https://sputnik.tj/20241111/rioya-qonun-ehtirom-muhojir-fadeev-roh-tanzim-muhojirat-rusiya-1065070797.html
Риояи қонун, эҳтироми муҳоҷир: Фадеев роҳи танзими муҳоҷират дар Русияро гуфт
Риояи қонун, эҳтироми муҳоҷир: Фадеев роҳи танзими муҳоҷират дар Русияро гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Раиси Шӯрои ҳуқуқи башари назди президенти Русия бовар дорад, ки дар сурати риояи қонунҳо аз ҷониби корфармоён раванди муҳоҷират дар Русия танзим мешавад
2024-11-11T10:55+0500
2024-11-11T10:55+0500
2024-11-11T11:25+0500
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0b/0b/1065071992_0:0:2865:1612_1920x0_80_0_0_d6948a852af161ce63a63b58c71d16c8.jpg
ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Дар сурати риояи Қонуни меҳнат ва ҳуқуқи муҳоҷирон танзими раванд имконпазир аст.Дар ирн бора Валерий Фадеев, Раиси Шӯрои ҳуқуқи башари назди президенти Русия дар мусоҳиба бо “Известия” изҳор дошт.Ба таъкиди вай, масъулияти вуруди коргарони хориҷӣ ба кишвар бояд пурра ба дӯши корфармо бошад.Вай афзуд, ки корфармо бояд эҳтиёҷоти худро ба муҳоҷирон асоснок кунад, масалан, дар майдони сохтмон бе онҳо кор карда ғайриимкон аст.Ба гуфтаи ӯ, агар корфармоён бо муҳоҷирон ба таври дигар муносибат кунанд, пас онҳо бояд ҷаримаи ҳангуфте бидиҳанд.Қаблан, рӯзи 7 ноябр Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, гуфта буд, ки мақомоти Русия дар масъалаи ҷалби муҳоҷирон, пеш аз ҳама, бояд манфиатҳои шаҳрвандони Русияро ба назар гиранд. Ба гуфтаи ӯ, хориҷиёне, ки барои кор ба Русия меоянд, агар забони русиро хуб донанд, суннатҳои русиро донанд ва қонунҳоро риоя кунанд, ба мушкил дучор намешаванд.Ӯ дар ҷаласаи Клуби байналмилалии мубоҳисавии "Валдай" таъкид кард, ки муҳоҷирон низ бояд дар шароити инсонӣ зиндагӣ кунанд ва аз ҳама имтиёзҳо истифода намояд.Вай қайд кард, аммо дар ин ҷо камбудҳо вуҷуд доранд.
https://sputnik.tj/20241108/putin-muhojironi-kori-boyad-sharoiti-insoni-zindagi-1065044645.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0b/0b/1065071992_0:0:2306:1730_1920x0_80_0_0_d9052b655de2fdf12cecccfd8cc62e14.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қонун эҳтиром муҳоҷир фадеев танзим муҳоҷират русия
қонун эҳтиром муҳоҷир фадеев танзим муҳоҷират русия
Риояи қонун, эҳтироми муҳоҷир: Фадеев роҳи танзими муҳоҷират дар Русияро гуфт
10:55 11.11.2024 (Навсозишуда: 11:25 11.11.2024) Раиси Шӯрои ҳуқуқи башари назди президенти Русия бовар дорад, ки дар сурати риояи қонунҳо аз ҷониби корфармоён раванди муҳоҷират дар Русия танзим мешавад
ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Дар сурати риояи Қонуни меҳнат ва ҳуқуқи муҳоҷирон танзими раванд имконпазир аст.
Дар ирн бора Валерий Фадеев, Раиси Шӯрои ҳуқуқи башари назди президенти Русия дар мусоҳиба бо “Известия” изҳор дошт.
Ба таъкиди вай, масъулияти вуруди коргарони хориҷӣ ба кишвар бояд пурра ба дӯши корфармо бошад.
Вай афзуд, ки корфармо бояд эҳтиёҷоти худро ба муҳоҷирон асоснок кунад, масалан, дар майдони сохтмон бе онҳо кор карда ғайриимкон аст.
"Исбот кун, чӣ қадар зарур аст, онҳоро биёр, ҷойбаҷой, суғурта кун, дар ҳолати зарурӣ маблағи муолиҷаро пардохт кун. Бояд кодекси меҳнат ва ҳуқуқи муҳоҷиронро эҳтиром кард. Музди якхела диҳед, дар рузҳои истироҳат бо музди дучанд кор кунед. Корфармоён бояд қонунро риоя кунанд, пас вазъ дигар мешавад”, - таъкид кард Фадеев.
Ба гуфтаи ӯ, агар корфармоён бо муҳоҷирон ба таври дигар муносибат кунанд, пас онҳо бояд ҷаримаи ҳангуфте бидиҳанд.
Қаблан, рӯзи 7 ноябр Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, гуфта буд, ки мақомоти Русия дар масъалаи ҷалби муҳоҷирон, пеш аз ҳама, бояд манфиатҳои шаҳрвандони Русияро ба назар гиранд.
Ба гуфтаи ӯ, хориҷиёне, ки барои кор ба Русия меоянд, агар забони русиро хуб донанд, суннатҳои русиро донанд ва қонунҳоро риоя кунанд, ба мушкил дучор намешаванд.
Ӯ дар ҷаласаи Клуби байналмилалии мубоҳисавии "Валдай" таъкид кард, ки муҳоҷирон низ бояд дар шароити инсонӣ зиндагӣ кунанд ва аз ҳама имтиёзҳо истифода намояд.
Вай қайд кард, аммо дар ин ҷо камбудҳо вуҷуд доранд.