Нозирони ИДМ ба мониторинги баргузории интихоботи парлумонии Тоҷикистон шурӯъ карданд

© SputnikВыборы президента РФ в Таджикистане
Выборы президента РФ в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.02.2025
Обуна шудан
Интихоботи палатаи поёнии порлумони ҷумҳурӣ рӯзи 2 март баргузор мешавад ва нозирони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил онро назорат мекунанд
ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Ҳайати нозирони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил вориди Тоҷикистон шуд.
Кумитаи иҷроияи ИДМ хабар медиҳад, ки онҳо аллакай ба кори назорати ташкили интихоботи палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, ки 2 март баргузор мешавад, шурӯъ кардаанд.
Ҷараёни баргузории маъракаи интихоботӣ дар ҷаласа аллакай аз ҷониби раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода ва муовини Дабири кулли Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Нурлан Сейтимов баррасӣ шуд.
Дафтари матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ Сейтимов гуфтааст, ки миссия кори худро бар принсипҳои бетарафии сиёсӣ, дахолат накардан ба раванди интихобот ва корҳои дохилии давлат асос мекунад.
Первый заместитель Генерального секретаря СНГ Леонид Анфимов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.02.2025
Маълум шуд, ки ҳайати нозирон дар интихоботи парлумонии Тоҷикистонро кӣ роҳбарӣ мекунад
Муовини Дабири кулл ҳамчунин таъкид кард, ки арзёбии миссия танҳо ба мушоҳидаҳои худи онҳо, маълумоти расмӣ ва маводи воқеие, ки мақомоти интихоботӣ ва мақомоти ваколатдори давлатӣ пешниҳод мекунанд, асос ёфтааст.
Гуфта мешавад, ки ба интихоботи парлумонии Тоҷикистон дар маҷмӯъ 120 нафар аз кишварҳои Иттиҳод ҷалб карда мешаванд, ки 10 нафари онҳо ба таври дарозмуддат мониторинг анҷом медиҳанд.
Қаблан маълум шуд, ки ҳайати нозирони ИДМ дар интихоботи парлумонии Тоҷикистонро муовини аввали дабири кулли Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Леонид Анимов раҳбарӣ мекунад.
Лентаи хабарҳо
0