https://sputnik.tj/20250217/davat-sohibkoroni-tojikiston-sarmoyaguzori-ozarboyjoni-gharbi-1066255148.html
Даъват аз соҳибкорони Тоҷикистон барои сармоягузорӣ дар Озарбойҷони ғарбӣ
Даъват аз соҳибкорони Тоҷикистон барои сармоягузорӣ дар Озарбойҷони ғарбӣ
Sputnik Тоҷикистон
Мудири кулли мироси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеъи дастии Озарбойҷони ғарбии Эрон аз соҳибкорони тоҷикистонӣ барои сармоягузорӣ дар устон даъват кард
2025-02-17T13:09+0500
2025-02-17T13:09+0500
2025-02-17T13:35+0500
дар тоҷикистон
эрон
ҳамкорӣ
озарбойҷон
гардишгарӣ
сармоягузорӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/02/11/1066255361_0:158:3079:1890_1920x0_80_0_0_ddf4f4bdc023f60518dbba7c511ddda6.jpg
ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Мақомдорони Озарбойҷони ғарбӣ соҳибкорони тоҷикистониро барои сармоягузорӣ ба ин устони Эрон даъват карданд.Ин масъала дар мулоқоти Муртазо Сифрӣ, мудири кулли мироси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеъи дастии Озарбойҷони ғарбӣ бо Ҷамшед Ҷумъахонзода, вазири рушди сайёҳии Тоҷикистон дар Теҳрон баррасӣ шуд.Оқои Сифрӣ бо ишора ба зарфиятҳои гардишгарӣ, торихӣ ва саноеъи дастии устон изҳор кард, ки Озарбойҷони ғарбӣ беш аз як ҳазор ва 800 асари сабти миллӣ ва панҷ асари сабт ҷаҳонӣ дошта ва низ дар риштаҳои муъаррақу мунаббати чӯб, чармдузӣ, гилембофӣ, ва ғайра ҳарфи зиёде барои гуфтан дорад.Вай афзуд, ки Озарбойҷони ғарбӣ дорои табиати зебо, обшорҳо, ҷангалҳои сарсабз, дарёчаҳо ва аз назари кишоварзӣ низ ҷузви устонҳои пешрав дар кишвар буда аз ҷумла дар тавлиди асал, себ, ангур, тухми офтобгардон ва ғайра дар радаҳои нахуст қарор дорад.Сифрӣ бо даъват аз сармоягузорон тоҷикистонӣ барои сармоягузорӣ дар Озарбойҷон ғарбӣ гуфт, ки ин устон биҳишти сармоягузорӣ буда ва ҳимоятҳои лозим аз сармоягузорон анҷом мешавад ва дар ҳоли ҳозири иҷрои 49 пружа тавассути бахши хусусӣ дар Озарбойҷон ғарбӣ роҳандозӣ шудааст.Ёдовар мешавем, ки ахиран миёни эрон ва Тоҷикистон созишномаи ҳамкорӣ дар бахши гардишгарӣ ба имзо расид. Ҳамчунин миёни ду кишвар ахиран гирифтани раводид ё визо лағв шуд.
https://sputnik.tj/20250123/oghozi-forsi-charo-raisijumhuri-eron-tojikiston-1065969319.html
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/02/11/1066255361_67:0:2796:2047_1920x0_80_0_0_62ee8add4d1410ff49c88029f7b20313.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, эрон, ҳамкорӣ, озарбойҷони ғарбӣ, сармоягузорӣ, сайёҳӣ, гардишгарӣ
тоҷикистон, эрон, ҳамкорӣ, озарбойҷони ғарбӣ, сармоягузорӣ, сайёҳӣ, гардишгарӣ
Даъват аз соҳибкорони Тоҷикистон барои сармоягузорӣ дар Озарбойҷони ғарбӣ
13:09 17.02.2025 (Навсозишуда: 13:35 17.02.2025) Мудири кулли мироси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеъи дастии Озарбойҷони ғарбии Эрон аз соҳибкорони тоҷикистонӣ барои сармоягузорӣ дар устон даъват кард
ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Мақомдорони Озарбойҷони ғарбӣ соҳибкорони тоҷикистониро барои сармоягузорӣ ба ин устони Эрон даъват карданд.
Ин масъала дар мулоқоти Муртазо Сифрӣ, мудири кулли мироси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеъи дастии Озарбойҷони ғарбӣ бо Ҷамшед Ҷумъахонзода, вазири рушди сайёҳии Тоҷикистон дар Теҳрон баррасӣ шуд.
Оқои Сифрӣ бо ишора ба зарфиятҳои гардишгарӣ, торихӣ ва саноеъи дастии устон изҳор кард, ки Озарбойҷони ғарбӣ беш аз як ҳазор ва 800 асари сабти миллӣ ва панҷ асари сабт ҷаҳонӣ дошта ва низ дар риштаҳои муъаррақу мунаббати чӯб, чармдузӣ, гилембофӣ, ва ғайра ҳарфи зиёде барои гуфтан дорад.
Вай афзуд, ки Озарбойҷони ғарбӣ дорои табиати зебо, обшорҳо, ҷангалҳои сарсабз, дарёчаҳо ва аз назари кишоварзӣ низ ҷузви устонҳои пешрав дар кишвар буда аз ҷумла дар тавлиди асал, себ, ангур, тухми офтобгардон ва ғайра дар радаҳои нахуст қарор дорад.
Сифрӣ бо даъват аз сармоягузорон тоҷикистонӣ барои сармоягузорӣ дар Озарбойҷон ғарбӣ гуфт, ки ин устон биҳишти сармоягузорӣ буда ва ҳимоятҳои лозим аз сармоягузорон анҷом мешавад ва дар ҳоли ҳозири иҷрои 49 пружа тавассути бахши хусусӣ дар Озарбойҷон ғарбӣ роҳандозӣ шудааст.
Ёдовар мешавем, ки ахиран миёни эрон ва Тоҷикистон созишномаи ҳамкорӣ дар бахши гардишгарӣ ба имзо расид. Ҳамчунин миёни ду кишвар ахиран гирифтани раводид ё визо лағв шуд.