Раҳимзода ошӯби зиндон дар Ваҳдатро кори ифротгароён хонд

© SputnikМинистр внутренних дел Таджикистана Рамазон Рахимзода
Министр внутренних дел Таджикистана Рамазон Рахимзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.02.2025
Обуна шудан
Мақомоти Тоҷикистон ҷузъиёти ҳодисаи хунини зиндони Ваҳдатро, ки дар пай захмию қурбониёни зиёд дошт, шарҳ доданд
ДУШАНБЕ, 13 фев – Sputnik. Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон ошӯб дар зиндони Ваҳдатро кори аъзоёни созмони террористии исломӣ хонд.
"Ошӯб дар зиндони Ваҳдат аз ҷониби аъзои як созмони террористии исломӣ ташкил шудааст", - афзуд вазир дар нишасти хабарӣ.
Ба маълумоти ӯ, рӯзи 3 феврал нӯҳ маҳбус бо силоҳи сарди худсохт ба посбонҳо ҳамла карданд ва қасди фирор аз зиндонро доштанд.
Дар натиҷаи бархӯрди посбонҳою ошӯбгарон се тан аз ҷинояткорон кушта шуда, боқимонда дастгир гардиданд. Ҳамчунин 3 нафар корманд, ки ба иҷрои вазифаҳои хизматии хеш машғул буданд, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардоштанд.
Исправительная колония, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.02.2025
Фирор пешгирӣ шуд: Дар зиндони Ваҳдат маҳбусон ба зиндонбонҳо ҳамлаи маргбор анҷом доданд
Зимнан, вазири адлияи Тоҷикистон Музаффар Ашӯриён низ дар нишасти хабарӣ зикр кард, ки ҷузъъиёти ошӯб дар зиндони Ваҳдатро як гуруҳи вижаи Додситонии куллӣ Тоҷикистон месанҷад.
Ӯ аз ироаи маълумотҳои бештар худдорӣ кард ва танҳо гуфт, ки иттилои бештар танҳо пас аз анҷоми тафтишот расонаӣ мешавад.
Ёдовар мешавем, ки шаш сол пеш дар ҳамин зиндон дар шаҳри Ваҳдат ошӯбе сар зада, дар он ҳодиса се нозири зиндон ва 29 маҳбус кушта шуданд. Мақомот он вақт гуфта буданд, ки ошӯбро аъзои зиндонии гурӯҳҳои тундрав анҷом доданд. Дертар ДОИШ* ё созмони террористии “Давлати исломӣ”* масъулиятро пазируфт.
Аз он қабл дар маҳбаси Хуҷанд (соли 2018) низ ошӯбе сар зад, ки 21 кушта барҷой гузошт.
То моҳи январи соли 2024 дар зиндонҳои Тоҷикистон беш аз 13 ҳазору 500 нафар ва дар боздоштгоҳҳо зиёда аз 1300 кас ба қайд гирифта шудааст. Беш аз 14 ҳазор мард, тақрибан панҷсад зан, 134 ноболиғ ва 244 хориҷӣ.
*-гурӯҳи тундгарое, ки дар Русия ва дигар кишварҳо террористӣ эълон шудааст.
Лентаи хабарҳо
0