Вазорати маориф шумори донишҷӯёни тоҷикро, ки дар Русия таҳсил мекунанд, эълон кард

© Российский центр науки и культуры в ДушанбеПредставительство Россотрудничества в Таджикистане организовало «Большой этнографический диктант»
Представительство Россотрудничества в Таджикистане организовало «Большой этнографический диктант»  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.01.2023
Обуна шудан
Даҳҳо ҳазор донишҷӯёни ҷумҳурӣ идомаи таҳсилро дар хориҷи кишвар интихоб карданд, ки аксарияти онҳо ба донишгоҳҳои Русия дохил шуданд
ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Дар донишгоҳҳои Русяи беш аз 25 000 донишҷӯ аз Тоҷикистон таҳсил мекунанд.
Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон аз дафтари матбуоти Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ хабар доданд.
"Соли ҷорӣ (академӣ, 2022/2023 - ред.) 2,3 ҳазор ҷавони тоҷик аз имтиҳони дохилшавӣ ба макотиби олии Русия гузашта, ба таҳсил шурӯъ карданд", - гуфтанд дар вазорат.
Дар маҷмӯъ бошад 41 000 донишҷӯи тоҷик таҳсили олиро дар хориҷ интихоб кардаанд.
Қобили зикр аст, ки шумораи ҷойҳое, ки тибқи квотаи ҳукумати Русия барои таҳсил ба шаҳрвандони хориҷӣ ҷудо карда мешаванд, сол то сол меафзояд.
Глава МД РФ С. Лавров открыл полит-консультации стран-членов ШОС в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.01.2023
Собиқ вазири тоҷик муҳоҷират ба Русия барои таҳсилро ояндадор хонд
Масалан, дар соли 2014 15 000 нафар аз хориҷи кишвар метавонистанд дар донишгоҳҳои Русия ройгон таҳсил кунанд. Соли ҷорӣ бошад, барои хориҷиён 30 000 квота ҷудо шудааст.
Ҳадави асосии ин иқдомро қаблан дар Русия дастрасии шаҳрвандони хориҷӣ бо таҳсилоти босифат хона, гуфтанд, ки муҳассилин тавонанд пас аз бозгашт ба Ватан баҳри рушди иқтисоди давлатҳои худ ва равобити ҳасанаи наздик бо давлатҳо талош кунанд.
Ҳангоми тақсими ҷойҳои буҷетӣ, ҳукумати Русия ба он ихтисосҳое, ки дар тӯли 4-6 соли оянда дар кишвар талабот хоҳанд буд, тамаркуз мекунад.
Лентаи хабарҳо
0