БДА ронандагону пиёдагардони қонуншиканро "сайд" мекунад

© Sputnik / Артур ЛебедевЖезл ГИБДД
Жезл ГИБДД  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.02.2025
Обуна шудан
Кормандони Бозраси давлатии автомобилӣ ба хотири пешгирӣ кардан аз садамаҳои роҳу нақлиётӣ амалиёти "Пиёдагард" - ро пиёда намудаанд
ДУШАНБЕ, 15 фев – Sputnik. Тоҷикистон давоми як 11 рӯз амалиёти "Пиёдагард" роҳандозӣ мешавад, хабар медиҳад Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ВУД.
Ба иттилои манбаъ, амалиёти мазкурро кормандони БДА ба хотири коҳиш додани садамаҳои роҳу нақлиётӣ рӯи даст гирифтаанд.
Амалиёт аз 15 то 25 феврал дар тамоми роҳу шоҳроҳҳои ҷумҳурӣ доир мешавад.
Манбаъ меафзояд, дар амалиёти "Пиёдагард" дар баробари ошкору пешгирӣ кардани қоидавайронкунии ронандагон, ҳамчунин пиёдагардон низ мавриди назорати корманди пулис қарор мегиранд, зеро дар аксар вақт омилони сар задани садамаҳои мудҳиш маҳз роҳгузарон мебошанд.
Последствия дтп на автотрассе Душанбе – Худжанд – Чанак. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.02.2025
Дар садамаҳои нақлиётии кишвар дар як сол 26 кӯдак ҷони худро аз даст додааст
Дар ҳамин ҳол, намояндагони Бозрасии давлатии автомобилӣ аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ даъват мекунанд, ки дар ташкил ва гузаронидани чорабинии мазкур фаъол бошанд.
Маврид ба зикр аст, ки соли 2024 дар Тоҷикистон 6698 садамаҳои нақлиётӣ рух додааст, ки дар натиҷа 150 нафар, аз ҷумла 26 кӯдак ҷон аз даст дод.
Лентаи хабарҳо
0