https://sputnik.tj/20241113/volvach-iiao-afriqo-hamkori-taqviyat-1065109942.html
Волвач: ИИАО ва Африқо талош доранд ба ҳамкориҳо тақвият бахшанд
Волвач: ИИАО ва Африқо талош доранд ба ҳамкориҳо тақвият бахшанд
Sputnik Тоҷикистон
Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё талош дорад бо мақомоти кишварҳои Африқо барои таҳкими ҳамкорӣ ёддоштҳои ҳамкорӣ ба имзо расонад
2024-11-13T17:26+0500
2024-11-13T17:26+0500
2024-11-13T17:26+0500
ииао
русия
дар русия
ҳамкорӣ
равобит
африқо
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/10/1051477074_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_8dce6b96fa1bbf48ffce2a3ec7ad30e6.jpg
ДУШАНБЕ, 13 ноя — Sputnik. Муовини вазири рушди иқтисодии Русия Дмитрий Волвач дар ҷаласаи “ИИАО – Африқо: муайян кардани нуктаҳои асосии ҳамкорӣ”, ки дар чаҳорчӯби конфронси вазирони Форуми Русия-Африқо дар Сочи баргузор шуд, ба аҳамияти амиқтар кардани ҳамкориҳои иқтисодии байни ИИАО ва Африқоро таъкид кард.БА гуфтаи оқои Волвач кишварҳои ИИАО ва Африқо хоҳиши ҳамкориҳои ҳамгироӣ доранд ва мехоҳанд робитаҳои баробарҳуқуқии иқтисодӣ ва фароҳам овардани шароит барои тиҷорати одилонаро роҳандозӣ намоянд.Тибқи маълумоти Вазорати рушди иқтисоди Русия, дар тӯли солҳои мавҷудияти ИИАО ҳаҷми гардиши мол бо кишварҳои Африқо ба таври назаррас афзоиш ёфтааст.Хамин тавр, муомилоти мол бо кишварҳои Африқо 141%, бо бозори умумии Африқои Шарқӣ ва Ҷанубӣ — 118%, бо иттиҳоди иқтисодии кишварҳои Африқои Марказӣ — 13% афзуд.Волвач таъкид кард, ки истифодаи салоҳиятноки механизмҳои ҳамгироии ИИАО ва ассотсиатсияҳои Африқо метавонад ба манфиати мутақобилан барои ҳамаи кишварҳои ширкаткунанда мусоидат кунад."Ҳар як иттиҳодия таҷрибаи беназири муттаҳидшавӣ дорад – чӣ тарифҳои гумрукӣ, стандартҳо, логистика ва ё тадбирҳои ғайритарифӣ", - қайд кард муовини вазир.Вай афзуд, ИИАО метавонад ба шарикони африқоӣ имкониятҳои зиёде пешниҳод кунад, аз ҷумла дастрасӣ ба бозори афзоянда.Волвач ба ҳаҷми умумии савдо байни Африқо ва ИИАО бастани созишнома дар бораи тиҷорати озод бо Миср, ки гуфтушунид оиди он дар марҳилаи ниҳоӣ мебошад, таъсири мусбӣ мерасонад.ИИАО инчунин кӯшиш мекунад, ки бо мақомоти роҳбарикунандаи давлатҳои Африқо барои таҳкими ҳамкорӣ ёддоштҳои ҳамкорӣ ба имзо расонад.Айни замон Иттиҳод бо кишварҳои сеюм ва созмонҳо, аз ҷумла Мянмар ва Никарагуа 90 созишномаи шабеҳ ба имзо расонидааст.
https://sputnik.tj/20241112/afzoishi-istehsoli-mahsuloti-sanoati-iiao-1065092531.html
русия
африқо
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/10/1051477074_426:39:2869:1871_1920x0_80_0_0_316238e97213037585127277fa641eb1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ииао, волвач, африцо, щамкорь, тацвият, авруосиё, ёддошт, имзо, иқтисод
ииао, волвач, африцо, щамкорь, тацвият, авруосиё, ёддошт, имзо, иқтисод
Волвач: ИИАО ва Африқо талош доранд ба ҳамкориҳо тақвият бахшанд
Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё талош дорад бо мақомоти кишварҳои Африқо барои таҳкими ҳамкорӣ ёддоштҳои ҳамкорӣ ба имзо расонад
ДУШАНБЕ, 13 ноя — Sputnik. Муовини вазири рушди иқтисодии Русия Дмитрий Волвач дар ҷаласаи “ИИАО – Африқо: муайян кардани нуктаҳои асосии ҳамкорӣ”, ки дар чаҳорчӯби конфронси вазирони Форуми Русия-Африқо дар Сочи баргузор шуд, ба аҳамияти амиқтар кардани ҳамкориҳои иқтисодии байни ИИАО ва Африқоро таъкид кард.
БА гуфтаи оқои Волвач кишварҳои ИИАО ва Африқо хоҳиши ҳамкориҳои ҳамгироӣ доранд ва мехоҳанд робитаҳои баробарҳуқуқии иқтисодӣ ва фароҳам овардани шароит барои тиҷорати одилонаро роҳандозӣ намоянд.
Тибқи маълумоти Вазорати рушди иқтисоди Русия, дар тӯли солҳои мавҷудияти ИИАО ҳаҷми гардиши мол бо кишварҳои Африқо ба таври назаррас афзоиш ёфтааст.
Хамин тавр, муомилоти мол бо кишварҳои Африқо 141%, бо бозори умумии Африқои Шарқӣ ва Ҷанубӣ — 118%, бо иттиҳоди иқтисодии кишварҳои Африқои Марказӣ — 13% афзуд.
Волвач таъкид кард, ки истифодаи салоҳиятноки механизмҳои ҳамгироии ИИАО ва ассотсиатсияҳои Африқо метавонад ба манфиати мутақобилан барои ҳамаи кишварҳои ширкаткунанда мусоидат кунад.
"Ҳар як иттиҳодия таҷрибаи беназири муттаҳидшавӣ дорад – чӣ тарифҳои гумрукӣ, стандартҳо, логистика ва ё тадбирҳои ғайритарифӣ", - қайд кард муовини вазир.
Вай афзуд, ИИАО метавонад ба шарикони африқоӣ имкониятҳои зиёде пешниҳод кунад, аз ҷумла дастрасӣ ба бозори афзоянда.
Волвач ба ҳаҷми умумии савдо байни Африқо ва ИИАО бастани созишнома дар бораи тиҷорати озод бо Миср, ки гуфтушунид оиди он дар марҳилаи ниҳоӣ мебошад, таъсири мусбӣ мерасонад.
ИИАО инчунин кӯшиш мекунад, ки бо мақомоти роҳбарикунандаи давлатҳои Африқо барои таҳкими ҳамкорӣ ёддоштҳои ҳамкорӣ ба имзо расонад.
Айни замон Иттиҳод бо кишварҳои сеюм ва созмонҳо, аз ҷумла Мянмар ва Никарагуа 90 созишномаи шабеҳ ба имзо расонидааст.