https://sputnik.tj/20250220/matvienko-afriqo-hamkori-rusiya-manfiatdor-ast-1066301311.html
Матвиенко: Африқо ба ҳамкорӣ бо Русия манфиатдор аст
Матвиенко: Африқо ба ҳамкорӣ бо Русия манфиатдор аст
Sputnik Тоҷикистон
Ба гуфтаи раиси Шӯрои Федератсияи Русия кишварҳои африқоӣ ба рушди ҳамкорӣ бо Русия таваҷҷӯҳи зиёд доранд ва ин аллакай натиҷа додааст
2025-02-20T14:07+0500
2025-02-20T14:07+0500
2025-02-20T14:07+0500
русия
дар русия
африқо
ҳамкорӣ
равобит
валентина матвиенко
манфиат
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/08/01/1063768809_0:127:3165:1907_1920x0_80_0_0_2eef9e01a0804a868b9c671d43a25121.jpg
ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Валентина Матвиенко раиси Шӯрои Федератсияи Русия дар мусоҳиба бо агентии Sputnik гуфт, ки Африқо дорои потенсиали бузург, миқдори зиёди захираҳо дорад.Вай дар мусоҳиба бо Дмитрий Киселев, раиси гурӯҳи расонаии "Россия сегодня" дар студияи Sputnik, ки рӯзи чаҳоршанбе дар Эфиопия ифтитоҳ ёфт гуфт Африқо давлатҳое ҳастанд, ки истиқлолияти худро дарк карданд.“Ба назари ман, таҳмил кардани демократия аллакай чунин як гуфтаҳои кӯҳна аст. Ғарб сиёсати торумор кардан, ба иродаи худ тобеъ карданро пеш мегирад ва онро дағалона пеш мебарад. Танхо манфиатҳои миллии худро ба кор меегирад, ҳуқуқхои соҳибихтиёрии ин ё он давлат, қонунгузории он, конститутсия, анъана ва маданияти онро ба назар намегирад”, - гуфт Матвиенко.Хонум Матвиенко дар ин мусоҳиба қайд кард, ки ҷахон ба сӯйи сохти бисёрқутббавй, ба дунёи одилонатаре, ки аз ҷумла манфиатҳои халқҳои Африқоро ба назар мегирад, фаъолона пеш рафта истодааст.“Африқо яке аз чунин рукнҳои муҳими ин ҷаҳони бисьёркутбӣ хохад буд ва мебошад, зеро онҳо хеле босуръат ва фаъолона рушд доранд. Африқо дорои потенсиали азим, захираҳои азими маъданҳо мебошад. Муҳимтар аз ҳама, ин давлатҳо бедоршудаанд, истиқлолияти худро дарк кардаанд ва барои ин истиқлолият баҳои баланд додаанд. Ҳеҷ кас онҳоро аз ин роҳ бознагардонад”, қайд кард раиси Шӯрои Федератсияи Русия.Хонум Матвиенко илова кард, ки гарчанде, агар насл аллакай дигар шуда бошад ҳам, кишварҳои Африқо дар ёд доранд, ки маҳз Русия, баъд Иттиҳоди Шӯравӣ дар муборизаи онҳо барои истиклолияташон ёрӣ расонд, маҳз мамлакати мо ба ташаккули давлатҳои ҷавони сохибихтиёр ёрӣ расонд.“Кӯмаки ройгон, бидуни ҳеҷ гуна шарт, ба фарқ аз Ғарб, бе ягон фоида, дар сохтани корхонаҳо, мактабҳо, роҳҳо кӯмак карданд ва инро дар ёд доранд ва ин дар онҳо вуҷудашон аст ва ман боварӣ дорам, ки онҳо ҳеҷ гоҳ ба ин хотира хиёнат намекунанд ва ба рушди ҳамкориҳо бо Русия хеле манфиатдоранд”, - гуфт ӯ.Валентина Матвиенко илова кард, ки Русия ҳоло дар рушди ҳамкорӣ бо кишварҳои Африқо талош дорад ва он аллакай самара додааст.
https://sputnik.tj/20241113/volvach-iiao-afriqo-hamkori-taqviyat-1065109942.html
русия
африқо
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/08/01/1063768809_130:0:2859:2047_1920x0_80_0_0_dd6dcf358afb17401658323c0cc5c349.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, африқо, валентина матвиенко, ҳамкорӣ, равобит, сиёсат, мусоҳиба
русия, африқо, валентина матвиенко, ҳамкорӣ, равобит, сиёсат, мусоҳиба
Матвиенко: Африқо ба ҳамкорӣ бо Русия манфиатдор аст
Ба гуфтаи раиси Шӯрои Федератсияи Русия кишварҳои африқоӣ ба рушди ҳамкорӣ бо Русия таваҷҷӯҳи зиёд доранд ва ин аллакай натиҷа додааст
ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Валентина Матвиенко раиси Шӯрои Федератсияи Русия дар мусоҳиба бо агентии Sputnik гуфт, ки Африқо дорои потенсиали бузург, миқдори зиёди захираҳо дорад.
Вай дар мусоҳиба бо Дмитрий Киселев, раиси гурӯҳи расонаии "Россия сегодня" дар студияи Sputnik, ки рӯзи чаҳоршанбе дар Эфиопия ифтитоҳ ёфт гуфт Африқо давлатҳое ҳастанд, ки истиқлолияти худро дарк карданд.
“Ба назари ман, таҳмил кардани демократия аллакай чунин як гуфтаҳои кӯҳна аст. Ғарб сиёсати торумор кардан, ба иродаи худ тобеъ карданро пеш мегирад ва онро дағалона пеш мебарад. Танхо манфиатҳои миллии худро ба кор меегирад, ҳуқуқхои соҳибихтиёрии ин ё он давлат, қонунгузории он, конститутсия, анъана ва маданияти онро ба назар намегирад”, - гуфт Матвиенко.
Хонум Матвиенко дар ин мусоҳиба қайд кард, ки ҷахон ба сӯйи сохти бисёрқутббавй, ба дунёи одилонатаре, ки аз ҷумла манфиатҳои халқҳои Африқоро ба назар мегирад, фаъолона пеш рафта истодааст.
“Африқо яке аз чунин рукнҳои муҳими ин ҷаҳони бисьёркутбӣ хохад буд ва мебошад, зеро онҳо хеле босуръат ва фаъолона рушд доранд. Африқо дорои потенсиали азим, захираҳои азими маъданҳо мебошад. Муҳимтар аз ҳама, ин давлатҳо бедоршудаанд, истиқлолияти худро дарк кардаанд ва барои ин истиқлолият баҳои баланд додаанд. Ҳеҷ кас онҳоро аз ин роҳ бознагардонад”, қайд кард раиси Шӯрои Федератсияи Русия.
Хонум Матвиенко илова кард, ки гарчанде, агар насл аллакай дигар шуда бошад ҳам, кишварҳои Африқо дар ёд доранд, ки маҳз Русия, баъд Иттиҳоди Шӯравӣ дар муборизаи онҳо барои истиклолияташон ёрӣ расонд, маҳз мамлакати мо ба ташаккули давлатҳои ҷавони сохибихтиёр ёрӣ расонд.
“Кӯмаки ройгон, бидуни ҳеҷ гуна шарт, ба фарқ аз Ғарб, бе ягон фоида, дар сохтани корхонаҳо, мактабҳо, роҳҳо кӯмак карданд ва инро дар ёд доранд ва ин дар онҳо вуҷудашон аст ва ман боварӣ дорам, ки онҳо ҳеҷ гоҳ ба ин хотира хиёнат намекунанд ва ба рушди ҳамкориҳо бо Русия хеле манфиатдоранд”, - гуфт ӯ.
Валентина Матвиенко илова кард, ки Русия ҳоло дар рушди ҳамкорӣ бо кишварҳои Африқо талош дорад ва он аллакай самара додааст.