https://sputnik.tj/20250219/pizishkiyon-mushtarakot-farhang-tarikhi-eronu-tojikistoni-ravobit-1066280224.html
Пизишкиён: Муштаракоти фарҳангӣ ва таърихии Эрону Тоҷикистони заминаи рушди равобит аст
Пизишкиён: Муштаракоти фарҳангӣ ва таърихии Эрону Тоҷикистони заминаи рушди равобит аст
Sputnik Тоҷикистон
Нахуствазири Тоҷикистон, ки ба Эрон манзури ширкат дар иҷлосияи иқтисодии Хазар ба Теҳрон сафар кардааст бо раисҷумҳури ин кишвар дидору мулоқот кард
2025-02-19T09:36+0500
2025-02-19T09:36+0500
2025-02-19T13:03+0500
дар тоҷикистон
эрон
ҳамкорӣ
равобит
раисҷумҳур
қоҳир расулзода
теҳрон
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/02/13/1066286577_0:83:1080:691_1920x0_80_0_0_96af39ad41db7c2ff835bed79afb6fb8.jpg
ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Раисҷумҳури Эрон Масъуд Пизишкиён дар дидор бо сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода гуфт, ки Эрону Тоҷикистон заминаи муносиб барои густраиши ҳамкориҳо дар ҳавзаҳои фарҳангӣ, ҳунарӣ, иқтисодӣ, тиҷорӣ ва санъатӣ доранд.Тавре хабаргузории “ИРНА” хабар додааст Масъуд Пизишкиён дар дидор бо Қоҳир Расулзодаи нахуствазири Тоҷикистон, бар лузуми иҷро шудани асноди ҳамкорӣ ва тавофуқот миёни ду кишвар дар сафари ахири худ ба Тоҷикистон таъкид кард.Раисҷумҳури Эрон бо ишора ба тавофуқи лағви раводид миёни ду кишвар тасреҳ кард, ки ин иқдоми муҷиби густариши равобити фарҳангӣ миёни ду кишвар ва тасҳил дар рафту омади гардишгарони эронӣ ва тоҷикистонӣ хоҳад шуд.Қоҳир Расулзодаи нахуствазири Тоҷикистон низ дар ин дидори зимни ташаккур аз меҳмоннавозии давлати Эрон иблоғи саломҳои гарми раисҷумҳури Тоҷикистон ба доктори Пизишкиён тасреҳ кард.Ёдовар мешавем, ки сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба манзури ширкат дар иҷлосияи иқтисодии хазар ба Теҳрон сафар кардааст.
https://sputnik.tj/20250218/rasulzoda-tojikiston-omoda-kishvarho-havza-khazar-energiya-sabz-dihad-1066274216.html
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/02/13/1066286577_48:0:1009:721_1920x0_80_0_0_abdee07957c5906457c93f2f273db99d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, эрон, ҳамкорӣ, равобит, сиёсат, теҳрон, дидор, расулзода, пизишкиён
тоҷикистон, эрон, ҳамкорӣ, равобит, сиёсат, теҳрон, дидор, расулзода, пизишкиён
Пизишкиён: Муштаракоти фарҳангӣ ва таърихии Эрону Тоҷикистони заминаи рушди равобит аст
09:36 19.02.2025 (Навсозишуда: 13:03 19.02.2025) Нахуствазири Тоҷикистон, ки ба Эрон манзури ширкат дар иҷлосияи иқтисодии Хазар ба Теҳрон сафар кардааст бо раисҷумҳури ин кишвар дидору мулоқот кард
ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Раисҷумҳури Эрон Масъуд Пизишкиён дар дидор бо сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода гуфт, ки Эрону Тоҷикистон заминаи муносиб барои густраиши ҳамкориҳо дар ҳавзаҳои фарҳангӣ, ҳунарӣ, иқтисодӣ, тиҷорӣ ва санъатӣ доранд.
Тавре хабаргузории
“ИРНА” хабар додааст Масъуд Пизишкиён дар дидор бо Қоҳир Расулзодаи нахуствазири Тоҷикистон, бар лузуми иҷро шудани асноди ҳамкорӣ ва тавофуқот миёни ду кишвар дар сафари ахири худ ба Тоҷикистон таъкид кард.
“Ду кишвар Эрону Тоҷикистони муштаракоти фарҳангӣ ва таърихии зиёде доранд ки бистари муносибе барои таъмиқи равобити фимобин дар ҳавзаҳои фарҳангӣ, ҳунарӣ, иқтисодӣ, тиҷорӣ ва санъатӣ аст”,- гуфт ӯ.
Раисҷумҳури Эрон бо ишора ба тавофуқи лағви раводид миёни ду кишвар тасреҳ кард, ки ин иқдоми муҷиби густариши равобити фарҳангӣ миёни ду кишвар ва тасҳил дар рафту омади гардишгарони эронӣ ва тоҷикистонӣ хоҳад шуд.
Қоҳир Расулзодаи нахуствазири Тоҷикистон низ дар ин дидори зимни ташаккур аз меҳмоннавозии давлати Эрон иблоғи саломҳои гарми раисҷумҳури Тоҷикистон ба доктори Пизишкиён тасреҳ кард.
“Сафари ҷаноби олӣ ба кишвари мо муҷиби хушҳолии давлату миллати Тоҷикистон ва таҳаввуле дар равобити миёни ду кишвар шудааст ва мо мусаммам ба иҷро шудани тавофуқот миёни ду кишвар ҳастем”,- гуфт Расулзода.
Ёдовар мешавем, ки сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба манзури ширкат дар иҷлосияи иқтисодии хазар ба Теҳрон сафар кардааст.