https://sputnik.tj/20250218/sokht-rohi-ohani-chin-qirghiziston-tojikiston-afghoniston-eron-mutavaqqif-1066263833.html
Сохти роҳи оҳани Чин - Қирғизистон - Тоҷикистон - Афғонистон - Эрон мутаваққиф шуд
Сохти роҳи оҳани Чин - Қирғизистон - Тоҷикистон - Афғонистон - Эрон мутаваққиф шуд
Sputnik Тоҷикистон
Вазири нақлиёти Тоҷикистон аз ба бунбаст расидани тарҳи роҳи оҳан “Чин - Қирғизистон - Тоҷикистон - Афғонистон – Эрон” хабар до 18.02.2025, Sputnik Тоҷикистон
2025-02-18T10:49+0500
2025-02-18T10:49+0500
2025-02-18T16:10+0500
дар тоҷикистон
эрон
ҳамкорӣ
роҳи оҳан
сохтмон
чин
мутаваққиф
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0b/1b/1065287246_0:0:3073:1728_1920x0_80_0_0_0f01b12e38749a92210d6d4c52b34192.jpg
ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим ахиран гуфтааст, ки сармоягузорӣ барои тарҳи сохтмони роҳи оҳан “Чин - Қирғизистон - Тоҷикистон - Афғонистон - Эрон " бо бунбаст мувоҷеҳ шудааст, иттилоъ додааст радиои "Дарӣ". Вай бо баёни инки Теҳрон қавл дода буд, ки барои иҷрои корҳои фаннӣ ва иқтисодии ин тарҳи як миллион доллар кумак кунад, афзуд: иҷрои ин тарҳ дар ҳоли ҳозир бо бунбаст мувоҷеҳ шуда ва ҳеҷ коре барои сохти он анҷом дода нашудааст.Барои анҷоми корҳои иқтисодӣ ва фаннии ин тарҳ миёни вазорати нақлиёти Тоҷикистону ширкат “Метро” Эрон низ санаде ба имзои расида ва қаблан аз сӯии маҷлиси шӯрои исломии Эрон ба тасвиб расид.Дар ҳамин ҳол, Шералӣ Ганҷалзода, муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон дар ҳошия ин нишаст матбуотӣ тасреҳ кард, ки агар ин масаъла мавриди баррасӣ қарор нагирад, иҷрои ин тарҳи баъид ба назар мерасад.Вай иллати дигари амалӣ нашудан ин тарҳро адами тавофуқи Эрону Чин дар ростои ин пружа унвон кард.Тӯли роҳи оҳани масир “Чин - Қирғизистон - Тоҷикистон - Афғонистон – Эрон” 2 ҳазор километр буда, бахши мутаъаллиқ ба Тоҷикистон ин прожеи 580 километр мебошад.Бар асоси гузориши коршиносон, барои сохти ҳар километри ин тарҳи 8-10 миллион доллар лозим аст.Дар ин масири 16 километри тунел ва 47 пул бояд эҳдос шавад.
https://sputnik.tj/20250212/tojikiston-aloqamandi-sarmoyaguzori-chobahor-sokhtmon-rohi-ohan-1066197808.html
эрон
чин
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0b/1b/1065287246_96:0:2827:2048_1920x0_80_0_0_dfb601216321020d15d8cf66b112208d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, эрон, ҳамкорӣ, роҳи оҳан, сохтмон, чин, мутаваққиф
дар тоҷикистон, эрон, ҳамкорӣ, роҳи оҳан, сохтмон, чин, мутаваққиф
Сохти роҳи оҳани Чин - Қирғизистон - Тоҷикистон - Афғонистон - Эрон мутаваққиф шуд
10:49 18.02.2025 (Навсозишуда: 16:10 18.02.2025) Вазири нақлиёти Тоҷикистон аз ба бунбаст расидани тарҳи роҳи оҳан “Чин - Қирғизистон - Тоҷикистон - Афғонистон – Эрон” хабар до
ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим ахиран гуфтааст, ки сармоягузорӣ барои тарҳи сохтмони роҳи оҳан “Чин - Қирғизистон - Тоҷикистон - Афғонистон - Эрон " бо бунбаст мувоҷеҳ шудааст, иттилоъ додааст радиои "Дарӣ".
Вай бо баёни инки Теҳрон қавл дода буд, ки барои иҷрои корҳои фаннӣ ва иқтисодии ин тарҳи як миллион доллар кумак кунад, афзуд: иҷрои ин тарҳ дар ҳоли ҳозир бо бунбаст мувоҷеҳ шуда ва ҳеҷ коре барои сохти он анҷом дода нашудааст.
Барои анҷоми корҳои иқтисодӣ ва фаннии ин тарҳ миёни вазорати нақлиёти Тоҷикистону ширкат “Метро” Эрон низ санаде ба имзои расида ва қаблан аз сӯии маҷлиси шӯрои исломии Эрон ба тасвиб расид.
Дар ҳамин ҳол, Шералӣ Ганҷалзода, муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон дар ҳошия ин нишаст матбуотӣ тасреҳ кард, ки агар ин масаъла мавриди баррасӣ қарор нагирад, иҷрои ин тарҳи баъид ба назар мерасад.
Вай иллати дигари амалӣ нашудан ин тарҳро адами тавофуқи Эрону Чин дар ростои ин пружа унвон кард.
Тӯли роҳи оҳани масир “Чин - Қирғизистон - Тоҷикистон - Афғонистон – Эрон” 2 ҳазор километр буда, бахши мутаъаллиқ ба Тоҷикистон ин прожеи 580 километр мебошад.
Бар асоси гузориши коршиносон, барои сохти ҳар километри ин тарҳи 8-10 миллион доллар лозим аст.
Дар ин масири 16 километри тунел ва 47 пул бояд эҳдос шавад.