба 30 март рост ояд, бар асоси қонун рӯзи 31 низ истироҳатӣ мешавад.
Ёдовар мешавем, ки дар сурати ба рӯзҳои корӣ рост омадани таътилот рӯзҳои истироҳатӣ ба рӯзҳои баъдӣ гузаронда мешавад.