https://sputnik.tj/20250218/riyoz-muzokirot-hayat-rusiya-amriko-oghoz-1066267887.html
Дар Риёз музокироти ҳайатҳои Русия ва Амрико оғоз шуд
Дар Риёз музокироти ҳайатҳои Русия ва Амрико оғоз шуд
Sputnik Тоҷикистон
Дар ин дидор қарор аст, ки барқарорсозии маҷмааи равобити дуҷониба, омодагӣ ба дидори Путину Трамп ва ҳалли масъалаи Украина баррасӣ шавад
2025-02-18T12:51+0500
2025-02-18T12:51+0500
2025-02-18T13:32+0500
арабистони саудӣ
русия
има
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/02/12/1066268227_0:42:981:594_1920x0_80_0_0_7a1b7563ab33a9aef19a5a144e424338.jpg
ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Дар пойтахти Арабистони Саудӣ музокироти ҳайатҳои Русия ва Амрико оғоз гардид.Намояндагони ду кишвар дар яке аз қасрҳои хонадони шоҳӣ - Дирия дар маҷмааи Албасатин мулоқотро оғоз карданд. Бо ин ҳадаф як рӯз пеш вазири корҳои хориҷӣ Сергей Лавров ва ёвари президент Юрий Ушаков вориди Риёз шуданд. Ушаков хабар дод, ки ба онҳо сардори Хазинаи сармоягузории мустақими Русия Кирилл Дмитриев ҳамроҳ шуда, метавонад, дар муҳокимаи масъалаҳои иқтисодӣ иштирок кунад.Ба ҳайати ИМА котиби давлатӣ Марко Рубио, мушовири амнияти миллии ИМА Майк Уолтс ва фиристодаи вижа дар Ховари Миёна Стив Виткофф шомиланд. Дар ин дидор онҳо ба нақша гирифтаанд, ки барқарорсозии тамоми маҷмааи равобити дуҷониба, ҳамчунин омодагӣ ба нишасти сарони Русия ва ИМА ва музокироти эҳтимолӣ дар бораи ҳалли масъалаи Украинаро баррасӣ кунанд. Владимир Путин ва Доналд Трамп рӯзи чаҳоршанбеи гузашта гуфтугӯи телефонӣ доштанд, ки тақрибан якуним соат идома кард. Раҳбарон масоили марбут ба табодули шаҳрвандони Русия ва Амрико ва ҳамчунин ҳалли авзоъ дар Украинаро баррасӣ карданд.
https://sputnik.tj/20250217/lavrov-avrupo-shirkat-muzokirot-ukraina-sharh-1066260814.html
русия
има
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/02/12/1066268227_43:0:970:695_1920x0_80_0_0_56ba6e0eed61fdf113ec7a3e5e4a2842.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
риёз музокирот ҳайатҳо русия амрико оғоз
риёз музокирот ҳайатҳо русия амрико оғоз
Дар Риёз музокироти ҳайатҳои Русия ва Амрико оғоз шуд
12:51 18.02.2025 (Навсозишуда: 13:32 18.02.2025) Дар ин дидор қарор аст, ки барқарорсозии маҷмааи равобити дуҷониба, омодагӣ ба дидори Путину Трамп ва ҳалли масъалаи Украина баррасӣ шавад
ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Дар пойтахти Арабистони Саудӣ музокироти ҳайатҳои Русия ва Амрико оғоз гардид.
Намояндагони ду кишвар дар яке аз қасрҳои хонадони шоҳӣ - Дирия дар маҷмааи Албасатин мулоқотро оғоз карданд.
Бо ин ҳадаф як рӯз пеш вазири корҳои хориҷӣ Сергей Лавров ва ёвари президент Юрий Ушаков вориди Риёз шуданд.
Ушаков хабар дод, ки ба онҳо сардори Хазинаи сармоягузории мустақими Русия Кирилл Дмитриев ҳамроҳ шуда, метавонад, дар муҳокимаи масъалаҳои иқтисодӣ иштирок кунад.
Ба ҳайати ИМА котиби давлатӣ Марко Рубио, мушовири амнияти миллии ИМА Майк Уолтс ва фиристодаи вижа дар Ховари Миёна Стив Виткофф шомиланд.
Дар ин дидор онҳо ба нақша гирифтаанд, ки барқарорсозии тамоми маҷмааи равобити дуҷониба, ҳамчунин омодагӣ ба нишасти сарони Русия ва ИМА ва музокироти эҳтимолӣ дар бораи ҳалли масъалаи Украинаро баррасӣ кунанд.
Владимир Путин ва Доналд Трамп рӯзи чаҳоршанбеи гузашта гуфтугӯи телефонӣ доштанд, ки тақрибан якуним соат идома кард.
Раҳбарон масоили марбут ба табодули шаҳрвандони Русия ва Амрико ва ҳамчунин ҳалли авзоъ дар Украинаро баррасӣ карданд.