Мақомот: Ҳавзаҳои интихоботӣ бо интернети баландсифат таъмин мешаванд

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузариш ба медиабонкДата-центр, архивное фото
Дата-центр, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.02.2025
Обуна шудан
Ба гуфтаи Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ҳамам ҳавзаҳои интихоботӣ бо алоқаи барқии баландсуръат дар рӯзи баргузории интихобот таъмин мегарданд
ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Бо супориши раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон вазъи хизматрасониҳои алоқаи барқӣ, аз ҷумла Интернет, дар тамоми участкаҳои интихоботӣ дар саросари кишвар санҷида шуда, ҳамам онҳо бо алоқаи барқии баландсуръат дар рӯзи баргузории интихобот таъмин мегарданд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Хадамоти алоқаи Тоҷикистон хабар додааст.
Ба ииттилои манбаъ, ин ташаббус дар ҳамкорӣ бо Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон сурат гирифтаааст.
“Мақсад аз он дар сатҳи баланд баргузор шудани Интихоботи даъвати нави вакилони парлумони Тоҷикистон ва Маҷлисҳои вакилони халқи ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо, ки 2-юми март баргузор мегардад, мебошад”, - қайд кардааст манбаъ.
Парламентские выборы в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.12.2024
КМИР тартиби иштироки нозирони миллӣ ва байналмилалиро дар интихобот тасдиқ кард
Зикр гардидааст, ки дастрасӣ ба алоқаи барқӣ дар рафти интихобот аҳамияти хос дорад, аз ҷумла барои нозирини дохилию байналмилалӣ, намояндагони ВАО-и дохилию хориҷӣ ва коммисияҳои интихоботӣ.
Барои анҷом додани корҳои санҷишӣ сохторҳои Хадамот дар тамоми минтақаҳо ва ширкатҳои мобилӣ ҳамкориро бо масъулини участкаҳои интихоботӣ, ҶСК “Барқи Тоҷик” ва дигар ниҳодҳои дахлдор идома дода, дар кӯтоҳтарин муҳлат мушкилоти вуҷуддоштаро бартараф мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0