https://sputnik.tj/20250217/tojikiston-miqdor-va-chi-guna-fasod-1066263545.html
“Соли 2024 дар Тоҷикистон”: Кӣ, чӣ миқдор ва чӣ гуна фасод кард?
“Соли 2024 дар Тоҷикистон”: Кӣ, чӣ миқдор ва чӣ гуна фасод кард?
Sputnik Тоҷикистон
Омори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон нишон медиҳад, ки сатҳи ошкоршавии зарарҳои молиявӣ ҳудуди 37% афзудааст
2025-02-17T19:28+0500
2025-02-17T19:28+0500
2025-02-17T19:28+0500
дар тоҷикистон
фасод
фасодкорӣ
ришва
коррупсия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102443/18/1024431806_90:194:2500:1550_1920x0_80_0_0_000098b76eb5ab176bc304a0633146c2.jpg
ДУШАНБЕ, 17 фев – Sputnik. Бештарин ҳолатҳои фасод ин дастдарозӣ ба буҷети вазорату идораҳои давлатии Тоҷикистон аст.Сулаймон Султонзода, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон, зимни нишасти матбутӣ дар посух ба суоли Sputnik Тоҷикистон гуфт, дар соли 2024 дар қиёс бо соли 2023 мавориди ҷиноёти коррупсионӣ афзойиш ёфта, сатҳи ошкоршавии зарарҳои молиявӣ низ баланд аст ва даҳҳо нафар дар ин робита муҷозот шудаанд.“Бо ин вуҷуд, мақсади асосии фаъолияти мақомоти агентӣ ҳам парванда боз кардану паси панҷара фиристодан нест, самти асосии фаъолият пешгирии коррупсия ва пойин бурдани шиддати он дар кишвари азизамон аст”, - гуфт Сулаймон Султонзода.Бино ба иттилои ӯ, воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ 2323 (соли 2023 - 2212 ё 111 маврид бештар) ҷинояти коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва дигар ҷиноёти ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вобастабударо нисбати 1180 нафар ошкор намудаанд.“Тафтиши пешакии 728 парвандаи ҷиноӣ нисбати 948 нафар ба итмом расид ва бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба судҳо ирсол шуд. Дар ин миён 39 парванда нисбати 52 нафар қатъ шуд ва 16 парванда нисбати 26 нафар дар пайи татбиқи қонуни авф баста шуданд”, - гуфт директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон.Кӣ бештар?Бино ба иттилои Агентии мазкур, зарарҳои молиявии нисбатан калон асосан зимни тафтиши вазорати дифоъ ва зерсохторҳои он – 122,7 , “Шабакаҳои тақсимоти барқ” – и Душанбе, Истаравшан, Кӯлоб, Хуҷанд, Турсунзода, Гулистон ва навоҳии Рудакӣ ва Лахш - 37,9, Хадамоти гумрук ва зерсохторҳои он - 21, Корхонаи муштараки “Зарафшон” - 18,1, вазорати корҳои дохилӣ ва зерсохторҳои он - 17, Корхонаи теъмирӣ-механикии шаҳри Ваҳдат - 11,9, “Тоҷиктрансгаз” ва зерсохторҳои он - 10,1, Муассисаи давлатии Маркази лоиҳаҳои дастрасӣ ба маблағгузории сабз ва маблағҳои рушди деҳоти назди вазорати молия - 7, вазорати адлия ва зерсохторҳои он - 6,9, буҷетҳои шаҳру навоҳии Панҷакент - 8,8, Истаравшан - 8,5, Шоҳмансур - 6,3, Роғун - 6,2 ва Ашт -- 4 миллион сомонӣ ошкор гардидааст.Шумораи бештари ҷиноятҳо, тибқи иттилои агентӣ, аз ҷониби намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ - 257, маориф ва илм – 172, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ – 123, корҳои дохилӣ – 74, дифоъ – 171, “Барқи тоҷик”, “Шабакаҳои тақсимоти барқ” ва “Шабакаҳои интиқоли барқ” – 121, Кумитаи замин ва геодезӣ – 94, бонкҳои давлатию тиҷоратӣ – 65, ҳокимияти судӣ – 28 ва дигар идораву корхонаҳо, субъектҳои хоҷагидорӣ, ғайридавлатӣ, соҳибкорони инфиродӣ ва шаҳрвандон 1218 ҷиноят содир карда шудааст.Чӣ миқдор?Дар соли дар пайи гузарондани 484 (соли 2023 – 248) тафтишу санҷиши молиявӣ ба маблағи 425, 7 (соли 2023 – 265,9 ё 37,7% бештар) миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор ва аз ин 411,9 (соли 2023 - 261,4) миллион сомонӣ ба манфиати давлат барқарор шуд. Аз ин 296,1 миллион сомонии он мустақим ба суратҳисобҳои буҷетӣ интиқол ёфта, 115,8 миллион сомонӣ бо роҳи ҳисоббаробаркунӣ ва даромад кардани молу мулк баргардонда шудааст.Ҳамзамон соли 2024 ҳаҷми маблағҳои бевосита ба буҷети давлат барқароршуда нисбат ба соли қаблӣ 102,4 миллион сомонӣ зиёд шуда, аз ҳисоби таъини ҷаримаҳои маъмурӣ ва корҳои тафтишотӣ ба буҷети давлат 87,9 миллион сомонӣ барқарор шудааст.Аммо дар умум маблағе, ки соли 2024 Агентӣ дар ҳамаи самтҳои фаъолият барқарор кардааст, 513 миллион сомониро ташкил мекунад, ки 384 миллион сомонии он ба суратҳисобҳои буҷетӣ ва 115,8 миллион сомонӣ ба фоидаи ташкилоту муассисаҳои давлатӣ ва шаҳрвандон мебошад.Чӣ гуна?Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон мегӯяд, бештарин мавориди зарарҳои молиявӣ дар пайи дастдарозӣ ба буҷети маҳалливу марказии давлатӣ ва корхонаҳои ҳам давлатӣ ва ҳам ғайридавлатӣ сурат гирифтааст.“Дар робита ба ҳамаи ҳамин ҳолатҳо мо тадбир ҷуста, вобаста ба аҳамият барои бархе парвандаи ҷиноӣ боз ва тадобири қонунӣ андешида шуданд”, - гуфт Сулаймон Султонзода.Ба ҳамин минвол, тибқи иттилои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, зарарҳои миллионии молиявӣ аз тариқи хароҷотҳои пуливу молӣ (22,9), камомад ва тасарруф (168, 9), изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмонӣ (94,2), зарар аз фурӯш ва иҷораи моликияти давлатӣ (2,2), талафи воситаҳои пуливу молӣ 59,9 ва маблағи кам ҳисобшуда барои андозу дигар пардохтҳои ҳатмии давлатӣ (77,6 миллион сомонӣ) ворид шудаанд.Тибқи иттилои Агентӣ, соли 2024 дар умум 154 парвандаи ҷиноятӣ нисбати 237 нафар оғоз ва мавриди тафтиши пешакӣ қарор дода шуда, дар асоси санадҳои эътиноии агентӣ 30 нафари аз ҷиҳати молиётӣ масъул аз вазифа озод ва 534 нафар ба ҷазои интизомӣ расидаанд.
https://sputnik.tj/20250125/tojikiston-sozishnoma-muboriza-fasod-idm-tasvib-1065993835.html
https://sputnik.tj/20240628/tojikiston-fasod-muboriza-1063371560.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102443/18/1024431806_367:0:2411:1533_1920x0_80_0_0_cd4c4094c928b906e286995abffe1f8e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, фасод, зарари молиявӣ, ошкор, давлат
тоҷикистон, фасод, зарари молиявӣ, ошкор, давлат
“Соли 2024 дар Тоҷикистон”: Кӣ, чӣ миқдор ва чӣ гуна фасод кард?
Омори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон нишон медиҳад, ки сатҳи ошкоршавии зарарҳои молиявӣ ҳудуди 37% афзудааст
ДУШАНБЕ, 17 фев – Sputnik. Бештарин ҳолатҳои фасод ин дастдарозӣ ба буҷети вазорату идораҳои давлатии Тоҷикистон аст.
Сулаймон Султонзода, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон, зимни нишасти матбутӣ дар посух ба суоли Sputnik Тоҷикистон гуфт, дар соли 2024 дар қиёс бо соли 2023 мавориди ҷиноёти коррупсионӣ афзойиш ёфта, сатҳи ошкоршавии зарарҳои молиявӣ низ баланд аст ва даҳҳо нафар дар ин робита муҷозот шудаанд.
“Бо ин вуҷуд, мақсади асосии фаъолияти мақомоти агентӣ ҳам парванда боз кардану паси панҷара фиристодан нест, самти асосии фаъолият пешгирии коррупсия ва пойин бурдани шиддати он дар кишвари азизамон аст”, - гуфт Сулаймон Султонзода.
Бино ба иттилои ӯ, воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ 2323 (соли 2023 - 2212 ё 111 маврид бештар) ҷинояти коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва дигар ҷиноёти ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вобастабударо нисбати 1180 нафар ошкор намудаанд.
“Тафтиши пешакии 728 парвандаи ҷиноӣ нисбати 948 нафар ба итмом расид ва бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба судҳо ирсол шуд. Дар ин миён 39 парванда нисбати 52 нафар қатъ шуд ва 16 парванда нисбати 26 нафар дар пайи татбиқи қонуни авф баста шуданд”, - гуфт директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон.
Бино ба иттилои Агентии мазкур, зарарҳои молиявии нисбатан калон асосан зимни тафтиши вазорати дифоъ ва зерсохторҳои он – 122,7 , “Шабакаҳои тақсимоти барқ” – и Душанбе, Истаравшан, Кӯлоб, Хуҷанд, Турсунзода, Гулистон ва навоҳии Рудакӣ ва Лахш - 37,9, Хадамоти гумрук ва зерсохторҳои он - 21, Корхонаи муштараки “Зарафшон” - 18,1, вазорати корҳои дохилӣ ва зерсохторҳои он - 17, Корхонаи теъмирӣ-механикии шаҳри Ваҳдат - 11,9, “Тоҷиктрансгаз” ва зерсохторҳои он - 10,1, Муассисаи давлатии Маркази лоиҳаҳои дастрасӣ ба маблағгузории сабз ва маблағҳои рушди деҳоти назди вазорати молия - 7, вазорати адлия ва зерсохторҳои он - 6,9, буҷетҳои шаҳру навоҳии Панҷакент - 8,8, Истаравшан - 8,5, Шоҳмансур - 6,3, Роғун - 6,2 ва Ашт -- 4 миллион сомонӣ ошкор гардидааст.
Шумораи бештари ҷиноятҳо, тибқи иттилои агентӣ, аз ҷониби намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ - 257, маориф ва илм – 172, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ – 123, корҳои дохилӣ – 74, дифоъ – 171, “Барқи тоҷик”, “Шабакаҳои тақсимоти барқ” ва “Шабакаҳои интиқоли барқ” – 121, Кумитаи замин ва геодезӣ – 94, бонкҳои давлатию тиҷоратӣ – 65, ҳокимияти судӣ – 28 ва дигар идораву корхонаҳо, субъектҳои хоҷагидорӣ, ғайридавлатӣ, соҳибкорони инфиродӣ ва шаҳрвандон 1218 ҷиноят содир карда шудааст.
Дар соли дар пайи гузарондани 484 (соли 2023 – 248) тафтишу санҷиши молиявӣ ба маблағи 425, 7 (соли 2023 – 265,9 ё 37,7% бештар) миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор ва аз ин 411,9 (соли 2023 - 261,4) миллион сомонӣ ба манфиати давлат барқарор шуд. Аз ин 296,1 миллион сомонии он мустақим ба суратҳисобҳои буҷетӣ интиқол ёфта, 115,8 миллион сомонӣ бо роҳи ҳисоббаробаркунӣ ва даромад кардани молу мулк баргардонда шудааст.
Ҳамзамон соли 2024 ҳаҷми маблағҳои бевосита ба буҷети давлат барқароршуда нисбат ба соли қаблӣ 102,4 миллион сомонӣ зиёд шуда, аз ҳисоби таъини ҷаримаҳои маъмурӣ ва корҳои тафтишотӣ ба буҷети давлат 87,9 миллион сомонӣ барқарор шудааст.
Аммо дар умум маблағе, ки соли 2024 Агентӣ дар ҳамаи самтҳои фаъолият барқарор кардааст, 513 миллион сомониро ташкил мекунад, ки 384 миллион сомонии он ба суратҳисобҳои буҷетӣ ва 115,8 миллион сомонӣ ба фоидаи ташкилоту муассисаҳои давлатӣ ва шаҳрвандон мебошад.
Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон мегӯяд, бештарин мавориди зарарҳои молиявӣ дар пайи дастдарозӣ ба буҷети маҳалливу марказии давлатӣ ва корхонаҳои ҳам давлатӣ ва ҳам ғайридавлатӣ сурат гирифтааст.
“Дар робита ба ҳамаи ҳамин ҳолатҳо мо тадбир ҷуста, вобаста ба аҳамият барои бархе парвандаи ҷиноӣ боз ва тадобири қонунӣ андешида шуданд”, - гуфт Сулаймон Султонзода.
Ба ҳамин минвол, тибқи иттилои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, зарарҳои миллионии молиявӣ аз тариқи хароҷотҳои пуливу молӣ (22,9), камомад ва тасарруф (168, 9), изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмонӣ (94,2), зарар аз фурӯш ва иҷораи моликияти давлатӣ (2,2), талафи воситаҳои пуливу молӣ 59,9 ва маблағи кам ҳисобшуда барои андозу дигар пардохтҳои ҳатмии давлатӣ (77,6 миллион сомонӣ) ворид шудаанд.
Тибқи иттилои Агентӣ, соли 2024 дар умум 154 парвандаи ҷиноятӣ нисбати 237 нафар оғоз ва мавриди тафтиши пешакӣ қарор дода шуда, дар асоси санадҳои эътиноии агентӣ 30 нафари аз ҷиҳати молиётӣ масъул аз вазифа озод ва 534 нафар ба ҷазои интизомӣ расидаанд.