https://sputnik.tj/20250215/sud-oli-hamla-mufti-sharh-dod-1066240691.html
"Терроризм, на авбошӣ": Суди олӣ ҳамла ба муфтиро шарҳ дод
"Терроризм, на авбошӣ": Суди олӣ ҳамла ба муфтиро шарҳ дод
Sputnik Тоҷикистон
Суди олии Тоҷикистон сӯиқасд ба ҷони раиси Шӯрои уламоро як ҳамлаи террористии гурӯҳӣ бандубаст кардааст. 15.02.2025, Sputnik Тоҷикистон
2025-02-15T13:42+0500
2025-02-15T13:42+0500
2025-02-15T17:52+0500
дар тоҷикистон
муфтӣ
саидмукаррам абдулқодирзода
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
суди олӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/17/1051637385_0:0:3073:1730_1920x0_80_0_0_75e633ae694eaf4d6d8bd28a3226c672.jpg
ДУШАНБЕ, 15 фев – Sputnik. Пас аз боздошти нафари муҷрим вазорати корҳои дохилӣ ин ҳамларо “авбошӣ” хонда буд. Рустам Мирзозода, раиси Суди Олии Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ дар посух ба суоли Sputnik Тоҷикистон гуфт, парвандаи ҷиноятӣ дар мавриди ҳамла ба раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон аз сӯи Коллегияи судии парвандаҳои ҷиноии Суди Олии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифта, саранҷом се нафар маҳкум шудаанд. Муҳаммадрофеъ Иззатулло, нафаре, ки мустақим ҳамларо анҷом дод, Маҳмадҷон Шодихонов, нафаре, ки шарики ҷиноят буд ва Қиёмидддин Файзуллоев, нафаре, ки аз ин ҷиноят огоҳ буд, аммо мақомотро огоҳ накард. Вобаста ба нақши худ дар ҷиноят онҳо ҳукмҳои мухталлифро гирифтанд”, - гуфт Рустам Мирзозода. Тибқи иттилои раиси Суди Олӣ, Муҳаммадрофеъ Иззатулло ба се модда - моддаи 179, қисми 2, бандҳои “а” ва в” – “терроризми иртикобёфта аз сӯи як гуруҳе аз афрод бо маслиҳати қаблӣ барои ангехтани ҳиссиёти бадбинӣ ё хусумати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ё динӣ”, моддаи 32, қисми 3 – “тайёрӣ ба ҷиноят, сӯиқасди ҷиноят” ва моддаи моддаи 104, қисми 2 – “иқдом ба қатл бо ангезаҳои худхоҳона ё муздурӣ бар асоси душманӣ ё хунхоҳӣ” муҷрим шинохта шуда, барои 26 сол равонаи зиндон шудааст. Маҳмадҷон Шодихонов бо ду модда - моддаи 179, қисми 2 - бандҳои “а” ва в” – “терроризми иртикобёфта аз сӯи як гуруҳе аз афрод бо маслиҳати қаблӣ барои ангехтани ҳиссиёти бадбинӣ ё хусумати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ё динӣ” ва моддаи 36, қисми 5 – “шарикӣ ва кӯмак ба фароҳам кардани асбоби ҷиноят ва анҷоми он” муҷриб ҳисобида шуда, 13 сол аз озодӣ маҳрум шудааст. Нафари сеюм Қиёмиддин Файзуллоев бо моддаи 347, қисми 1 - “хабар надодан дар бораи ҷинояти вазнин ё махсусан вазнин ва шахси ҷинояткору макони будубоши ӯ”, ки ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда - 70 сомонӣ) ё маҳрумият аз озодӣ ба мӯҳлати то ду солро пешбинӣ мекунад, маҳкум шудааст. Раиси Суди олии Тоҷикистон дар шарҳи ин, ки Муҳаммадрофеъ Иззатулло нахуст бо иттиҳоми авбошӣ боздошт ва ҳол ба ҷурми терроризм маҳкум шудааст, гуфт, ҳолоте пеш меоянд, ки парвандаи ҷиноӣ бо як модда оғоз мешавад ва дар давоми тафтишоти қаблӣ ҷиноятҳои дигари нафар ошкор мешаванд. Ҳамла ба ҷони Саидмукаррам Абдулқодирзода бегоҳи 11 сентябр, пас аз намози мағриб дар саҳни Масҷиди марказии Душанбе рух дод, ки бино ба хабари аввалияи вазорати корҳои дохила, як ҷавон бо “асбоби халандаю бурранда” ба ӯ ҳамла бурда, ҷароҳат ворид карда буд. Қаблан Саидмукаррам Абдулқодирзода, муфтӣ ё раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон, зимни як нишасти матбуотӣ гуфт, паёми шахсиаш ба ҷавоне, ки мехост ӯро ба ҳалокат расонад, ин аст, ки “Худованд ӯро ҳидоят кунад”. Вай афзуд, ки ба далели масруфиятҳои вазифавӣ натавонистааст, ки дар мурофиаи судӣ ҳузур ёбад ва шахсан бо нафари ҳамлавар ба худ рӯбарӯ шавад.
https://sputnik.tj/20250211/muftii-tojikiston-hamla-kard-zindon-ravon-1066177027.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/17/1051637385_177:0:2908:2048_1920x0_80_0_0_128ededd10b1111d728f0ad5878a3425.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, муфтӣ, саидмукаррам абдулқодирзода, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, суди олӣ
дар тоҷикистон, муфтӣ, саидмукаррам абдулқодирзода, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, суди олӣ
"Терроризм, на авбошӣ": Суди олӣ ҳамла ба муфтиро шарҳ дод
13:42 15.02.2025 (Навсозишуда: 17:52 15.02.2025) Эксклюзив
Суди олии Тоҷикистон сӯиқасд ба ҷони раиси Шӯрои уламоро як ҳамлаи террористии гурӯҳӣ бандубаст кардааст.
ДУШАНБЕ, 15 фев – Sputnik. Пас аз боздошти нафари муҷрим вазорати корҳои дохилӣ ин ҳамларо “авбошӣ” хонда буд.
Рустам Мирзозода, раиси Суди Олии Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ дар посух ба суоли Sputnik Тоҷикистон гуфт, парвандаи ҷиноятӣ дар мавриди ҳамла ба раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон аз сӯи Коллегияи судии парвандаҳои ҷиноии Суди Олии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифта, саранҷом се нафар маҳкум шудаанд.
Муҳаммадрофеъ Иззатулло, нафаре, ки мустақим ҳамларо анҷом дод, Маҳмадҷон Шодихонов, нафаре, ки шарики ҷиноят буд ва Қиёмидддин Файзуллоев, нафаре, ки аз ин ҷиноят огоҳ буд, аммо мақомотро огоҳ накард. Вобаста ба нақши худ дар ҷиноят онҳо ҳукмҳои мухталлифро гирифтанд”, - гуфт Рустам Мирзозода.
Тибқи иттилои раиси Суди Олӣ, Муҳаммадрофеъ Иззатулло ба се модда - моддаи 179, қисми 2, бандҳои “а” ва в” – “терроризми иртикобёфта аз сӯи як гуруҳе аз афрод бо маслиҳати қаблӣ барои ангехтани ҳиссиёти бадбинӣ ё хусумати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ё динӣ”, моддаи 32, қисми 3 – “тайёрӣ ба ҷиноят, сӯиқасди ҷиноят” ва моддаи моддаи 104, қисми 2 – “иқдом ба қатл бо ангезаҳои худхоҳона ё муздурӣ бар асоси душманӣ ё хунхоҳӣ” муҷрим шинохта шуда, барои 26 сол равонаи зиндон шудааст.
Маҳмадҷон Шодихонов бо ду модда - моддаи 179, қисми 2 - бандҳои “а” ва в” – “терроризми иртикобёфта аз сӯи як гуруҳе аз афрод бо маслиҳати қаблӣ барои ангехтани ҳиссиёти бадбинӣ ё хусумати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ё динӣ” ва моддаи 36, қисми 5 – “шарикӣ ва кӯмак ба фароҳам кардани асбоби ҷиноят ва анҷоми он” муҷриб ҳисобида шуда, 13 сол аз озодӣ маҳрум шудааст.
Нафари сеюм Қиёмиддин Файзуллоев бо моддаи 347, қисми 1 - “хабар надодан дар бораи ҷинояти вазнин ё махсусан вазнин ва шахси ҷинояткору макони будубоши ӯ”, ки ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда - 70 сомонӣ) ё маҳрумият аз озодӣ ба мӯҳлати то ду солро пешбинӣ мекунад, маҳкум шудааст.
Раиси Суди олии Тоҷикистон дар шарҳи ин, ки Муҳаммадрофеъ Иззатулло нахуст бо иттиҳоми авбошӣ боздошт ва ҳол ба ҷурми терроризм маҳкум шудааст, гуфт, ҳолоте пеш меоянд, ки парвандаи ҷиноӣ бо як модда оғоз мешавад ва дар давоми тафтишоти қаблӣ ҷиноятҳои дигари нафар ошкор мешаванд.
“Дар мавриди назари мо маълум шуд, ки Муҳаммадрофеъ Иззатулло бо Маҳмадҷон Шодихонов қаблан машварат карда, дар замони содир намудани ҷиноят аввалӣ танҳо худаш ширкат дошт, яъне сӯиқасд ба куштор аз сӯи Муҳаммадрофеъ Иззатулло анҷом шуд. Қиёмиддин Файзуллоев аз ҳама гап огоҳ будааст, аммо ба мақомот хабар надодааст”, - гуфт Рустам Мирзозода.
Ҳамла ба ҷони Саидмукаррам Абдулқодирзода бегоҳи 11 сентябр, пас аз намози мағриб дар саҳни Масҷиди марказии Душанбе рух дод, ки бино ба хабари аввалияи вазорати корҳои дохила, як ҷавон бо “асбоби халандаю бурранда” ба ӯ ҳамла бурда, ҷароҳат ворид карда буд.
Қаблан Саидмукаррам Абдулқодирзода, муфтӣ ё раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон, зимни як нишасти матбуотӣ гуфт, паёми шахсиаш ба ҷавоне, ки мехост ӯро ба ҳалокат расонад, ин аст, ки “Худованд ӯро ҳидоят кунад”. Вай афзуд, ки ба далели масруфиятҳои вазифавӣ натавонистааст, ки дар мурофиаи судӣ ҳузур ёбад ва шахсан бо нафари ҳамлавар ба худ рӯбарӯ шавад.