Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Вулин: Ғарб натавонист Русияро бо роҳи низомӣ мағлуб кунад

© Sputnik / Сергей Бобылев / Гузариш ба медиабонкРабота сводной артиллерийской группы "Пресса" спецназа "Ахмат"
Работа сводной артиллерийской группы Пресса спецназа Ахмат  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.02.2025
Обуна шудан
Муовини нахуствазири Сербистон мегӯяд, ки кишварҳои Ғарб наметавонистанд артиши Русияро дар Украина мағлуб кунад
ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Музокироти намояндагони Русия ва Амрико дар Риёз нишон дод, ки Ғарб наметавонад бо роҳи низомӣ Русияро мағлуб кунад, Ғарб ба ҳимоятгари арзишҳои ҳамҷинсгароён дар ҷаҳон табдил ёфтааст, гуфт Александр Вулин, муовини сарвазири Сербистон ба РИА “Новости”.
Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия, ахиран дар Думаи давлатӣ гуфт, ки дар музокироти баландпояи Русияву Амрико, ки ахиран дар Риёз баргузор шуд, ба мавзӯи муноқишаи Украина таваҷҷуҳи хоса дода шудааст.
Вай қайд кард, ки дар мулоқот ҷониби Русия ба таври муфассал шарҳ дод, ки масъала дар бораи аз байн бурдани таҳдидҳо меравад, ки ба амнияти Русия давоми солҳои тӯлонӣ тавассути ҷалби Украина ба НАТО эҷод шуда буд.
"Оғози музокирот дар Риёз хабари хуш барои тамоми ҷаҳон ва далели он аст, ки Русия на бо Украина, балки бо тамоми ҷаҳони Ғарб меҷангад ва Русия наметавонад бо роҳи низомӣ мағлуб шавад. Ҳамчунин маълум аст, ки агар Ғарб ба созишномаҳои Минск риоя мекард, имкон дошт аз низоъ ҷилавгирӣ кард ", - гуфт муовини раиси ҳукумат.
Работа сводной артиллерийской группы Пресса спецназа Ахмат - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.02.2025
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Артиши Русия деҳаи дигари Донетскро озод кард
Вулин ҳамчунин интизор дорад, ки нишасти Риёз оғози тавофуқ байни қудратҳои ҷаҳонӣ хоҳад буд ва пас аз он як низоми амниятӣ ташкил мешавад, ки сулҳи қобили қабул барои ҳамаро барои 50 соли оянда кафолат медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки аз Русия дар музокирот дар Риёз Лавров, ёвари раисиҷумҳур Юрий Ушаков ва раиси Хазинаи сармоягузории мустақими Русия Кирилл Дмитриев, аз ҷониби Амрикоро ёвари раисиҷумҳур дар умури амнияти миллӣ Майк Уолтс, котиби давлатӣ Марко Рубио ва фиристодаи раисиҷумҳур дар умури Ховари Миёна Стивен Винт намояндагӣ карданд.
Тавре Ушаков қайд кард, дар музокирот масъалаи мувофиқа оғози музокирот дар бораи Украина буд. Пас аз мулоқот ҳайатҳои Русия ва Амрико натиҷаҳои мусбии, созиш оид ба ҳалли мушкилоти муштарак ва омода кардани мулоқотҳои навро эълон карданд.
Лентаи хабарҳо
0