https://sputnik.tj/20250125/tojikiston-sozishnoma-muboriza-fasod-idm-tasvib-1065993835.html
Тоҷикистон созишномаи мубориза бо фасод дар ИДМ-ро ба тасвиб расонд
Тоҷикистон созишномаи мубориза бо фасод дар ИДМ-ро ба тасвиб расонд
Sputnik Тоҷикистон
Дар матни созишнома ҳадафҳо, вазифаҳо, самтҳо ва шаклҳои ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза бо коррупсия дар ИДМ муайян карда шудааст 25.01.2025, Sputnik Тоҷикистон
2025-01-25T11:45+0500
2025-01-25T11:45+0500
2025-01-25T11:45+0500
идм
дар тоҷикистон
фасод
ҳамкорӣ
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/12/1055606815_0:128:2480:1523_1920x0_80_0_0_68606d7548bd3d0997f0a77c8a84d517.jpg
ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Тоҷикистон Созишномаи ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар мубориза бо фасодро ба тасвиб расонд. Ҳуҷҷат 22 январи соли 2025 эътибор пайдо кард. Созишнома 14 октябри соли 2022 дар Остона ба имзо расида, ба таҳкими ҳамкориҳои кишварҳои узви ИДМ дар мубориза бо коррупсия нигаронида шудааст, хабар медиҳад дафтари матбуоти Кумитаи иҷроияи Иттиҳод. Ҳуҷҷат бо мақсади татбиқи Нақшаи тадбирҳои асосии татбиқи Консепсияи рушди минбаъдаи ИДМ ва Барномаи байнидавлатии тадбирҳои муштараки мубориза бо ҷинояткорӣ барои солҳои 2008-2010 таҳия шудааст. Ҳамин тариқ, тибқи ин санад, кишварҳо дар ҷустуҷӯ ва баргардонидани дороиҳо, табодули иттилоот, таҳияи барномаҳо, омодасозии кадрҳо ва ба ҳамдигар дар парвандаҳои фасодкорӣ кумаки ҳуқуқӣ мерасонанд. Матни созишнома ҳадафҳо, вазифаҳо, самтҳо ва шаклҳои ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза бо коррупсияро муайян мекунад. Он ҳамчунин муқарраротро дар бар мегирад, ба монанди мусодираи даромадҳое, ки тавассути коррупсия ба даст оварда шудаанд. Ёдовар мешавем, ки аз 1 январи соли 2025 раёсати ниҳодҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Тоҷикистон гузашт. Ҳамраисҳои ИДМ Федератсияи Русия ва Туркманистон мебошанд. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, зимни суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои узви ИДМ дар Маскав оғози муҳокимаи беҳбуди фаъолияти Иттиҳодро аз авлавиятҳои аслии раёсати ин кишвар хонд. Ба гуфтаи ӯ, Тоҷикистон ҳамчунин барои таҳкими ҳамкориҳои кишварҳои ИДМ дар мубориза бо хатару таҳдидҳои амниятӣ талош хоҳад кард.
https://sputnik.tj/20250122/jalasai-saroni-idm-dushanbe-barguzor-1065962803.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/12/1055606815_140:0:2341:1651_1920x0_80_0_0_0a57ddf3052cab08f95297675be3ad18.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
идм, дар тоҷикистон, фасод, ҳамкорӣ, сиёсат
идм, дар тоҷикистон, фасод, ҳамкорӣ, сиёсат
Тоҷикистон созишномаи мубориза бо фасод дар ИДМ-ро ба тасвиб расонд
Дар матни созишнома ҳадафҳо, вазифаҳо, самтҳо ва шаклҳои ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза бо коррупсия дар ИДМ муайян карда шудааст
ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Тоҷикистон Созишномаи ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар мубориза бо фасодро ба тасвиб расонд.
Ҳуҷҷат 22 январи соли 2025 эътибор пайдо кард.
Созишнома 14 октябри соли 2022 дар Остона ба имзо расида, ба таҳкими ҳамкориҳои кишварҳои узви ИДМ дар мубориза бо коррупсия нигаронида шудааст, хабар медиҳад дафтари матбуоти Кумитаи иҷроияи Иттиҳод.
Ҳуҷҷат бо мақсади татбиқи Нақшаи тадбирҳои асосии татбиқи Консепсияи рушди минбаъдаи ИДМ ва Барномаи байнидавлатии тадбирҳои муштараки мубориза бо ҷинояткорӣ барои солҳои 2008-2010 таҳия шудааст.
Ҳамин тариқ, тибқи ин санад, кишварҳо дар ҷустуҷӯ ва баргардонидани дороиҳо, табодули иттилоот, таҳияи барномаҳо, омодасозии кадрҳо ва ба ҳамдигар дар парвандаҳои фасодкорӣ кумаки ҳуқуқӣ мерасонанд.
Матни созишнома ҳадафҳо, вазифаҳо, самтҳо ва шаклҳои ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза бо коррупсияро муайян мекунад. Он ҳамчунин муқарраротро дар бар мегирад, ба монанди мусодираи даромадҳое, ки тавассути коррупсия ба даст оварда шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки аз 1 январи соли 2025 раёсати ниҳодҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Тоҷикистон гузашт. Ҳамраисҳои ИДМ Федератсияи Русия ва Туркманистон мебошанд.
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, зимни суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои узви ИДМ дар Маскав оғози муҳокимаи беҳбуди фаъолияти Иттиҳодро аз авлавиятҳои аслии раёсати ин кишвар хонд. Ба гуфтаи ӯ, Тоҷикистон ҳамчунин барои таҳкими ҳамкориҳои кишварҳои ИДМ дар мубориза бо хатару таҳдидҳои амниятӣ талош хоҳад кард.