https://sputnik.tj/20250216/qohir-rasulzoda-eron-meravad-1066246241.html
Қоҳир Расулзода бо сафари расмӣ ба Эрон меравад
Қоҳир Расулзода бо сафари расмӣ ба Эрон меравад
Sputnik Тоҷикистон
Дар назар аст, ки Расулзода ба сифати меҳмони махсус дар Конфронси сеюми иқтисодии Хазар, ки дар Теҳрон доир мешавад, иштирок кунад
2025-02-16T12:57+0500
2025-02-16T12:57+0500
2025-02-16T12:59+0500
дар тоҷикистон
эрон
қоҳир расулзода
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102709/17/1027091727_0:0:3073:1728_1920x0_80_0_0_766e152ba8907953d4154978ccb8101e.jpg
ДУШАНБЕ,16 фев – Sputnik. Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо сафари расмӣ вориди Эрон мешавад. Дар ин бора сафорати Эрон дар Душанбе хабар додааст.Ба иттилои манбаъ, ин сафар бо даъвати расмии Муҳаммадризо Ориф, муовини аввали раисҷумҳури Эрон баргузор мегардад. Замони сафар душанбеи 17 феврал таъйин шуда, Расулзода дар раъси як ҳайат ба Теҳрон меравад.Дар назар аст, ки Расулзода ба сифати меҳмони махсус дар Конфронси сеюми иқтисодии Хазар иштирок мекунад.Севвумин конфронси иқтисодии Хазар рӯзҳои 29 ва 30-и Баҳман бо ҳузури нахуствазирон ва вазирони Русия, Туркманистон, Қазоқистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Теҳрон баргузор мешавад.Ёдовар мешавем, ки ахиран Масъуд Пизишкиён, раисиҷумҳури Эрон ҳамтои тоҷики худ, Эмомалӣ Раҳмонро ба Эрон даъват кард.Ӯ ба унвони Эмомалӣ Раҳмон нома ирсол намуд ва дар он аз ӯ ва ҳукумати Тоҷикистон барои меҳмоннавозии гарму самимӣ изҳори миннатдорӣ намуда, изҳор дошт, ки ин сафар равобити дӯстона ва бародаронаи ду кишварро боз ҳам таҳким ва густариш медиҳад.Бояд гуфт, Эмомалӣ Раҳмон пас аз интихоби кишвардори нави Эрон дар маросими савгандёдкунии Масъуд Пизишкиён иштирок дошт.Худи Пизишкиён рӯзи 15 январ бо сафари давлатии дурӯза ба Тоҷикистон омада буд.
https://sputnik.tj/20250123/oghozi-forsi-charo-raisijumhuri-eron-tojikiston-1065969319.html
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102709/17/1027091727_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_28164590152d8f9c0c317f23ddcc93a4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қоҳир расулзода сафар расмӣ эрон
қоҳир расулзода сафар расмӣ эрон
Қоҳир Расулзода бо сафари расмӣ ба Эрон меравад
12:57 16.02.2025 (Навсозишуда: 12:59 16.02.2025) Дар назар аст, ки Расулзода ба сифати меҳмони махсус дар Конфронси сеюми иқтисодии Хазар, ки дар Теҳрон доир мешавад, иштирок кунад
ДУШАНБЕ,16 фев – Sputnik. Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо сафари расмӣ вориди Эрон мешавад.
Дар ин бора сафорати Эрон дар Душанбе хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, ин сафар бо даъвати расмии Муҳаммадризо Ориф, муовини аввали раисҷумҳури Эрон баргузор мегардад.
Замони сафар душанбеи 17 феврал таъйин шуда, Расулзода дар раъси як ҳайат ба Теҳрон меравад.
Дар назар аст, ки Расулзода ба сифати меҳмони махсус дар Конфронси сеюми иқтисодии Хазар иштирок мекунад.
Севвумин конфронси иқтисодии Хазар рӯзҳои 29 ва 30-и Баҳман бо ҳузури нахуствазирон ва вазирони Русия, Туркманистон, Қазоқистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Теҳрон баргузор мешавад.
Ёдовар мешавем, ки ахиран Масъуд Пизишкиён, раисиҷумҳури Эрон ҳамтои тоҷики худ, Эмомалӣ Раҳмонро ба Эрон даъват кард.
Ӯ ба унвони Эмомалӣ Раҳмон нома ирсол намуд ва дар он аз ӯ ва ҳукумати Тоҷикистон барои меҳмоннавозии гарму самимӣ изҳори миннатдорӣ намуда, изҳор дошт, ки ин сафар равобити дӯстона ва бародаронаи ду кишварро боз ҳам таҳким ва густариш медиҳад.
Бояд гуфт, Эмомалӣ Раҳмон пас аз интихоби кишвардори нави Эрон дар маросими савгандёдкунии Масъуд Пизишкиён иштирок дошт.
Худи Пизишкиён рӯзи 15 январ бо сафари давлатии дурӯза ба Тоҷикистон омада буд.