Муҳаммадризо Ориф: Равобити сиёсии Эрон ва Тоҷикистон дар беҳтарин шароит аст

© Foto / ISNAВизит премьер-министра Таджикистана Кохира Расулзоды в Иран
Визит премьер-министра Таджикистана Кохира Расулзоды в Иран  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.02.2025
Обуна шудан
Муовини аввали раисҷумҳури Эрон таъкид кард, ки равобити сиёсии Эрону Тоҷикистон дар беҳтарини шароити худ аст
ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Муҳаммадризо Ориф, муовини аввали раисҷумҳури Эрон дар нишаст хабарии муштарак бо Қоҳир Расулзода нахуствазири Тоҷикистон гуфт, ки сафари нахуствазири Тоҷикистон бо ҳадафи ҳузур дар ҳамоиши иқтисодии Хазар ва ҳамчунин дидорҳои дуҷонибааст.
Вай қайд кард, ки Тоҷикистони меҳмони вижаи ҳамоиши иқтисодӣ Хазар аст.
Вай идома дод, ки бо сарвазири Тоҷикистон музокироти дуҷониба хӯбе доштааст ва таъкид кард равобити сиёсии ду кишвар дар беҳтарини шароити худ аст.
“Сафари раисҷумҳури кишварамон ба Тоҷикистон , сафаре ба ёдмонднӣ буд ки бо истиқболи хуби давлати Тоҷикистон ҳамроҳ шуд”, - гуфт ӯ.
Муовини аввали раиси ҷумҳури Эрон афзуд, роҳбурди тавсеаи ҳамаҷониба дар он сафар ба таъйид расед ва дар ҷаласаи имрӯзи ин роҳбурди вориди марҳала амалиётӣ шуд.
“Мо муътақидем, ки иқтисоди ду кишвар метавонад мукаммал ҳам бошад ва метавонем ниёзҳои мутақобилро таъмин кунем”, - қайд кард мақомдори эронӣ.
Оқои Ориф ёловар шуд, ки дар ин ҷаласа ба мушорикати бахши хусусӣ таъкид ва банно шуд, ки ду давлати тасҳилгар фаъолияти бахш хусусӣ бошанд.
Иран Таджикистан флаг - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.02.2025
Тоҷикистон барои шаҳрвандони Эрон низоми бидуни раводид ҷорӣ кард
Вай илова кард, ки ҳазфи раводиди ду кишвар, муҷиб афзоиши рафту омадҳо мешавад ва ба фаъолияти бахши хусусӣ кумак хоҳад кард.
“Мо таъкид дорем ҳамкориҳоро дар заминаи хадамоти фаннии муҳандисӣ идомаи диҳем. Ду давлат таъкид доранд, ки заминаро барои ҳамкории бештар фароҳам кунем”, - афзуд оқои Ориф.
Муовини аввали раиси ҷумҳури Эрон ҳамчин гуфт, ки камиссиюни муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ, тарҳи ҷомеъи роҳбурдии тавсеаи ҳамкориҳо бо ҳадафи афзоиши сатҳи равобити иқтисодӣ ва тиҷорӣ ба чанд баробариро дунбол хоҳад кард.
Ҳамчунин қарор шуд фаъолияти муштараки гардишгарӣ дар увлавият қарор гирад, гуфт ӯ.
Дар ҳамин ҳол, нахуствазири Тоҷикистон низ гуфт, ки музокирот дар фазои дӯстона баргузор ва масоили дуҷонибаи ду кишвар баррасӣ шуд.
“Сафари раисҷумҳури Эрон ба Тоҷикистони оғози марҳалаи ҷадидӣ дар рушди равобити ду кишвар буд. Санадҳои баимзорасида мунҷар ба густариши равобити ду кишвар хоҳад шуд”, - гуфт Расулзода.
Дар мулоқоти мо равобити ду кишвар дар заминаҳои мухталиф аз ҷумлаи афзоиши тиҷорат ва фарҳангро баррасӣ кардем.
“Мо алоқамандии худро барои рушди сармоягузорӣ байни ду кишварро эълом кардем”, - зикр кард Расулзода.
Лентаи хабарҳо
0