https://sputnik.tj/20250220/peskov-rusiya-hadaf-ukraina-rohi-osoishta-amali-1066304156.html
Песков: Русия барон аст, ки ҳадафҳо дар Украина бояд бо роҳи осоишта амалӣ шаванд
Песков: Русия барон аст, ки ҳадафҳо дар Украина бояд бо роҳи осоишта амалӣ шаванд
Sputnik Тоҷикистон
Сухангӯи Кохи Кремлин бархӯрди ҳукумати президенти ИМА Доналд Трампро ба зарурати истиқрори сулҳ дар Украина тавассути музокирот арзёбӣ кард
2025-02-20T17:49+0500
2025-02-20T17:49+0500
2025-02-20T17:49+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
амалиёти вижа
русия
дар русия
песков
украина
ғарб
осоишта
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/03/1a/1062217675_0:0:3101:1745_1920x0_80_0_0_3abe4f5f62681f58863bb63af43b055a.jpg
ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Дар Русия бар ин назаранд, ки ҳадафҳо дар Украина бояд беҳтараш бо роҳи сулҳ, тавассути музокирот ҳал шаванд.Дар ин бора сухангӯи раисҷумҳури Русия Дмитрий Песков ба рӯзноманигорон изҳор дошт.Вай аз суханони Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия дар бораи қобили қабул набудани истиқрори низомиёни НАТО дар қаламрави Украина ёдовар шуд.Оқои Песков инчунин бархӯрди ҳукумати президенти ИМА Доналд Трампро ба зарурати истиқрори сулҳ дар Украина тавассути музокирот арзёбӣ кард.Ба гуфтаи Песков, ин ба Маскав маъқул аст. Дар ҳоле ки ҳукумати раисиҷумҳури пешини Амрико Ҷо Байден хостори ҷанг дар Украина буд ва пули Амрикоро барои он масраф кард.Ба гуфтаи котиби матбуотии президенти Русия, дар ин муддат режими Украина ба вобастагии беназорат одат кардааст.Ҳоло Маскав ихтилофоти байни Вашингтону Киевро сабт мекунад.Дар ҳамин ҳол, ба эътиқоди Песков, дар бораи ҳалли низоъ дар Украина маълумоти мушаххас ҳанӯз кам аст.“Барои ноил шудан ба ин чораҳои муайян андешида мешаванд, аммо дар робита ба худи созиш, мушаххасот ҳанӯз кам ҳаст", - гуфт ӯ.Қаблан президенти ИМА Доналд Трамп паёме нашр кард, ки дар он Зеленскийро "диктатори бидуни интихобот" номид ва ҳамчунин аз зарурати баргузории интихобот дар Украина пуштибонӣ кард.Ба гуфтаи раҳбари Амрико, рейтинги Владимир Зеленский то 4% поин рафтааст.
https://sputnik.tj/20250219/vulin-gharb-rusiya-rohi-nizomi-maghlub-kunad-1066293600.html
русия
украина
ғарб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/03/1a/1062217675_344:0:2928:1938_1920x0_80_0_0_23023b825f352d08e5d33e0191ffbb9e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, амалиёти вижа, украина, ғарб, има, песков, сулҳ, осоишта
русия, амалиёти вижа, украина, ғарб, има, песков, сулҳ, осоишта
Песков: Русия барон аст, ки ҳадафҳо дар Украина бояд бо роҳи осоишта амалӣ шаванд
Сухангӯи Кохи Кремлин бархӯрди ҳукумати президенти ИМА Доналд Трампро ба зарурати истиқрори сулҳ дар Украина тавассути музокирот арзёбӣ кард
ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Дар Русия бар ин назаранд, ки ҳадафҳо дар Украина бояд беҳтараш бо роҳи сулҳ, тавассути музокирот ҳал шаванд.
Дар ин бора сухангӯи раисҷумҳури Русия Дмитрий Песков ба рӯзноманигорон изҳор дошт.
"Ҳама ҳадафҳо (дар Украина) бояд беҳтараш бо роҳи сулҳ, тавассути музокирот ба даст оварда шаванд", - гуфт Песков.
Вай аз суханони Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия дар бораи қобили қабул набудани истиқрори низомиёни НАТО дар қаламрави Украина ёдовар шуд.
Оқои Песков инчунин бархӯрди ҳукумати президенти ИМА Доналд Трампро ба зарурати истиқрори сулҳ дар Украина тавассути музокирот арзёбӣ кард.
Ба гуфтаи Песков, ин ба Маскав маъқул аст. Дар ҳоле ки ҳукумати раисиҷумҳури пешини Амрико Ҷо Байден хостори ҷанг дар Украина буд ва пули Амрикоро барои он масраф кард.
Ба гуфтаи котиби матбуотии президенти Русия, дар ин муддат режими Украина ба вобастагии беназорат одат кардааст.
Ҳоло Маскав ихтилофоти байни Вашингтону Киевро сабт мекунад.
Дар ҳамин ҳол, ба эътиқоди Песков, дар бораи ҳалли низоъ дар Украина маълумоти мушаххас ҳанӯз кам аст.
“Барои ноил шудан ба ин чораҳои муайян андешида мешаванд, аммо дар робита ба худи созиш, мушаххасот ҳанӯз кам ҳаст", - гуфт ӯ.
Қаблан президенти ИМА Доналд Трамп паёме нашр кард, ки дар он Зеленскийро "диктатори бидуни интихобот" номид ва ҳамчунин аз зарурати баргузории интихобот дар Украина пуштибонӣ кард.
Ба гуфтаи раҳбари Амрико, рейтинги Владимир Зеленский то 4% поин рафтааст.