Дар Нижний Новгород масъалаи ҷалби муҳоҷирони тоҷик ба корхонаҳои хӯрду бузург баррасӣ шуд

© Sputnik / Алексей Майшев / Гузариш ба медиабонкРабочие на строительной площадке нового конгрессно-выставочного комплекса "Экспо" на ВДНХ.
Рабочие на строительной площадке нового конгрессно-выставочного комплекса Экспо на ВДНХ. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.02.2025
Обуна шудан
Мақомоти Тоҷикистону Русия дар шаҳри Нижний Новгород ахиран ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирони меҳнатиро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Масъулини Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия дар д шаҳри Нижний Новгород ҳамроҳ бо Консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа Раҳимов Темур бо муовини директори генералии Палатаи савдо ва саноати вилояти Нижний Новгород Александр Пушкин мулоқот намуданд.
Дар ин бора Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, дар мулоқот маҷмуи масъалаҳои ҳамкории дуҷониба, таъсиси корхонаҳои муштарак, ҷалби сармояи мустақим, имкониятҳои сармоягузорӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба ин самтро баррасӣ гардид.
Зимни баррасии маъалаҳо, инчунин масъалаи ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Тоҷикистон ба корхонаҳои хӯрду бузурги вилояти Нижний Новгород, фароҳамоварии шароити созгор барои муҳоҷирони меҳнатӣ, таъмини ҳифзу ҳуқуқи онҳо муҳокима гардида.
Советник Президента Российской Федерации, председатель Совета при Президенте Российской Федерации по развитию гражданского общества и правам человека Валерий Фадеев  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.11.2024
Риояи қонун, эҳтироми муҳоҷир: Фадеев роҳи танзими муҳоҷират дар Русияро гуфт
Дар ин мулоқот қайд карда шуд, ки имрӯз шаҳрвандони Тоҷикистон дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии вилояти Нижний Новгород фаъолияти меҳнатӣ доранд.
Таъкид гардид, ки Намояндагии Вазорати меҳнат, дар Русия ҳамчун мақомоти ваколатдори давлатӣ омодааст, ки равобити ҳамкориро бо бахшҳои хусусиву давлатӣ дар самти таъмини шаҳрвандон бо ҷойи кори доимӣ тақвият бахшида, қувваи кории дар бахши иқтисоди вилоят заруриро таъмин намояд.
Лентаи хабарҳо
0