Сафорат тарзи овоздиҳӣ дар интихоботи порлумони Тоҷикистон дар Русияро шарҳ дод

© Foto / Сайт посольства Таджикистана в МосквеПосольство Таджикистана в Москве, архивное фото
Посольство Таджикистана в Москве, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.02.2025
Обуна шудан
Сафорати Тоҷикистон аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки ба синни 18 расидаанд, барои ширкат дар интихоботи парлумонӣ даъват мекунад
ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Дар Русия шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд дар интихоботи порлумони ҷумҳурии худ ширкат кунанд.
Дар ин бора дафтари матбуоти сафорати Тоҷикистон дар Маскав хабар додааст.
Ҳамин тариқ, шаҳрвандони кишвар метавонанд дар бинои намояндагии дипломатӣ дар пойтахти Русия овоз диҳед.
"Сафорати Тоҷикистон дар Русия ба шаҳрвандони тоҷики муқими Русия иттилоъ медиҳад, ки интихоботи вакилон 2 марти соли 2025 баргузор мешавад", - омадааст дар хабари намояндагии дипломатӣ.
Бинои сафорат аз соати 06:00 то 18:00 ба вақти маҳаллӣ барои овоздиҳӣ боз хоҳад буд.
Барои ширкат дар интихобот шаҳрвандони Тоҷикистон, ки синнашон ба 18 расидаанд, даъват карда мешаванд.
© SputnikДар интихоботи порлумонии Тоҷикистон кадом ҳизбҳо ширкат доранд?
Дар интихоботи порлумонии Тоҷикистон кадом ҳизбҳо ширкат доранд? - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.02.2025
Дар интихоботи порлумонии Тоҷикистон кадом ҳизбҳо ширкат доранд?
Овоздиҳӣ дар суроғаи зерин доир мегардад: шаҳри Маскав, метрои "Баррикадная", кӯчаи Гранатний, 13.
Шаҳрвандони кишвар барои ширкат дар овоздиҳӣ бояд шиносномаи Тоҷикистонро дошта бошанд.
Выборы президента РФ в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.02.2025
Нозирони ИДМ ба мониторинги баргузории интихоботи парлумонии Тоҷикистон шурӯъ карданд
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 4 декабр фармон дар бораи баргузории интихоботро имзо кард. Тибқи ин санад, интихоботи палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо 2 марти соли 2025 таъин шудааст.
Тибқи Қонун "Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот" худи ҳамон рӯз интихоботи вакилони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот баргузор мешавад.
Лентаи хабарҳо
0