Русия ният дорад бурсияҳои таҳсилӣ барои омода намудани омӯзгоронро зиёд мекунад

© Foto / Министерство образования и науки Республики ТаджикистанВстреча министра образования Таджикистана Рахима Саидзода с Михаилом Швыдким
Встреча министра образования Таджикистана Рахима Саидзода с Михаилом Швыдким - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.02.2025
Обуна шудан
Дар Душанбе мулоқоти намояндагони мақомоти Русия ва Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он масъалахои омузиши забони русӣ дар кишвар баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Тоҷикистон ва Русия ҳамкориҳоро дар бахши маориф идома медиҳанд.
Дар ин бора вазири маорифи Тоҷикистон Раҳим Саидзода дар мулоқот бо намояндаи вижаи раисиҷумҳури Русия оид ба ҳамкориҳои байналмилалии фарҳангӣ Михаил Швидкой ва сафири Русия дар Душанбе Семён Григорев таъкид кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати маориф ва илми Тоҷикистон хабар дод.
Швидкой омодагии ҷониби Русияро барои дар сатҳи хубтар ба роҳ мондани ҳамкориҳо иброз намуда, ба ҳамкории тарафҳо дар самтҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ ва табодули таҷриба миёни донишҷӯёну устодон ишора кард.
Дар ин мулқот таъкид шуд, ки забони русӣ дар Тоҷикистон аз зинаи таҳсилоти томактабӣ то зинаи таҳсилоти олии касбӣ пешбинӣ шуда, дар миқёси ҷумҳурӣ муассисаҳои муштарак дар самтҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбӣ фаъолият менамоянд.
“Аз ин рӯ, бо кадрҳои баландихтисоси равияи омӯзгорӣ, махсусан омӯзгорони забони русӣ таъмин будани муассисаҳои таълимӣ омили таъсиррасон дар рушди соҳаи маориф ва тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба дар самтҳои гуногуни соҳаҳои иҷтимоӣ мебошад”, - қайд кардааст вазорат.
Представительство Россотрудничества в Таджикистане организовало «Большой этнографический диктант»  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.01.2023
Вазорати маориф шумори донишҷӯёни тоҷикро, ки дар Русия таҳсил мекунанд, эълон кард
Дар вохӯрӣ масъалаҳои зиёде, аз ҷумла, зиёд намудани бурсияҳои таҳсилӣ дар равияи омӯзгорӣ, лоиҳаҳои муштарак дар самтҳои гуногуни соҳа, доир намудани мактабҳои тобистона барои хонандагону донишҷӯён баррасӣ шуд.
Ҳамчунин тарафҳо дар бораи баргузор намудани чорабиниҳои маърифатӣ, фарҳангӣ ва таърихӣ, таҷрибаомӯзӣ дар заминаҳои донишгоҳҳои самти омӯзгорӣ, омодагӣ барои баргузор намудани Форуми Фонди байналмилалӣ оид ба ҳамкориҳои гуманитарӣ - фарҳангӣ, рафъи мушкилоти таҳсили шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳудуди Русия, омӯзиши забони русӣ ва равобити байни муассисаҳои таълимии ду кишвар баррасӣ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки дар чаҳорчӯби Барномаи давлатии беҳбуди таълими забонҳои русӣ ва англисӣ дар Тоҷикистон то соли 2030 аллакай 121 омӯзгор аз Русия ба кишвар ҷалб шудаанд.
Пештар Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, зимни суханронӣ дар порлумон дастур дод, ки барномаҳои таълимии забони русӣ дар муассисаҳои томактабӣ бознигарӣ шавад.
Ба гуфтаи вай, ба бачагон дар боғчаю кӯдакистонҳо забони русиро омузонанд ва ба ин мақсад бояд ихтисоси муаллимон баланд бардошта шавад.
Лентаи хабарҳо
0